logo

Хабарҳо

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

 
Дар рӯзи аввал киҳо ғолиб омаданд? 
 
Дар рӯзи якуми IX мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон (19 – 20 сентябр, Хуҷанд) ғолибон ва ҷоизадорони вазнҳои – 57 кг  ва – 63 кг миёни бонувон ва – 66 кг ва – 81 кг байни мардон муайян гардиданд. 
Бар пояи иттилои масъулони мусобиқа, миёни бонувон дар вазни - 57 кг мақоми аввалро Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон) ишғол намуд. Аҳлия Муминова ва Фазилат Гулбоева (Тоҷикистон) ду ҷойи ифтихории дигарро гирифтанд. Нишони тиллои вазни-63 кг насиби Мавлуда Одинаева (Тоҷикистон) гашт. Зинаҳои дуюму сеюмро Ҷонона Назарова ва Рӯзафсун Бекназарова (Тоҷикистон) ишғол карданд.
Муллораҷаб Халифаев (Тоҷикистон) тавонист бо шикаст додани рақибонаш дар вазни - 66 кг барандаи ҷом гардад. Медали нуқраро Обид Ҷебов (Россия) ва нишонҳои биринҷиро Дилшодбек Юлдошев ва Артём Штурбабин (Ӯзбекистон) ба даст оварданд.
Дар қувваозмоии финалии вазни - 81 кг паҳлавони тоҷик Ҳамроз Раҷабов  бар гӯштигири эронӣ Меҳдӣ Фатҳӣ пирӯз шуда, ғолиби мусобиқа гашт. Мақоми сеюмро Рамазон Аллабердиев (Ӯзбекистон) ва Раҳматуллобек Фарҳодов (Тоҷикистон) касб карданд.  Дар рӯзи ниҳоӣ зӯрозмоиҳои вазнҳои - 90 кг, - 100 кг ва +100кг миёни мардон сурат мегирад. 
 
«KING’S CUP 2022»
Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ мебинад
 
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт аввалин тамрини худро дар шаҳри Чианг Майи Таиланд, ки барои ширкат дар Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» (22–25 сентябр, Чианг Май, Таиланд) ҳузур доранд, баргузор намуд. 
Тибқи иттилои ФФТ, мунтахаби мо дар даври нимниҳоии мусобиқа бо дастаи Тринидад ва Тобаго ва мизбонон - Тайланд бо Малайзия неру месанҷад. Қувваозмоиҳо 22 сентябр доир мегарданд.
Бозии финалӣ ва барои ишғоли зинаи сеюм 25 сентябр сурат мегирад.   
Ёдовар мешавем, ки ситоди мураббиён ба ҳайат 23 бозигар (3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар), аз ҷумла 11 легионерро даъват намуданд. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5038
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед