logo

Хабарҳо

Сироҷиддин Муҳриддин далелҳои муътамадро ба СММ манзур намуд

 
19-уми сентябри соли 2022 дар ҳошияи «Ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд. 
Зимни мулоқот Сироҷиддин Муҳриддин ба Дабири кулли СММ оид ба рӯйдодҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба таври муфассал иттилоъ дода, маводҳои марбута, аз ҷумла навор ва аксҳоеро, ки далели ҳамлаи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, манзур сохт.
Вазири корҳои хориҷӣ зикр кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ тарафдори ҳалли низомии масъалаи марз бо Қирғизистон нест ва ҳамеша хостори равиши сиёсиву дипломатӣ мебошад.
Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, бавижа дар самти рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, тағйирёбии иқлим ва обу энергетикаро матраҳ намуданд.
Мусоҳибон, ҳамчунин, ба масъалаҳои амнияти минтақа, бахусус вазъи Афғонистон ва ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон дар самти расондани ёрии башардӯстона, таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дабири кулли СММ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон истиқбол гирифта, баҳри ҳамкории фарогир омодагии Созмонро иброз дошт.
 
 
Бар асари даргириҳо дар марз 41 нафар кушта шуд
Дар Вазорати корҳои хориҷии мамлакат оид ба ҳодисаҳои  фоҷиабори 14 – 18 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон брифинг  баргузор гардид. Муовини вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ аз кушта шудани 41 нафар бар асари даргириҳои мусаллаҳона хабар дод, – иттилоъ дод АМИТ «Ховар».
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорат, муовини вазири корҳои хориҷӣ ба иштирокчиёни брифинг – намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ доир ба хронологияи рӯйдодҳои рӯзҳои охир ва тадбирҳои андешидаи ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи сарҳадӣ маълумоти муфассал дод.
Ба Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он ҷиҳати омодагӣ барои расондани ёрии ҳамаҷониба ба Тоҷикистон, ҳамчунин, ба хонавода ва наздикони фавтидагон ва осебдидагон миннатдорӣ баён шуд.
 
 
Тоҷикистон асирони қирғизро раҳо кард
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки баъди ба имзо расидани созиш миёни раҳбарони кумитаҳои давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қирғизистон, чор марзбони боздоштаи кишвари ҳамсоя озод шуданд. 
Дар шарҳи хабари Вазорат омадааст, ки онҳо “аз рӯи принсипи башардӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамсоягии нек шоми 19 сентябри соли 2022, соати 19:00 бо вақти Душанбе ба ҷониби Қирғизистон супурда шуданд”.
Зикр мегардад, ки низомиёни дастгиршудаи қирғиз, тибқи талаботи меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ, бо ёрии тиббӣ, хӯрок ва шароити маишӣ таъмин гардида буданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4879
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед