logo

сиёсат

ҚИРҒИЗИСТОН ШАРТҲОИ ПРОТОКОЛРО ИҶРО НАМЕКУНАД! ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ДАР АСОСИ ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН

Бо вуҷуди ба имзо расидани протокол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар марз (19 сентябр), ки тибқи он бояд қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳали доимии худ баргардонда ва амнияти сокинон таъмин мешуд, ҷониби Қирғизистон  амалҳои иғвоангезонаро идома медиҳад.
Бар пояи изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон гӯё аз хатти даргириҳо неруҳо ва техникаи вазнини низомиро баровардааст. Вале дар асл онҳоро дар маҳалҳои аҳолинишини наздимарзии навоҳии Лайлак ва Чон-Алайи вилояти Бодканди Қирғизистон пинҳон мекунад.
18 сентябр дар наздикии дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ» дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон техникаи вазнини камуфляжшудаи ҳарбӣ иборат аз чаҳор воҳид – БТР, БМП, БРДМ ва ЗУ 22мм-и  Қувваҳои Мусаллаҳи Қирғизистон ба мушоҳида расид. 
19 сентябр дар наздикии деҳаи А.Лоҳутии шаҳри Конибодоми Тоҷикистон маҳали ҷойгиршавии таҷҳизоти низомии неруҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар ҳаҷми 12 воҳид ошкор шуд. Худи ҳамон рӯз дар фосилаи андаке аз дидбонгоҳи марзии № 3 «Нуробод» дар ноҳияи Деваштичи Тоҷикистон ҳузури неруҳои махсуси Қирғизистон бо теъдоди 70 нафари мусаллаҳ муайян гашт.
Ҷониби Тоҷикистон мавридҳои зиёди нақзи ҳарими ҳавоии кишвари моро аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин аз қаламрави Қирғизистон сабт намуд. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 19 ва 20 сентябр парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини қирғиз дар болои шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сарҳадчӣ» ва «Ширинчашма»-и ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк»-и ноҳияи Деваштич, инчунин, болои қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушоҳида расиданд.
Тоҷикистон бори дигар аз ҷониби Қирғизистон даъват мекунад, ки протоколҳои имзошударо дар бораи ба эътидол овардани вазъ дар минтақаи марзӣ иҷро кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки  кишвари ҳамсоя ба ҳамла омодагӣ мебинад, ки оқибатҳои ин гуна амалҳои иғвогарона ба дӯши ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.
Ин ҳама дар ҳолест, ки раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев, зимни имзои протокол чунин баён намуда буд: «Ман бисёр умедворам, ки протокол дар бораи ҳусни тафоҳум, ки мо бо Саймумин Сатторович ба имзо расондем, ба кишварҳои мо сулҳ меорад. Боварӣ дорам, ки сулҳ ҳамеша беҳтар аст ва барои сулҳ талош меварзем».
Иҷро нагардидани шартҳои протокол ва аҳдшикании қирғизҳо бори дигар мисли солҳои қаблӣ собит намуд, ки Қирғизистон махсусан, роҳабрияти кунунии онҳо ба аҳду паймони худ вафо намекунанд. 
Ба андешаи Алиназар Ашуров, муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шояд шаҳрвандони одии Қирғизистон ҷонибдори идома ёфтани моҷароҳои марзӣ набошанд. Аммо бархӯрд, мавқеъгирӣ ва муносибати роҳбарияти имрӯзаи Қирғизистон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҷонибдори идома ёфтани моҷаро ва мураккаб боқӣ мондани вазъ ҳастанд. Нисбат ба Тоҷикистон истифода гардидани мафҳумҳои “душман” ва “таҷовузгар” аз тарафи Президенти Қирғизистон Садир Жапаров далели андешаҳои болост. 
- Ҳатто пас аз имзои протокол (19.09.2022), С. Жапаров 20 сентябри соли ҷорӣ дар иҷлосияи 77-и Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро таҷовузгар номид. Ҳол он ки таҷовузгари асосӣ низомиёни Қирғизистон буданд. Дар чунин шакл идома ёфтани моҷароҳои марзӣ моро водор менамояд, ки ба созиш ва аҳди ҷониби қирғиз бовар накунем, - гуфт ӯ. 
Изҳори итминон мекунем, СММ маводҳои марбута, аз ҷумла аксу наворҳои ҷониби Тоҷикистонро, ки далели ҳамлаи низомии Қирғизистонро собит мекунанд, амиқан мавриди таҳлилу баррасӣ ва омӯзиш қарор медиҳанд, ҳақиқат рӯйи об мебарояд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2022    №: 182    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед