иҷтимоиёт
ШАҲПИСАРОНИ ВАТАН
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳти рубрикаи "Фаромӯш нахоҳем кард!" ба навбат аз афсарону сарбозоне ёд мекунад, ки дар муноқишаҳои марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон 14 - 18 сентябри соли 2022 ҷонбозӣ карда, фидо шудаанд. Истиқлоли Тоҷикистон поянда аст, бо ному корномаи онҳо!
КӮДАКИ 3-СОЛА ЁДГОР АЗ ОЛИМНАЗАРИ ҚАҲРАМОН
Подполковник Олимназар Холиқна-заров зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Масъулияти ҳарбиро то вопасин нафас дар марзи Исфара иҷро кард. Ӯ дар хонаводаи равшанфикрон ба дунё омад. Модари бузургвораш Гулдаста Орумбекова дар мақомҳои гуногун, аз ҷумла замоне муовини раиси ВМКБ буд.
Вақте ин фидоии Меҳанро қад-қади дарёи Панҷ ба сӯйи зодгоҳаш мебурданд, аҳли Бадахшон сари кӯчаҳо ҷамъ омада, дар ҳаққаш дуо мегуфтанд. Маросими ба хок супурдани Олимназар бо шукӯҳ ва ифтихори баланди ватандорӣ гузашт. Аспи чӯбии марҳум даст ба дасти мардум мерафт. Аз раиси вилоят сар карда, то ҷавонтарин намояндагони ҷомеа ба суръат пеш омада, тобутбардорӣ мекарданд.
Дар сари марқади вай митинг баргузор гардид ва раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо суханронии сӯзнок аз хидматҳои шоёни афсар гуфт. Мардум, бавижа, модарони бадахшӣ аз сари тобути Олимназар гулу гулдастаҳо мепошиданд.
Аз ӯ як кӯдаки сесола ба ёдгор монд. Бо хости сабру таҳаммул ба пайвандони Олимназар, ҳамзамон, таъкид мекунем, ки писари Шумо писари тамоми миллат аст ва мо ҷонбозии ӯро ҳаргиз аз хотир намебарорем.
НУСРАТУЛЛОҲ НУСРАТ ХОСТ
Қаҳрамонписари миллат Нусратуллоҳи Фатҳулло дар соли 1997, соле, ки ба Тоҷикистон пайғоми сулҳу ваҳдат расид, дар деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён зода шуд. Дар Донишгоҳи шаҳри Бохтар ба номи ҳаким Носири Хусрав таҳсил дида, ихтисоси ҳуқуқшиносӣ дошт. Бо вуҷуди ин, ба сафи Артиши миллӣ пайваст ва дар хоки шаҳри Исфара бодаи шаҳодат нӯшид.
Падару модари Нусратуллоҳ одамони одӣ ва ҳоло хонашинанд. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд – Умар ва Осия буд. Ашкрезу дилгудоз ва дар баробари ин, шодиафзост, ки ба ҷойи худаш ёдгори дигаре ба дунё меояд ва аҳли хонавода интизори тифлаки сеюманд.
Тани беруҳу равони Нусратуллоҳ бо сабаби ноамну ноором будани вазъ дар Исфара ба зодгоҳ дертар расид, аммо хабари маргаш бармаҳал ба атрофу акноф паҳн шуда буд. Акси сарбозии ӯ дар ҳалқаи гулдастаҳо мобайни ҳавлии падарӣ ду рӯз истод, то рӯзи ҷаноза. Ҳоли вазнини падару модар дар ин муддат тасвирношуданист, раҳпоӣ ба мисли интизории роҳи марг аст, мегӯяд халқ. Чӣ ҷонгудоз буд ашкрезиву мӯяҳои хешу пайвандон.
Нусратуллоҳ нусрат мехост, оромиши кӯдакон ва ҳама фарзандони моро мехост. Ӯ рисолати наҷибе дошт. Боварамон сарсабз аст, ки оянда руҳи Нусратуллоҳ дар фазои осудаи Ватани азизамон пар-пар мезанад ва аз мову шумо розӣ мемонад.
ХИРАДМАНД ИФТИХОРИ МОСТ
Ҷавонмарди фидоии замони мову шумо Хирадманд Усмонзода аст (чи номи шоирона ва хирадмандона). Номбурда зодаи деҳаи Вашани ноҳияи Айнист. Дар Фалғарзамин сабзид. Тани беравони ӯ бомдоди 17 сентябр ба рустояш расид.
Падараш як умр, то замоне ки чашмонаш хирабину танаш дардманд шуд, шубон ё ҳамон чӯпони деҳа будаст. Пирамард гӯшҳои вазнин дорад. Инро шунидаму зуд аз дил гузарондам: шояд барои шунидани хабари марги писар ношунаво будан беҳтар аст. Акси гулафшони писар дар дасти шахшӯлу пурожанги пирамард меларзид. Мардум бисёр сӯзнок фармуда: “Марги падару модар мерос, марги фарзанд - алмос!”
Модари бузургвори ин шаҳиди родмард фарроши дабистони ҳамон рустост. Фидои дастонат шавам, ки гарду ғуборро аз гирду бари мо мерӯфтӣ ва инак, гарди душманро аз Ватан писарат мерӯбад.
Хирадманд Усмонзода дар Вазорати мудофиаи кишвар то вопасин лаҳзаҳо адои вазифа мекард. Ҷои хидмати ҳарбияш деҳоти Овчи–Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Аз Хирадманд як писараки дусола ба ёдгор монд. Писараки ширинаш фардо хоҳад донист, ки қиблагоҳаш барои дифои шаъну шарафи ӯ ва миллионҳо кӯдакони дигар фидо шуд ва ёду ёдгораш дар дили миллат барои ҳамеша боқист.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2022 №: 182 Мутолиа карданд: 733