logo

иқтисод

АРСАИ НОМУСУ НАНГ. БОЗ ДАР БОРАИ НОДИРТАРИН ИНШООТИ АСР - "РОҒУН"

 
Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 16 ноябри соли 2018 санаи муҳиму сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад, зеро дар он рӯз барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ қадами устувор гузошта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода супурданд. Баъдан, 9 сентябри соли 2019 рӯйдоди муҳими дигар – ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» дар таърих сабт шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ барои ба кор даровардани агрегати сеюми Неругоҳ ҷараён доранд.
 
Дар паси ин рақамҳо арзишҳои олии бунёдгарони ин Неругоҳ, сифатҳои нотакрори иншооти мазкур ниҳон аст. Ҳама шоҳидем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо силсилаиқдоми беназир ба оламиён собит сохтанд, ки миллати куҳанбунёду бофарҳанги тоҷик аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳое, ки муайян гаштаанд, мебароянд.
Бунёди НБО «Роғун» орзуи чандинсолаи мардуми кишвар буд, ки дар заминаи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомаи амал пӯшид. Бунёди пурраи Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконият медиҳад, ки истиқлолияти энергетикиро дар кишвар таъмин намуда, бунёди корхонаҳои азими саноативу истеҳсолиро ба роҳ монем. Муҳимтар аз ҳама, Неругоҳ аҳамияти минтақавӣ низ дошта, дар оянда метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Илова бар ин,  ҷиҳати расидан ба дигар ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини  амнияти озуқаворӣ, нақши назаррас дошта, бо бунёди он имконият фароҳам мешавад, ки мамлакат дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ, ба монанди CASA - 1000, беш аз пеш саҳим бошад.
Албатта, мақом ва мартабаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун баёнгари неруи азими зеҳниву фардии миллат ҷойгоҳи хосса дорад, зеро ин коргоҳи нур орзую ормони деринаи тоҷикистониён аст, ки бо сабабҳои айниву зеҳнӣ даҳсолаҳо мунтазири бунёдкор буд. Дар маросими ба истифода додани хати баландшиддати интиқоли барқ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Неругоҳи мазкурро ҷабҳаи созанда эълон карда, аз мардуми кишвар, аз ҳар фарди бонангу номус ва ватандӯст барои пуштибонӣ аз ин иқдом даъват ба амал оварданд.
Гузориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Копенгаген бо ҳузури сарварони бисёре аз давлатҳои ҷаҳон бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» на танҳо барои ҳалли мушкилоти энергетикии Тоҷикистону минтақа, балки барои беҳдошти иқлими ҷаҳонӣ аҳамияти бузург дорад. Суханронии  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон доир ба аҳамияти мусбат доштани НБО «Роғун» боис шуд, ки ин андеша аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид далели муътамад арзёбӣ гардид.
Чи  тавре  ки  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд: «Роғун арсаи номусу нанг, мардонагӣ ва иттиҳоди мардуми мо гардид, неруи тақдирсозу иттиҳод, арсаи санҷиш ҳам шуд. Мардуми моро муттаҳид кард».
Мо рӯзноманигорон ҳам дар паҳлуи аҳли заҳмати сохтмони овозадори НБО «Роғун» дар талоши пешрафту муваффақиятҳои бунёдкорон будем. Ба одамони атрофамон ташвиқ мекардем, ки бояд бо нанги Президенти муҳтарами кишварамон шарик шавем. Ин ташаббуси ватандӯстона, бунёдкорона ва созандаву некандешии Президентамонро эҳтиром намоем. Хулласи калом, НБО  «Роғун» дар давраи фаъолияти рӯзноманигориам дар нашрияҳои «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», баъди ба нафақа баромаданам дар ҳафтаномаи «Омӯзгор» оғоз шуда, инҳо нашрияҳое ҳастанд, ки ҳам сохтмони «Роғун» ва ҳам мардуми меҳнатқарини шаҳри Роғун, инчунин, ободкориҳои дар он қаламрав шудаистодаро мунтазам инъикос мекардам.
Ба ростӣ, вақте ки мо ба сохтмони «Роғун» оғоз кардем, ҷумҳуриҳои поёноби кишвари мо дар воҳима афтоданд, ки агар НБО «Роғун» сохта шавад, аҳволи онҳо гӯё дар тобистонҳо аз беобӣ душвор мешавад. Дар мавсими обёрӣ ба мушкилот дучор мегарданд. Бинобар ин, роҳҳои дасисакорӣ ва таблиғи зиддироғуниро оғоз карданд. Вале, мутаассифона, роҳбарияти олии кишвари мо ҳарчанд мегуфтанд, ки НБО «Роғун» обро ғун мекунаду истеъмол намекунад, баръакс он аз дохили агрегатҳои барқдиҳанда боз ба маҷрои Вахш бо роҳи худ идома медиҳад, вале муғризон корро ба муноқишаи сатҳи байналмилалӣ мекашиданд. Ҳарчанд   дар Тоҷикистон роҳбарон дар андешаи он буданд, ки обанбори НБО  «Роғун» аз тирамоҳҳон то саршавии мавсими обёрӣ обро ғун карда, дар давраи мавсими обёрӣ ҷумҳуриҳои поёноби Амударё заррае ба мушкилӣ мувоҷеҳ нахоҳанд шуд, онҳо «бовар» намекарданд. Ин андеша аз иқдому пешниҳодоти Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар СММ дар робита ба масъалаҳои сатҳи ҷаҳонии об худ аз худ маълум буд.
Идомаи мантиқии масъалаи мазкур тасдиқи тадбирҳои барномаи ҷаҳонии «Об-барои ҳаёт» буд, ки аз ҷониби СММ соли 2010 макони баргузории ҳамоиши ҷаҳонии марбут ба об пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудани пешниҳодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихормандии сиёсӣ ва ташаббускориро ба вуҷуд овард, зеро дар ҳуҷҷати қабулнамудаи байналмилалӣ Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуд.
Бояд гуфт, ки дар замони рушди бесобиқаи саноат ва техникаву технологияи ҷаҳонӣ эҳтиёҷ ба манбаъҳои энергияи барқароршаванда меафзояд. Аз бартариятҳо дар ин самт захираҳои обӣ ва гидроэнергетикист. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар чорабинӣ бахшида ба оғози бунёди сарбанди НБО «Роғун» иброз доштанд: «Захираҳои гидроэнергетикии кишварамон хеле бузурганд, ки онҳо боигарии миллии мо мебошанд ва истифодаи оқилонаи онҳо метавонад имкониятҳои моро доир ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар бамаротиб афзун гардонад».
Нуктаи дигари лозим ба қайд ин аст, ки бунёди ин иншооти аср танҳо ба таъмини пурраи кишвар бо неруи барқ ва содироти бақияи он ба хориҷ маҳдуд намешавад, пайдоиши ҳазорҳо ҷойи нави кор, зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ, боло рафтани сатҳи зиндагии мардум, рушди бахшҳои хоҷагии халқ самараи ин раванд хоҳад буд.
Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки НБО «Роғун» воқеан, марзи номуси миллати тоҷик аст. Агар хоҳем ҳамчун миллат ояндаи некро соҳиб бошем ва бақои халқро пурра таъмин намоем, пеш аз ҳама, мебояд бо шукргузорӣ аз озодиву истиқлол, хонаи ободу осуда ва фазои сулҳу ваҳдат аз имкониятҳои тақдирсоз васеъ истифода бурда, қувваю ғайрати ҷисмониву маънавиро дареғ надорем.
Пешвои миллат бо роҳандозии идеяи бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид карданд. Идеяи бо қувваи худӣ сохтани НБО «Роғун»-ро дар меҳвари манфиатҳои миллӣ, сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию идеологӣ қарор доданд.
Аз сӯи дигар, Пешвои миллат бо роҳандозии маъракаи идеологии ин иншоот собит сохтанд, ки иродаи устувор метавонад монеаҳоро бартараф созад ва халқро ба қуллаи мурод расонад. Исбот карданд, ки инсонҳо қодиранд афсонаро ба ҳақиқат табдил диҳанд. Бо сохтмони ин иншооти муҳим Пешвои миллат ба ҷаҳониён нишон доданд, ки воқеан, он миллате, ки тоҷик ном дораду Пешвояш бо он сидқан ифтихор дорад, тавонову созанда аст.
 Муҳим он аст, ки дар сурати пурра ба истифода додани НБО «Роғун» яке аз сарчашмаҳои неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, арзон ва фаровон дар баробари талаботи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонеъ намудан, инчунин, кишварҳои ҳамсоя – Афғонистон ва Покистонро низ бо неруи барқи ҳаётан муҳим таъмин хоҳад намуд. Ин барои минтақае, ки ба неруи барқ ниёзи шадид дорад,  имкони беҳтарини таъмини рушди ҳамаи соҳаҳо мебошад.
Хулоса, имрӯз шукронаи Парвардигор самараи заҳматҳову талошҳои Сарвари муаззамамон, абармарди ободгарро дида истодаем. Ба ростӣ, агар мо мисли Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумшиносу мардумдӯст намедоштем, идомаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва расидан ба ин рӯзҳои некро хоб медидему хаёл мекардем.
                                                                             
Самандар ИСКАНДАРОВ,
собиқадори ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
Аълочии матбуот ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2022    №: 182    Мутолиа карданд: 1355
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед