logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ. ЧАНД ДАЛЕЛИ БЕБАҲС ОИД БА ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ШУДАНИ ОН ДАР РОССИЯ

14 сентябри соли ҷорӣ Суди олии Федератсияи Россия дархости Прокурори генералии ин кишварро қонеъ карда, ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломро созмони мамнуъ ва террористӣ эътироф намуд. Чун ҳамешагӣ, роҳбарияти ин ҳизби террористӣ, ки чанд соли ахир дар хориҷа таҳти пуштибонии мафкуравию молиявии доираҳои манфиатдори хориҷӣ ба паҳнкунии иғвою даъво ва ҳангомаю воҳимаҳо машғул аст, пас аз судури қарори Суди олӣ дасту по хӯрда, изҳоротеро нашр кард, ки худсафедкуние беш нест. 
Дар изҳороти саркардагони наҳзатӣ бо густохии ба худ хос қарори Суди Олии Федератсияи Россияро дар бораи террористӣ шинохтани ТТЭ ҲНИ ва мамнуъ донистани фаъолияти онро беасос, сирф сиёсӣ ва бемасъулиятона арзёбӣ кардаанд, ки амалест манфур. Албатта, аламу ғуссаи ташкилоти террористии наҳзатиро фаҳмидан мумкин аст, чаро ки ба ном нухбагони наҳзатӣ дар нишасту маҳфилҳо ва диду боздидҳояшон аз он изҳори ифтихор мекарданд, ки фаъолияти нарму муътадили созмони ифротгаро ва террористии онҳо мадди назари созмонҳо ва давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ қарор дорад. 
Айни замон, саркардагони фирории наҳзатӣ хуб медонанд, ки қабл аз судури қарори Суди Олии Федератсияи Россия дар робита бо террористӣ эътироф шудани ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати ислом сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай 29 январи соли 2016, дар мувофиқа бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, таҳти рақами 79 ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои террористӣ шомил намуда буд. СҲШ, усулан ҳамчун ниҳоди муқаввии сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ 8 кишвари бузурги ҷаҳониро бо шумули  3,3  миллиард аҳолӣ дар бар мегирад ва аз ҷониби ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ба сифати ташкилоти террористӣ эътироф шудани ТТЭ ҲНИ маънои ба воқеият гироиш пайдо кардани ниме аз давлатмардон ва ҷомеаи дунёиро далолат мекунад. 
Ба дунболи ин, СААД (Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ) ТТЭ ҲНИ-ро ба сифати ташкилоти террористӣ эътироф намуд, ҳамчунин, вазири давлатии умури хориҷии Ҳиндустон, ҷаноби М. Ҷ. Шри Акбар 4 майи соли 2018 дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез бар асоси мадорики зарурӣ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафъи хатар – сари вақт аз саҳнаи сиёсӣ берун кашидани гурӯҳҳои ифротгаро, хусусан ТТЭ ҲНИ пирӯз шудааст. Хатарро, қабл аз ҳама, вазири умури хориҷаи Ҳиндустон дар ТТЭ ҲНИ дида, тазаккур дода буд, ки ин созмони террористӣ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кулли минтақа, минҷумла Осиёи Марказӣ таҳдиди ҷиддӣ мебошад. Ин аст, ки тасмими Суди Олии Федератсияи Россия саривақтӣ, асоснок ва амри замонию маконӣ буда, маънии  барқарории адолатро дорад. 
Агар саҳифаҳои таърихи муосири ватаниро дар охири солҳои ҳаштод ва ибтидои навадуми асри XX варақгардон намоем, бидуни мушкил маълум мегардад, ки наҳзат (манзур ТТЭ ҲНИ), бо такя ба пуштувонаҳои хориҷӣ дар минтақа даргириҳоро доман зад ва сабабгори бурузи ҷанги шаҳрвандӣ ва фоҷиаи хашини миллӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Муноқишоти бемаънӣ минбаъд ба даргириҳо ва билохира ба ҷанги шаҳрвандӣ бадал гашт. 
Дар натиҷаи даргириҳо, аз панҷуним миллион аҳолии кишвар, тибқи маълумоти гуногун, бештар аз саду панҷоҳ ҳазор нафар ҳалок гардид. Тақрибан ҳафтяки қисми сокинони ҷумҳурӣ иҷборан тарки хонаю Ватан намуда, ба кишварҳои Афғонистон, Покистон, Россия ва дигар мамлакатҳои ИДМ паноҳанда шуданд. ТТЭ ҲНИ ҳеҷ гоҳ ба манфиати миллату халқ кӯшиш накарда ва намекунад ва, дар маҷмуъ, ягон созмони динӣ ва мазҳабӣ, ки даъвии сиёсӣ менамояд, ба мардум вафодор нест. Баръакс, созмонҳои динӣ ба хотири комфорти сиёсию иҷтимоӣ халқ ва дини онро ҳамчун васила ва абзори расидан ба қудрат истифода мекунанд. Ин ҳақиқатест, ки дар адёни хусусияти муташаккилидошта, минҷумла исломи сиёсӣ, ба мушоҳида мерасад.
(Идома аз саҳ. 2)
Солҳост, ки аз тариқи шабакаҳои расмии телевизионӣ барномаҳои зиёде пахш шуда, ба масъалаи терроризми динӣ-мазҳабӣ (дар симои як идда дастандаркорони ТТЭ ҲНИ) ва пуштибонони пасипардагии он ихтисос ёфта, ҳангомаю иғвогариҳои расонаии раҳбарияти наҳзатиро, ки тайи солиёни ахир ҳамарӯза дар сомонаҳои марбут ба ин созмони тахрибкор мунташир мегарданд, бо далелҳои шайъӣ фош менамоянд. Аз ҷумла, дар доираи барномаи 45-дақиқагии телевизионӣ, ки 8 августи соли 2017 аз тариқи шабакаҳои расмии телевизионӣ пахш гардида буд, муҷримони наҳзатӣ ё ба истилоҳ, «қаҳрамонон»-и намоишномаи телевизионӣ ошкоро аз ҳузури бевоситаи раёсати ташкилоти наҳзатӣ ва ҳомиёни пасипардагии он дар ибтидои солҳои навад сухан гуфта, ишора намуданд, ки дар таъсис додан, тамринҳои саривақтӣ гузарондан ва билохира ба марҳилаи ниҳоӣ расондани гурӯҳҳои вижаи тахрибкорӣ-диверсионӣ гурӯҳҳои алоҳида аз ҳисоби раҳбарияти вақти ТТЭ ҲНИ даст доштанд. Абдуқодир Абдуллоев,  мулаққаб ба “Рустами Норакӣ”, Тағоймурод Ашрапов (“Алӣ”) ва Саймуҳриддин Қудратов (“Авлиё” ва “Эшон”) дар барномаи телевизионии мазкур сареҳан иқрор карданд, ки қатли ҳарбиёни дивизияи 201-и Федератсияи Россия ва кушторҳои шахсиятҳои варзидаи сиёсӣ, фикрӣ, илмӣ, адабӣ, динӣ ва фарҳангии тоҷик, аз қабили Сафаралӣ Кенҷаев, Отахон Латифӣ, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Карим Юлдошев, Минҳоҷ Ғуломов, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муфтии собиқ Фатҳуллохон Шарифзодаро бо супориши саркардаи ТТЭ ҲНИ ва узви он Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) анҷом додаанд. Ба ин минвол, куштори журналистони маъруф Муродалӣ Шерализода, Муҳиддин Олимпур, Отахон Латифӣ, Хушбахт Ҳайдаршо, Ҷумъахон Ҳотамӣ, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Виктор Никулин ва Сергей Ситковский кори онҳост. 
Террорҳои наҳзатӣ, ғолибан ба хотири парокандани тарс ва саранҷом дар ҷомеа тасаллут бахшидани ноамнию бесуботӣ анҷом дода шуданд. Терроризми динӣ-мазҳабӣ хашинтарин навъи терроризми байналмилалист ва ТТЭ ҲНИ дар ҳошияи ин навъи террор ба арбобони сиёсӣ, илмӣ, маданӣ ва журналистони миллӣ бархӯрд кардааст. Дар ин росто, инсони боварманд ва ғайрибоварманде, ки ба ғояҳои пӯсида ва зиддиинсонии ТТЭ ҲНИ розӣ набуда, вокунишу аксуламал нишон додааст, аз назари фикрӣ ва физикӣ террор шудааст. Тавассути афкандани ҳарос ва парокандани он дар миёни ҷомеа авомуннос таҳти тасаллут қарор мегирад ва аз тариқи фишорҳои равонӣ, ахлоқӣ, фикрӣ, идеологӣ назорат мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки баъзе доираҳои сиёсию истихборотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ имрӯз ҳам даст аз фаъол сохтани гурӯҳҳои тахрибкори наҳзатӣ дар дохили мамлакат барнадоштаанд. Мақомоти марбутаи давлатӣ нафарони зиёдеро боздошт кардаанд, ки аз сӯйи созмонҳои иттилоотии кишварҳои хориҷӣ сармоягузорӣ шуда, барои худкифо шудан ва баъдан ба амалиёти диверсионӣ даст задани гурӯҳҳои махсуси наҳзатӣ маблағҳои зарурӣ интиқол додаанд. 
Аз шаҳодати  қаблан боздоштшудаҳо Баҳриддин Қурбонов, Муҳаммадӣ Соҳибназаров ва Асрориддин Розиқов (писари яке аз саркардагони ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ Зубайдуллоҳи Розиқ, ки барои ҳамдастӣ дар тарҳи балвои сентябрии А. Назарзода боздошт ва зиндонӣ шудааст) бармеояд, ки сохторҳои дахлдори кишварҳои хориҷӣ тавассути гумоштаҳои худ (аз ҷумла, тавассути Биҳиштӣ Соҳибназаров, Исломиддин Розиқов) барои роҳандозӣ кардани барномаҳои ҷадиди тахрибкорӣ-диверсионӣ дар минтақа маблағҳои зарурӣ ирсол кардаанд. 
Сармоягузории наҳзатӣ ва доираҳои ба он наздик дар ҳаводиси ахири Бадахшон низ ба хубӣ ба мушоҳида мерасад ва ба гурӯҳҳои ҷиноятии минтақавӣ борҳо маблағҳои калони пулӣ ҷиҳати роҳандозӣ кардани барномаҳои махсус ҷудо шудааст. Ин аст, ки наҳзат имрӯз ҳам даст аз терроризму тахрибкорӣ барнадоштааст ва аз тамоми имконот ва бахусус, сармоягузориҳои хориҷӣ истифода мебарад, то ин ки авзоъро ноором сохта, амнияту суботро ба ҳам бизанад.     
Акнун барои наҳзатиҳои ифротӣ, ки дар қаламрави Россия фаъолият мекунанд, душвор хоҳад шуд, зеро ки онҳо дигар ҳаққи иғвогарию ҳангомасозӣ дар заминаи ақоиди пӯсидаи ифротгароёна карданро надошта, ба даъвоҳои бебаркаши саркардагони худ лаббайк гуфта наметавонанд. Аз ин ҷост, ки ҳар кӣ, махсусан баъзе муҳоҷирони ноогоҳ  агар дар баробари музахрафоти наҳзатӣ ва доираҳои ба он наздик дар қаламрави Россия пуштибонӣ мекунанд, ба лиҳози қонунӣ муҷозот мешаванд.
Бинобар ин, муҳоҷирони меҳнатӣ набояд қонунгузории Россияро сарфи назар кунанд ва ихтиёран ва ғайриихтиёр ба гирдоби гумроҳӣ афтида, саранҷом ҷазо бигиранд. Ба ин маъно, муҳоҷирони меҳнатӣ, иттиҳодияву ташкилот, диаспораҳои миллие, ки дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият мекунанд, муваззафанд, қавонини он кишвар, аз ҷумла қарори Суди Олии Федератсияи Россияро риоя намоянд, зеро нодидагирӣ ва сарфиназарсозии қавонини мавҷуда пайомадҳои номатлуб хоҳад дошт.  
 
А. РАҲМОНЗОДА,
номзади илмҳои сиёсӣ   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.09.2022    №: 182    Мутолиа карданд: 1761
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед