иҷтимоиёт
ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ. ОМИЛИ ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ
Дар робита бо масъалаи матраҳшуда таъкид менамоем, ки ҳанӯз соли 2010, ки бо иқдоми Пешвои муаззами миллат Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шуда буд, баъд аз мушоҳидаҳои сершумор як ақидае иброз гардид, ки рушди тафаккури техникиро мо бояд аз хурдтарин ҷузъиёт оғоз намоем. Аз ҷумла, аз истифодаи ибораҳое ба монанди “як баробар зиёд (шакли дурусти он аз назари риёзиёт “ду баробар зиёд”) ҳам дар нутқи ҳаррӯзаамон ва ҳам аз минбарҳои расонаӣ канорагирӣ кардан зарур аст. Вале, мутаассифона, то ҳол ҳам дар воситаҳои ахбори омма ҷумлаҳое чун “Ҳосил як маротиба зиёд шуд” хеле зиёданд.
Вақте бо иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардид, ҳамин иддао дар бораи канораҷӯйӣ аз истифодаи калимоте чун «як баробар зиёд шуд» такрор ёфт. Дар робита бо ин баъзеҳо пешниҳод намуданд, ки аз ибораҳое чун “мавқеашро 360 дараҷа тағйир дод” (шакли дурусташ – “Мавқеашро 180 дараҷа тағйир дод”) низ бояд бо сабаби нодурустии онҳо истифода накунем. Пас аз ин дар радио калимаҳое садо доданд, ки бори дигар ин нуктаро оид ба тақвияти тафаккури техникӣ тавассути ҷузъиёт мубрам гардонд – наттоқи яке аз шабакаҳои радиои ҷумҳурӣ чанд карат таъкид намуд, ки “Кӯҳҳои Испания метрҳо аз сатҳи Замин баланданд”. Ин тарзи тафсир комилан зиддиилмӣ аст, зеро баландии кӯҳҳоро аз сатҳи баҳр чен мекунанд, на аз сатҳи Замин.
Дар ҳар сурат, мисолҳои дар боло зикргардида бозгӯйи сатҳи тафаккури техникии як иддае аз мардуми моянд. Ҳама ин равшан нишон медиҳад, ки дар ин навъи тафаккури мо мушкилоти системавӣ вуҷуд доранд, ки ҳалли онҳо бояд аз вазифаҳои мубрамтарин дар самти рушди техникию технологии кишвар бошад.
Қабл аз он, ки оид ба унсурҳо ва омилҳои асосии ҳалли масъалаи гузошташуда на тавассути мисолҳои ҷузъӣ, балки ба таври васеътар сухан ронем, мехостем даставвал худи мафҳуми “тафаккури техникӣ”– ро шарҳ диҳем. Дар робита бо ин, қобили зикр аст, ки маърифат ё тафаккури инсоният табиатан се навъ дорад, ки ҳаргиз бо ҳамдигар омехта сохтани онҳо имкон надорад: 1) тафаккури илмӣ ё мантиқию ақлонӣ; 2) тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ (эҳсосотӣ); 3) тафаккури динӣ ва ирфонӣ.
Тафаккури илмӣ ё мантиқию ақлонӣ, ки аз ҷумла тафаккури техникиро фаро мегирад, талаб мекунад, ки донишҳои ба таври назариявӣ исбот нагардида ё ба таври таҷрибавӣ асоснок карда нашуда бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор нагиранд. Навъи дуюм–тафаккури тахайюлӣ ё образию эмотсионалӣ (эҳсосотӣ) бештар ба адабиёти бадеӣ ва тамоми намудҳои санъат хос аст ва донишҳое медиҳад, ки ё ҳаққониянд, ё маҳсули тахайюли шахси эҷодкоранд. Масалан, таҳқиқоти илми таърих дар бораи сулолаи Сомониён донишҳои илмиянд, ки ба ҳақиқат рост меоянд, вале донишҳое, ки мо аз асарҳои адибон дар бораи Сомониён мегирем, метавонанд ҳаққонӣ ё бофтаи муаллиф бошанд. Вале барои ин бофтаҳо касе адибро айбдор карда наметавонад, зеро ӯ на дар бораи шахсиятҳои таърихии Сомониён таҳқиқ мебарад, балки образи онҳоро меофарад.
Дар заминаи навъи сеюми тафаккур – тафаккури динӣ ва ирфонӣ бошад, эътиқод қарор дорад, ки ягон бурҳону исботро талаб намекунад ва агар ба ростии ин эътиқод шакке оварда шавад, шахс аз доираи дину ирфон берун меравад. Яъне дин ҳеҷ гоҳ илм буда наметавонад, зеро исботи назариявӣ ё таҷрибавиро ҳаргиз талаб намекунад. Бо ҳамин сабаб, вазифаи аввалини илм барои кишвари мо дар марҳилаи кунунӣ бояд роҳ надодани воридшавии хурофот ба тафаккури мардум бошад.
Тафаккури техникӣ ҳамчун навъи аввали тафаккур ба донишҳои илмӣ ва ба донишҳои мантиқан ва бо тарзи ратсионалӣ ё худ, ба таври ақлонӣ бадастомада такя мекунад. Ин мафҳумро бори аввал ба илм муҳандиси рус П.К.Энгелмейер (1855–1942) дар асари худ “Фалсафаи техника” ворид сохта, онро ҳамчун сохтори махсуси ақли инсонӣ тафсир намудааст. Ин навъи тафаккур ду махсусият дорад: 1) тафаккури техникӣ шакли фаъоли инъикоси воқеият дар шуури инсон буда, ба маърифати ҳадафнок, бавосита ва умумии воқеият нигаронда шудааст, робита ва муносибатҳои моҳиятии ашё ва зуҳуротро фаро мегирад, аз бунёди эҷодкоронаи идеяҳои нав ва пешбинии ҳодисаҳо ва фаъолиятҳо иборат аст; 2) тафаккури техникӣ амали мантиқиест, ки ба таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои техникӣ ва равандҳои технологӣ нигаронда шуда, ҳадафи он маърифат ва дигаргунсозии табиат ва ҷомеа мебошад.
Тафаккури техникӣ навъҳои назариявӣ ва амалӣ дорад, ки аз онҳо аввалӣ ба кашфи қонунҳо ва маърифати моҳияти объектҳо нигаронда шуда, дуюмӣ татбиқи ин кашфиёту донишҳоро дар амалия фаро мегирад. Дар баробари ин, барои тафаккури техникӣ ҷустуҷӯ кардан аз муҳимтарин амалҳо буда, он ҳамеша пайдо кардани воситаҳои муносибтарини таҳаввули модда, энергия ва иттилоотро ба маҳсулоти ба инсон зарурӣ тақозо дорад.
Бори дигар таъкид месозем, ки се шакли асосии тафаккур – илмӣ, тахайюлӣ ва динӣ ба ҳар як инсон хоссанд, вале тафаккури илмӣ, ки тафаккури техникӣ ҷузви он аст, бевосита ба ҳаёти моддии одамон дахл дорад. Аз ин рӯ, рушди ин навъи тафаккур барои инсон, махсусан барои наврасону ҷавонон, аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ва маҳз бо ҳамин сабаб соҳаи маорифи кишвар бояд, қабл аз ҳама, вазифаи додани донишҳои илмиро ба таълимгирандагон иҷро намуда, дар баробари он, ба рушди тафаккури техникии онҳо таваҷҷуҳи хосса дошта бошад. Барои расидан ба ин ҳадаф бояд ду вазифаи муҳимтарин дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд ба иҷро расад:
– болобарии сифати таълими фанҳои табиию риёзӣ, аз қабили табиатшиносӣ, математика, физика, биология, химия, информатика, технология ва ғайра дар тамоми зинаҳои таҳсилот;
– рушди бевоситаи тафаккури техникии таълимгирандагон тавассути роҳандозии усулҳои гуногуни таълим – тарбияи малакаҳои эҷодкорӣ; мунтазам ҳал намудани масъалаҳои мантиқӣ ва муаммоҳои мантиқӣ–техникӣ; роҳандозии таҳияи нақша ва графикаҳо; иҷрои лоиҳаҳои эҷодӣ; мушоҳида ва дарки ашё, ҳодиса, зуҳуроти гуногун ва тарзи кори механизмҳои мухталиф; таҳияи модел, механизм ва конструктсияҳои содатарин, ҳалли масъалаҳои конструкторӣ ва техникию технологӣ ва ғайра. Ҳамаи ин вазифаҳо бояд тавассути гузарондани машғулиятҳои амалӣ дар кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, бо истифода аз аёниятҳои зарурӣ, реактивҳо ва маводи кимиёвӣ, намунаи техника ва технологияҳо ва амсоли он ба анҷом расонда шаванд.
Чунонки болотар таъкид гардид, баъзе масъалаҳо нишон медиҳанд, ки дар тафаккури техникии мардуми мо як қатор мушкилоти системавӣ ба назар мерасанд. Вобаста ба ин, мехостем оид ба чанде аз сабабҳои ин қафомониҳо дар рушди техникию технологии мо ва умуман, дар ҷаҳони исломӣ чанд сухане гуфта бошем.
Аз касе пӯшида нест, ки дар олами исломӣ имрӯз илм, хусусан илмҳои табиию риёзӣ, мақоми пешини худро аз даст дода, аз рушд бозмондаанд. Чунин вазъ имрӯз ба Тоҷикистон низ бе таъсир буда наметавонад. Маҳз ба ҳамин нуқта ишора карда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: “Сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат мекунад ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ сафарбар намояд“. Ва, хушбахтона, барои расидан ба ин мақсадҳои нек бо иқдоми Пешвои муаззами миллат, чунонки болотар таъкид гардид, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда шуд.
Дар кишварҳои исломӣ дар баробари паст рафтани сатҳи омӯзиши илмҳои табиию риёзӣ, имрӯз, инчунин, ба мафкураи мардум хурофот роҳ меёбад, ки дар ҷумҳурии мо метавонад оқибати нохуше барои арзишҳои миллӣ дошта бошад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷомеаи имрӯза, махсусан аҳли илму зиё, аз он иборат аст, ки пеши роҳи ин падидаи номатлубро бигиранд ва барои тарғибу ташвиқи илму техника дар байни кӯдакон ва наврасону ҷавонон корҳои зиёдеро ба анҷом расонанд. Яке аз воситаҳои муҳимтарин дар ин самт омӯзиши таърихи ниёгон ва бедор сохтани руҳияи ҷавонон барои идомаи анъанаҳои неки онҳо дар соҳаи илм аст.
Воситаи дигаре, ки метавонад барои илмомӯзии ҷавонон нақши муассирро ба иҷро расонад, ин фаҳмондани он аст, ки ислом ҳамчун дин ҳеч гоҳ муқобили илм набуда, танҳо ходимони алоҳидаи динӣ садди роҳ ва монеа дар роҳи илмомӯзӣ будаанд. Рушди илм дар овони ҳукмронии ду хилофати исломӣ аз асри VII то XII худ гувоҳи ҳаминанд. Ба ҳамин ишора карда, яке аз сарварони собиқи ИМА Барак Обама гуфта буд: “Маҳз ислом шамъи донишро дар даврони Эҳё ва маорифпарварӣ ба Аврупо овард. Мо аз онҳо алгебра, компаси магнитӣ ва олоти навигатсиониро гирифтем, тавассути онҳо тибро аз худ кардем”. Аммо, мутаассифона, дар замони муосир олами исломӣ ин мавқеи худро аз даст додааст. Чунонки олимони Ғарб зикр мекунанд, мусулмонон, ки замоне худ дар илм муаллим буданд, имрӯз ба таълимгиранда табдил ёфтаанд. Барои пастшавии мавқеи илмҳои табиию риёзӣ дар олами ислом баъзе омилҳои айнию зеҳнӣ мусоидат намуданд, ки дар байни онҳо мутахассисон чунин сабабҳоро асосӣ медонанд: ба давлатҳои зиёди ба ҳам зид тақсим шудани олами ислом; мавҷудияти ихтилофоти зиёди мазҳабӣ ва сиёсию иҷтимоӣ байни мусулмонон; таваҷҷуҳи хосса надоштан ба рушди илму маориф; ба таври амиқ наомӯхтани гузаштаи худ ва ғайра.
ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ. МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН
Вобаста ба сабаби охирӣ, яъне надонистани гузаштаи худ, бояд қайд намуд, ки дар даврони хилофатҳои исломӣ–Умавиён (661–750) ва Аббосиён (750–1258) мусулмонон бо тамаддуни Ошур (Ассирия) ва Бобил, Юнон, Рим, Ситсилия, Испания, Чин ва, ҳатто, булғору рус ошноӣ пайдо карданд. Дар натиҷаи ин илми олами исломӣ ба дараҷаи нави рушд баромад ва осори зиёди фалсафӣ ва табиатшиносии Юнон ва Рими Қадим ва мардуми ҳиндуориёӣ тарҷума карда шуданд. Дар баробари ин, дар хилофатҳои зикршудаи мусулмонӣ шаҳрҳои бузурге пайдо шуданд, ки дар замони худ на дар Ғарб ва на дар Шарқ аз лиҳози шумораи аҳолӣ, меъморӣ ва иқтисодӣ ҳамтои худро надоштанд ва ба марказҳои бузурги фарҳангӣ табдил ёфтанд. Ҳамзамон, дар ин шаҳрҳо илм ва таълим рушд карда, сохторҳои нави таълимӣ – мадрасаҳо пайдо шуданд, ки машҳуртаринашон мадрасаи Низомия дар Бағдод буда, соли 1067 таъсис ёфтааст. Ин мадраса аз ҷониби вазири машҳури тоҷику форс Низомулмулки Тӯсӣ (1019/1020–1092) бунёд гардида, баъдан ба шабакаи мадрасаҳо табдил ёфт, ки шуъбаҳои он дар шаҳрҳои Нишопур, Балх, Ҳирот, Исфаҳон, Марв, Басра, Омул, Мосул ва, ҳатто, дар деҳаи Тсахури Доғистон воқеъ буданд.
Дар мадрасаҳои зикршуда дар қатори илмҳои динӣ, илмҳои табиӣ, аз ҷумла математика, астрономия ва тиб низ, омӯхта мешуданд. Олимон ва мударрисон дар ин мадрасаҳо маош мегирифтанд, донишҷӯён бо ҷойи хоб ва стипендия таъмин буданд. Барои қиёс метавон таъкид намуд, ки агар дар Аврупо дар асри XII ҳамагӣ ду донишгоҳ дар шаҳрҳои Салерно ва Болонияи Италия фаъолият мекард, танҳо дар Андалузияи мусулмонӣ дар ҳамин давра 17 донишгоҳ ва 70 китобхона фаъол буд.
Бояд таъкид дошт, ки анъанаҳои исломӣ дар таълиму тарбия, ки асосан ба таълимоти Арасту такя мекарданд, минбаъд ба Ғарб таъсири бузурге расонданд. Мадрасаи исломӣ ба яке аз амсилаҳо барои ташкили донишгоҳҳо дар кишварҳои ғарбӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, соли 859 дар шаҳри Феси Марокко мадрасае бо номи Ал–Кароуин таъсис дода шуда буд, ки аврупоиҳо барои омӯзиш ба он ҷо меомаданд, то ки хиради шарқиро аз бар намоянд ва ин таҷрибаро дар илму маорифи худ ба кор баранд.
Хилофати исломӣ дар умум омили рушди илмҳои табиӣ гардид. Маҳз бо ҳамин сабаб тиб дар ин империяи муқтадир рушди мукаммале ёфта, бо иқдоми олими ориёитабор Абубакри Розӣ (865–925) дар Бағдод аввалин бемористон дар асри IX кушода шуд. Таҳқиқоти илмии олимони ҷаҳони исломӣ дар соҳаҳои математика, астрономия, география, физика, химия, зоология, тиб ва ғайра дар ин даврон бесобиқа буда, минбаъд ба рушди илм дар Ғарб такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар ин қарнҳо ихтирооти олимони мусулмон низ хеле зиёд буданд. Аз ҷумла, донишмандон қалами рангини автоматиро ихтироъ намуданд, ки принсипҳои кори он аз мушобеҳҳои имрӯзааш чандон тафовуте надоранд. Истифодаи чархаҳои бодӣ барои орд кардани донаи рустаниҳо ва ба баландиҳо бардоштани об, ки одатан, 6 ё 12 қанот аз матоъ ва баргҳои нахли хурмо доштанд, танҳо баъди 500 сол дар кишварҳои Аврупо паҳн гардид. Собуни сахт ва собуни моеъ (шампун) низ аз ихтирооти мардуми мусулмон дар ин даврон мебошад. Байни солҳои 852–880 ихтироъкорони мусулмон бори аввал «самолёт»–ро, ки аз матои мустаҳкам аз парҳои парандагон сохта шуда буд, имтиҳон карданд. Минбаъд дар асри XIX ин таҷрибаро бародарон Райт – Уилбур Райт (1867–1912) ва Орвилл Райт (1871–1948) дар Аврупо такрор намуданд.
Донишманд ва муҳандиси исломӣ Ал–Ҷазарӣ (1136–1206) ихтироъкунандаи машҳур буда, амуди зонудор (коленчатый вал)-ро ихтироъ карда, бори аввал дар низоми ирригатсионӣ истифода бурдааст. Беш аз 150 адад афзор ва ҷиҳози ҷарроҳӣ, ки то ҳол дар соҳаи тиб мавриди истифодаи васеъ қарор доранд, аз ихтирооти донишмандони исломӣ мебошанд. Олимони мусулмон борути ихтироъкардаи чиниёнро такмил дода, онро бо нитрати калий ё селитраи калийдор тоза намуданд ва бори аввал шаклҳои ибтидоии гулӯлаҳои тарканда – ракета ва торпедаро дар асрҳои миёна дар ҷангҳо ба кор бурданд.
Калимаи «спирт», ки баъзан бо калимаи «алкогол» ё «ал–куҳул» ёд мешавад, аз ихтирооти мусулмонон аст, агарчи маҳсулоти спиртӣ аз қадимулайём дар байни халқҳои гуногуни олам роиҷ буданд, вале маҳз мусулмонон бо мақсади кам кардани вазни шаробҳои ангурӣ, ки тавассути роҳҳои баҳрӣ интиқол дода мешуданд, ба воситаи софкунӣ, дистилятсия ё тақтир спирт ба даст оварда, ин амалиёт ва ин моддаи кимиёвиро ба тамоми олам паҳн карданд.
Астролябия (устурлоб), ки таҷҳизоти қадимтарини астрономӣ барои ченкунии кунҷҳои уфуқӣ ва муайянкунии тул ва имтидоди ҷирмҳои осмонӣ истифода мешуд, аз ҷониби донишмандони исломӣ барои муайянсозии вақт ва имтидоди шабу рӯз ва ҳадафҳои дигари риёзӣ ва астрономӣ мутобиқ гардонда шуда, ибтидо аз асри XII дар кишварҳои ғарбӣ низ паҳн гардид.
Барои рушди илми ҷаҳони исломӣ, хусусан хизмати донишмандони тоҷик, хеле бузург аст. Аз ҷумла, дар ЮНЕСКО ҳайкали чор нафари онҳо – Ибни Сино (980–1037), Абурайҳони Берунӣ (973–1048), Закариёи Розӣ (865–925) ва Умари Хайёмро (1048–1131) гузоштаанд. Шумораи чунин олимони бузург хеле зиёд аст. Аз ҷумла, Абумӯсо Ҷобир ибн Ҷайён (721–815) яке аз асосгузорони химия ҳисобида мешавад. Ӯ аз зумраи мутафаккиронест, ки алхимияро ба химия табдил доданд. Муҳаммад ал-Хоразмӣ (783–850) аз зумраи донишмандони ориёитабори Осиёи Миёна буда, дар рушди ҷуғрофия, астрономия, математика ва илмҳои дигар саҳм гузоштааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки номи илми “алгебра” аз номи китоби ин олим ва истилоҳи “алгоритм” дар информатика аз номи худи ӯ гирифта шудаанд.
Абулаббос Аҳмад ибн Муҳаммад ал-Фарғонӣ (798–861), ки бо номи Ал-Фрагунус дар Ғарб шуҳрат дорад, дар астрономия, математика ва география нақши босазое гузоштааст. Ал-Фарғонӣ нахустин шуда, бо истифода аз усулҳои математикӣ собит намудааст, ки рӯзи кӯтоҳтарин (23 декабр) ва рӯзи дарозтарин (22 июн) вуҷуд дорад. Ин донишманд, ҳамчунин, муқаррар намудааст, ки дар рӯйи Офтоб доғҳо мавҷуданд. Ӯ ба таври дақиқ гирифтани Офтобро дар соли 832 пешгӯйӣ карда буд.
Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (865–925) дар рушди фалсафа, тиб, астрономия, физика, химия ва илмҳои дигар хидматҳои сазоворе намудааст. Бори аввал дар таърихи инсоният Абубакри Розӣ дар Бағдод шифохона ё госпитал бо маънии комили он таъсис дод, ки бо забони тоҷикӣ – «бемористон» номида мешуд. Дар ин бемористонҳо дафтарчаи бемор бурда шуда, дар онҳо шуъбаҳои занона ва мардона дар алоҳидагӣ фаъолият мекарданд. Ин муассисаҳоро ҳам барои муолиҷа истифода мебурданд ва ҳам дар онҳо мутахассисони ояндаи тиббро таълим медоданд.
Абуҷаъфар Муҳаммад ибн ал-Ҳасан ал-Ҳозин ал-Хуросонӣ (с.в. 971) дар кишварҳои ғарбӣ ҳамчун физики навовар эътироф гардидааст. ӯ аз нахустин олимоне мебошад, ки ҳарорати ҳаво ва фишори онро чен намудааст. Абулавфо Муҳаммад ибн Муҳаммад ал-Бузҷонӣ (940–998) бошад, функсияҳои тригонометрии тангенс ва котангенсро ба илм ворид сохта, ҷадвалҳои онҳоро тартиб дод, инчунин, бо дурустии дақиқ синуси як дараҷаро муайян сохт. Ӯ формулаи синуси ҷамъи ду кунҷро ба геометрия ворид намуда, дар баробари ал-Хуҷандӣ (940–1000) ва Ибн Ироқ (960–1036) теоремаи синусҳоро барои секунҷаҳои курашакл исбот намуд.
Ибни Сино (980–1037) донишманди бузурги тоҷик аст, ки ҳамчун файласуф ва табиб дар тамоми олам маълуму маъруф буда, китоби машҳури ӯ “Ал-Қонун фит-тиб» то асри XVIII китоби рӯйимизии тамоми табибони кишварҳои Ғарб будааст. Ибни Сино бори аввал аҳамияти нишонаҳо (симптомҳо)-и бемориҳоро дар ташхиси онҳо муайян сохт. Ӯ рагҳои хунгузарро ба набзӣ (артерия) ва ором (век) тақсим намудааст. Ин табиби ҳозиқ бори аввал фарқияти вабо ва тоун (холера ва чума)-ро нишон дод. Кашфи бактерия, вирус, симоби сурх ба Ибни Сино нисбат дорад. Ӯ таркиби зиёда аз 700 маводи табобатиро тавсиф додааст ва дар тибби муосир то ҳол ҳам зиёда аз 80 дору тибқи дастурҳои ин донишманд истеҳсол мешавад. Беш аз 150 рустании шифобахш, ки Ибни Сино тавсиф намудааст, имрӯз ҳам аз ҷониби табибон барои муолиҷаи беморон истифода мегарданд.
Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973–1048) математик, файласуф, табиатшинос, табиб, астроном, ҷомеашиноси тоҷику форс буда, ҳаракати ҷисмҳоро ба сӯи маркази Замин эътироф намудааст, ки бо ақидаи И.Нютон (1642–1727) дар бораи қувваи ҷозибаи Замин монанд аст. Ақидаи Берунӣ дар бораи гардиши Замин дар гирди меҳвари худ ва эҳтимолияти гардиши он дар гирди Офтоб ин кашфиёти бузурге доир ба таълимоти офтобмарказӣ (гелиосентризм) мебошад. Берунӣ усулҳоеро дар такмили чор амали илми ҳисоб–ба мураббаъ (квадрат) ва мукааб (куб) баровардани ададҳо, баровардани решаи квадратӣ ва кубӣ, инчунин, мафҳумҳои решаи «ақлонӣ ё ратсионалӣ» ва «ғайриратсионалӣ»–ро пешниҳод кардааст.
(Идома дорад)
Хуршед ЗИЁӢ, доктори илми фалсафа, профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 21.09.2022 №: 182-189 Мутолиа карданд: 828