logo

Хабарҳо

Путин: “СААД барои коҳиши буҳрони сиёсӣ миёни Озарбойҷон ва Арманистон чора меандешад”

 
Мир 24. «Дар Ереван моҳи ноябр саммити солонаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мешавад. Зикр мекунам, ки Созмон дар робита ба вазъи муташанниҷ дар минтақаи марзии Арманистону Озарбойҷон чораҳо меандешад. Ҳайати вижа таҳти раҳбарии Дабири кулли СААД ба минтақаи муқовимат фиристода шудааст. Ба ӯ супориш дода шуд, ки аз рӯи натиҷаи омӯзиши  вазъияти кор пешниҳодеро ба Шурои амнияти дастаҷамъии СААД омода созад.
Таъкид менамоям, ки ҳар гуна вазъияти ихтилофоти байни давлатҳои ба мо наздик  нигаронии ҷиддиро ба амал меорад. Мо ҳамаро ба худдорӣ, қатъиян риояи реҷаи оташбас ва қотеона аз  изҳороти сеҷонибаи раҳбарони Россия, Озарбойҷон ва Арманистон пайравӣ  намудан даъват менамоем”, - гуфт Президенти Россия Владимир Путин.
 
 
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид даъват кард, ки мушкилоти содироти нуриҳои минералӣ аз Россия ба таври фаврӣ ҳал шавад
 
INTERFAX.RU. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш зимни суханронӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Барои беҳбуди вазъи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон, ҳалли фаврии мушкилоти таъмини нуриҳои минералӣ зарур аст”.
Дабири кулли СММ афзуд, ки идома додани рафъи ҳама монеаҳои боқимонда дар роҳи содироти нуриҳои минералии Россия ва ҷузъҳои он, аз ҷумла аммиак, хеле муҳим аст. “Имсол дар ҷаҳон маводи ғизоӣ кофӣ аст, аммо мушкил дар тақсими он аст. Агар вазъи нуриҳои минералӣ дар бозор ба эътидол наояд, таъмини маводи ғизоӣ метавонад ба мушкили навбатӣ табдил ёбад", - гуфт ӯ. Ҳамзамон, вай ба мушкилоти дигари ҷаҳонӣ, бахусус мубориза бо тағйирёбии иқлим, ишора кард, ки ба назари ӯ, бояд “фаъолияти калидии ҳар як ҳукумат ва ҳар созмони байналмилалӣ” бошад.
 
 
Россия пешбурди барномаи рӯзномаи муттаҳидкунандаро идома хоҳад дод
RT. Роҳбари Россия Владимир Путин иброз намуд, ки мо аз роҳи пешгирифтаи худ ҳаргиз барнамегардем ва ҳамчун узви доимии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ният дорем, ки ба пешбурди рӯзномаи муттаҳидкунандаи байналмилалӣ идома диҳем. Ӯ, инчунин, изҳор дошт, ки Россия омода аст, минбаъд низ дар ҷустуҷӯи вокунишҳои муассир ба чолишҳо ва таҳдидҳои замони муосир ва, ҳамчунин, дар ҳалли низоъҳои шадиди минтақавӣ саҳм гузорад.
Илова бар ин, Путин гуфт, ки ҳаракат ба сӯи бисёрқутбӣ ба самти асосии сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Қаблан, вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров гуфта буд, ки Россия ба принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо содиқ аст ва ҳамкориҳоро бо аксари кишварҳо густариш медиҳад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3390
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед