logo

Хабарҳо

ҶОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН

 
IX мусобиқаи байналмилалӣ бо чӣ натиҷаҳо анҷом ёфт? 
 
Дар рӯзи охири IX мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон (19 – 20 сентябр, Хуҷанд) ғолибон ва ҷоизадорони вазнҳои -90 кг, -100 кг ва +100кг миёни мардон муайян гардиданд. 
Тибқи иттилои масъулони мусобиқа, дар зӯрозмоии финалии вазни то 90 кг Ҳақназар Назаров (Тоҷикистон) бар варзишгари дигари кишвар Кароматулло Ҳакимов пирӯз гашт. Зинаи сеюмро Қосим Бағҷеғӣ (Эрон) ва Эрмахан Анурбеков (Қазоқистон) ишғол карданд. 
Дар вазни -100 кг Бекарис Садукас (Қазоқистон)  ғолиб омад. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро мутаносибан Фирдавс Насимов, Исроил Раҳимов ва Раҳматулло Мирзоев ((Тоҷикистон) гирифтанд.
Миёни сангинвазнҳо Мансур Раҳмон (Тоҷикистон) барандаи ҷом гардид. Варзишгари дигари мо Фарзин Ҳусейнов барандаи медали нуқра шуд. Мақоми сеюмро Жамбул Тургуналиев (Қазоқистон) ва Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон) касб карданд.  
Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқа паҳлавонони кишвар Шоҳида Қаландарова (-57 кг), Мавлуда Одинаева (-63 кг) Муллораҷаб Халифаев (- 66 кг), Ҳамроз Раҷабов (-81 кг) барандаи Ҷоми Президенти Тоҷикистон шуданд.
 
 
 
 
ФУТЗАЛ
Мунтахаби мо дар бозии санҷишӣ ғолиб омад
 
Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё – 2022 мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Амороти Муттаҳидаи Араб нахустин бозии санҷиширо анҷом дод.
Дар бозии дӯстона футзалбозони мо бар бошгоҳи «Малиҳа», ки дар чемпионати АМА баромад мекунад, бо ҳисоби 4:1 ғалаба карданд. 
Голҳоро аз ҳайати дастаи мо Идрис Ёров (ду гол), Файзалӣ Сардоров ва Дилшод Саломов заданд.
Бояд гуфт, ки дар Ҷоми Осиё – 2022 (27 сентябр – 8 октябр, Кувайт) мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3381
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед