Хабарҳо
СУҒД: ИСТЕҲСОЛИ ҒАЛЛАДОНАГИҲО АФЗУД
Истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагиҳо дар вилоят наздик ба 295 ҳазор тонна расонда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 65 ҳазор тонна зиёд буда, аз ин миқдор 170 ҳазор тоннаи онро гандум ташкил медиҳад.
Ғаллакорон дар хоҷагиҳои деҳқонии Исфара аз 45 то 60-70-сентнерӣ ҳосили гандум ба даст оварданд, ки баландтарин дар ҳудуди мамлакат мебошад. Чун ҳамешагӣ дар парвариш ва рӯёндани ҳосили хуби ғалладонагиҳо деҳқонони Исфара, Истаравшан ва Деваштич дар сафи пешанд.
Ҷовиди АШТӢ, "Ҷумҳурият"
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5996