иҷтимоиёт
ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОИЛАҲОИ ЗАРАРДИДА АЗ НИЗОЪҲОИ НАЗДИСАРҲАДӢ КУМАК НАМУДАНД
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии сокинони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарар дидаанд ва аъзои оилаҳои қурбониён аз пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе корвони пурбори мошинҳо иборат аз 45 техникаи калони боркаш бо кумакҳои моддии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд расид.
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, кумаки навбатии башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маводи хӯрока, сӯзишворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили 500 тонна семент, 220 метри мукааб тахта, 5000 дона шифер, фанер ва гипсокартон 1500 метри мураббаъ, 5 тонна мехҳои гуногун, 500 метри мураббаъ шиша, 250 тонна ангишт, 60 тонна орд, 10 тонна равған, 15 тонна биринҷ ва 25 тонна шакар иборат аст.
Кумаки зикршуда, асосан, оилаҳои сокинони ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва ҷамоатҳои Овчи-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро фаро гирифта, нишондиҳандаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба мардуми аз низоъҳои наздисарҳадӣ зарардида, оилаҳои сарбозони шаҳид ва аҳолии осоиштаи қурбоншуда мебошад.
Маводи ғизоӣ дар анборҳо ҷойгир шуда, ба сокинон тақсим карда мешавад. Маводи сохтмонӣ бошад, ба минтақаҳои осебдида ирсол гардид. Барои сари вақт ба мардум расондани кумакҳои моддӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва соҳибкорони ватандӯсту шахсони саховатпеша расондани кумакҳои башардӯстона ба оилаҳои зарардида идома дорад.
БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ДАРГИРИҲОИ МАРЗӢ
Инчунин, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти Чоркӯҳ ва Сурхи шаҳри Исфара аз манзилҳои истиқоматии сокинон, ки бар асари муноқишаҳои ахири марзӣ хароб гардидаанд, боздид намуд. Раиси вилоят барои бартарафсозии оқибатҳои даргириҳо, сафарбаркунии неруи иловагӣ барои иҷрои саривақтии корҳо, дастгирии сокинони зарардида ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамзамон, барои дар муҳлати кӯтоҳтарин барқарор намудани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 64 шахсони масъул дастур гирифтанд.
ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Дар пайравӣ ба иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муассис ва раиси шурои директорони ҶДММ «Ғаюр Гурӯҳ» Акбар Асадулло ба ҳар як оилаи афсару аскари фавтида 10 000 сомонӣ, захмигашта 5 000 сомонӣ, ба оилаҳое, ки аъзояшон ҳалок гардидаанд, 5 000 сомонӣ ва барои навсозии биноҳои маъмуриву манзилҳои истиқоматии сокинон, ки дар натиҷаи ҳамлаи таҷовузкоронаи низомиёни Қирғизистон ба Исфара хароб шудаанд, 100 тонна семент кумак намуд.
Дар ин бора саҳифаи расмии ҷамъият дар Фейсбук – “Gayur Group” хабар дод.
Дар хабар омадааст: “Модарону падарон фарзандҳояшонро, кӯдакон волидайнро, Ватан оилаҳоро аз даст дод. Ғаму андуҳе, ки бар дили мардум афтодааст, сангин буда, онро дар танҳоӣ тоб овардан душвор мебошад. Ҳамдардиву омодагии тоҷикистониён баҳри муҳофизати марзи Ватан ва аҳолии он боиси гармии қалбҳо гардид. Маълум шуд, ҳеҷ як нафари мо намегузорад, ки ҳамватанонаш ин бори гаронро танҳо бардорад. Мо – шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, зери Парчами бузурги давлат, бо роҳбаладии Пешвои миллат, якдилона дар роҳи инкишофу мустаҳкамии Ватани азизамон саҳмгузор мешавем”.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2022 №: 183 Мутолиа карданд: 580