logo

сиёсат

ТАЪҚИБ ВА ТАҲДИДИ ТОҶИКОН ДАР ҚИРҒИЗИСТОН. ТАҲЛИЛИ ИХТИСОСӢ ДАР АСОСИ ИЗҲОРОТИ ВКХ ТОҶИКИСТОН

Ҳодисаҳои таъқиб, таҳдид ва табъизи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикони муқими Қирғизистон дар кишвари ҳамсоя нигаронии ҷиддиро ба миён оварда истодааст. Вазорати корҳои хориҷӣ дар изҳороташ, ки 22 сентябр нашр шуд, оид ба афзоиши мавридҳои таъқибу фишор ва тарсондани шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикҳои муқими Қирғизистон дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар хабар дод.
 
Дар изҳороти ВКХ гуфта мешавад, ки 14 сентябр мақомоти маҳаллии ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканди Қирғизистон мағозаҳои тоҷикони сокини ин ноҳияро бастанд ва шаҳрвандони қирғизи аз манотиқи марзӣ кӯчондашударо ҳадафмандона дар хонаҳои тоҷикони сокини ноҳияи Қадамҷой ҷой карданд.
18 сентябр кормандони раёсати КДАМ дар ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек бо баҳонаи тафтиши ҳуҷҷатҳо шиносномаҳои аҳли оилаи шаҳрвандони Тоҷикистон Неъматовҳоро бо мақсади ихроҷи маҷбурии минбаъдаи онҳо мусодира кардаанд. Ҳамон рӯз афроди ношинос шишаҳои мошини шаҳрванди Тоҷикистон А. Ҳамдамовро, ки дар шаҳри Бишкек муваққатан иқомат дошт, шикаста, хисороти молӣ  расонданд. 
19 сентябр шаҳрванди Тоҷикистон А. М. Алиевро бидуни шарҳу эзоҳ боздошта, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Ленини шаҳри Бишкек овардаанд. Мавсуф дар ҷараёни бозпурсии 9-соата мавриди зӯроварии ҷисмонӣ қарор гирифтааст. Танҳо баъди аз ӯ гирифтани 15 ҳазор сом (қариб 200 доллар) ҷавоб додаанд, вале шиносномаи модараш дар дасти милисаҳо боқист.
Бар пояи изҳороти Вазорат, 19 сентябр 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар Донишкадаи авиатсионии Қирғизистон таҳсил мекунанд, баъди бозпурсӣ бо истифодаи шеваи фишори равонӣ кормандони КДАМ аз Қирғизистон тавассути гузаргоҳи «Оқ Ҷол» – «Қордай» (Қирғизистон – Қазоқистон) ихроҷ кардаанд.
Гузашта аз ин, мақомоти интизомии Қирғизистон қасд доранд беш аз 500 донишҷӯ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар макотиби олии вилояти Ӯш таҳсил мекунанд, иҷборан хориҷ кунанд.
Бар пояи изҳорот, фишор ва таҳдидҳо алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муваққатан дар қаламрави Қирғизистон кор мекунанд, ба хотири маҷбур кардани онҳо ба интиқоли маблағ «барои кумак ба осебдидагони Бодканд» идома дорад.
Гузашта аз ин, 18 сентябри соли 2022 шахси номаълум, эҳтимолан 35-сола, бо таҳдид ва суханони қабеҳ алайҳи Тоҷикистон талош кардааст, вориди қароргоҳи сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон шавад.
Чунин табъиз нисбат ба тоҷикон аз рӯи мансубияти этникӣ дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон 20 сентябр бардурӯғ иддао мекунад, ки «баёнияи паҳнкардаи ҷониби Тоҷикистон ҳақиқат надорад ва ягон далели тасдиқкунанда надорад».
Ҳодисае, ки дар Қирғизистон рух медиҳад, комилан мухолифи муқаррароти Изҳороти муштараки Ҷаласаи машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Бар асоси банди 25 санад, «зарурати таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, аз ҷумла, онҳое, ки ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ машғуланд, ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва машваратӣ расонанд» (Чолпон-Ата, 21 июли соли 2022). Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби Президенти Қирғизистон қабул шудааст.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати таъқиби шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони муқимиро натиҷаи мустақими маъракаи иттилоотии бемаънӣ дар Қирғизистон барои эҷоди имиҷи душман дар симои Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз мақомоти кишвари ҳамсоя талаб кардааст, ки барои пешгирӣ аз он чораҳои фаврӣ андешанд. Ҳамзамон, Тоҷикистон аз Қирғизистон даъват кардааст, ки амнияти сафорати Тоҷикистон дар Бишкек, кормандон ва хонаводаҳои онҳоро тибқи уҳдадориҳои кишвари мизбон, ки аз қонунҳои байналмилалӣ бармеоянд, таъмин намояд.
Дар иртибот ба ин изҳорот, Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо баҳонаи муроҷиат нашудан ба онҳо оид ба масъалаҳои болозикр вокуниш нишон додааст. 
Ба андешаи коршиноси масоили сиёсӣ Алиназар Ашуров, ҷониби Қирғизистон принсипҳои протоколи дуҷониба оид ба оташбас ва таъмини амният дар марзро, ки 19 сентябр қабул гардида буд, пурра риоя накарда истодааст. Аз хати сарҳад берун набаровардани аслиҳаи ҷангӣ ва ғайриқонунӣ ворид намудани ҳавопаймоҳои бесарнишин ба фазои Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо нигаронкунанда боқӣ мемонад. Дар баробари ин, чанд рӯзи охир тоҷикони маскуни Қирғизистон аз ҷониби мақомоти он кишвар мавриди шиканҷа қарор гирифта истодаанд, ки чунин муносибат бо ҳуқуқи башар, созишномаҳои дутарафа, уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ба Конститутсияи Қирғизистон комилан мухолифат мекунад. 
Бо назардошти вазъи печидаи ҷаҳони имрӯз, ҳифзи амният дар минтақа аз масъалаҳои меҳварӣ барои тамоми кишварҳои қаламрав бояд бошад. 
Аз ҳамин лиҳоз, имрӯз, пеш аз ҳама, бояд суботи минтақа ҳифз карда шавад. Дар сурати ғайр, Осиёи Марказӣ ба буҳрони давомдор гирифтор мегардад, ки ин ба фоидаи ҳеҷ кадом кишвари минтақа нахоҳад буд. Тоҷикистон бо дарки чунин воқеиятҳо кӯшиш дорад мушкилотро аз роҳи гуфтушунид ҳал намояд. Аммо ба назар мерасад, ки роҳбарони қирғиз бозичаи абарқудратҳо гардидаанд. Ҳоло ки дер нашудааст, мардуми қирғиз бояд тақдири ояндаи худро ба роҳбарони дур аз сиёсаташон бовар накунанд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият» 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2022    №: 183    Мутолиа карданд: 432
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед