иҷтимоиёт
ИСТИҚЛОЛ. АЗ ГУЗАШТА БАРОИ ОЯНДАСОЗӢ САБАҚ БИГИРЕМ!
Имсол ба Истиқлоли давлатии мо 31 сол пур гардид. Он 31 соли озодӣ, субот, фазои ором ва қадамҳои устувор сӯйи рушд мебошад. Ҳамакнун, ки мо солгарди навбатии ин ҷашни миллиро таҷлил намудем, муҳим аст, ки перомуни музаффарият ва дастовардҳои ин роҳи таърихӣ сухан ронда, онро таҳлил ва мавриди хулосабарорӣ қарор диҳем.
Акнун, ки Тоҷикистони азизи мо нафаси истиқлолро кашида, ҳанӯз шаҳди ин неъмати гаронбаҳоро начашида буд, хоинони миллат ва нотавонбинони озодии тоҷикон нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, бо иғвову дасисаҳо мамлакатро ба гирдоби ҷанг кашиданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ солҳои аввали истиқлолият кишвари азизи моро ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатборе гирифтор намуд. Дар ин вазъияти ҳассос ва марҳилаи фоҷиабор, ки хатари нобудшавии миллат ва пароканда гардидани давлат ба миён омада буд, маҳз заковати азалӣ, хиради баланд ва таҳаммулпазириву афкори солими халқи тоҷик замина гузошт, ки мардуми кишвар дар атрофи Сарвари тозаинтихоби хеш ва Ҳукумати қонунӣ муттаҳид шуда, роҳи дурустро пеш гирифтанд. Таърих шоҳид аст, ки ин роҳ роҳи осон ва ҳамвор набуд. Роҳи пур аз тазод, нишебу фароз ва ноумедӣ ба фардои дурахшон буд. Вале дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги таҳмилӣ хомӯш шуда, сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ барқарор гардид. Сулҳи тоҷикон аҳамияти байналмилалӣ касб намуда, ҳамчун таҷрибаи муваффақ мавриди омӯзиши халқҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар мавриди нақши Пешвои муаззами миллат дар таъмини суботи сиёсӣ ва сулҳи тоҷикон чунин таъкид намудааст: “Тамоми таърихи муосири Тоҷикистон бо номи Эмомалӣ Раҳмон комилан алоқаманд аст. Дар тули солҳои президентӣ ба ӯ муяссар гардид, ки сулҳу ризоятро дар кишвар таъмин карда, эҳтироми сазовори ҳамватанон ва нуфузи баланди байналмилалиро пайдо намояд. Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурӣ дар роҳи рушди иҷтимоию иқтисодӣ устуворона пеш рафта, дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ фаъолона иштирок мекунад”.
Воқеан, муҳаббат, эътимод ва эҳтироми халқи тоҷик нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иродаи шикастнопазир, неруи қавӣ ва мустаҳкамашон, ки ба мардуми тоҷик беҳтарин неъмат – озодӣ ва сулҳро эҳдо бахшиданд, сарчашма мегирад.
Устуворӣ ва садоқат дар қавли таърихӣ - “Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард... Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам”, ки дар ҳамон марҳилаи душвор машъали умеди сокинони мамлакатро фурӯзон намуд, сарчашмаи меҳру иродати халқи тоҷик ба Роҳбари олии мамлакат унвон мешавад.
Қадамҳои устувор ба сӯйи тараққиёт, иқдоми созанда ба хотири рафъи монеаву мушкилот, ташкили садҳо корхонаву муассиса, ҷойҳои нави корӣ, тадбирҳои муҳиму муфид ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, некуаҳволии сокинон, дар маҷмуъ, ташаббусҳои судманд баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум аз дастоварди муҳими халқи тоҷик давоми солҳои истиқлол аст, ки аз сиёсати хирамандона ва дурбинонаву ояндаофари Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.
Муҳимтарин дастовард дар ин давра таъмини фазои ором ва амнияти миллист, ки натиҷаи он хотири осудаву ҷамъи сокинони сарбаланди кишвар мебошад. Имрӯз, ки солгарди навбатии Истиқлоли давлатиро ҷашн гирифтем, моро зарур аст, ки беш аз пеш ба қадри сулҳ бирасем ва аҳамияти ин дастоварди нодири таърихиро дуруст дарк намуда, ҷиҳати ҳифзи он саҳмгузор бошем.
Мирзосодиқ САНГИНОВ, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.09.2022 №: 183 Мутолиа карданд: 633