logo

Хабарҳо

Суҳбати телефонии Путин бо шоҳзодаи Арабистони Саудӣ

Lenta.ru. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кремл, Президенти Россия Владимир Путин зимни суҳбати телефонӣ бо валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон оли Сауд масъалаи ҳамкорӣ дар СҲШ-ро баррасӣ кард.  
Мусоҳибон оид ба додани мақоми шарики муколама ба Арабистони Саудӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай, ки зимни нишасти ахир дар шаҳри Самарқанд қабул шуд, мубодилаи афкор намуданд. 
Муҳаммад бин Салмон нақши афзояндаи СҲШ-ро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъкид карда, ҳамчунин, омодагии Ар-Риёзро барои иштироки чашмрас дар фаъолияти ин созмон изҳор дошт.
 
 
 
Даъвати Чин ва Ҳиндустон дар Шурои амнияти СММ 
INTERFAX.RU. Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, дар ҷаласаи Шурои амнияти СММ гуфт, ки Пекин бозгашти Москва ва Киевро ба сари мизи музокирот аз масъалаҳои авлавиятнок медонад.
"Мо бояд ба муколама ва музокира пойбанд бошем. Афзалияти асосӣ барои ҷонибҳо азсаргирии музокирот бе шартҳои пешакӣ ва пойбандӣ ба муколама бидуни пешгӯии натиҷаҳост", - иброз намуд Ван И. 
 Ӯ, ҳамчунин, ҷонибҳоро даъват кард, ки аз муташанниҷ  кардани  вазъ худдорӣ намоянд ва аз ҷомеаи байналмилалӣ хоҳиш кард, то ба мусолиҳа расондани тарафҳои даргир нақши созгор гузоранд.
Субраманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон низ, изҳори итминон кард, ки буҳрони Украина аз тариқи муколама ҳал мешавад.
 
 
Петер Сийярто:  “Будапешт пайгирӣ кардани бастаи нави таҳримҳои зидди Россияро беҳуда мехонад”
RT. Петер Сийярто, вазири корҳои хориҷии Маҷористон, дар пайи мулоқот бо ҳамтои русаш Сергей Лавров изҳор дошт, ки Маҷористон пайгирӣ намудани бастаи нави таҳримҳои зидди Россияро беҳуда мехонад. 
«Мавқеи мо хеле равшан аст. Мо ҳеҷ гуна далелҳои оқилонаро барои татбиқи бастаи нави таҳримҳо намебинем, бахусус он гоҳ, ки сухан дар бораи энергетика меравад”,- иброз дошт Сийярто.  
Ӯ таъкид кард, ки ҷониби Маҷористон ба маҳдудиятҳои эҳтимолии нав алайҳи Россия ризоят намедиҳад, агар онҳо ба манофеи миллии ин кишвар мухолиф бошанд. Ман фикр мекунам, ки ин комилан хилофи манфиатҳои Аврупо ва халқҳои он мебошад.
Вазири корҳои хориҷии Маҷористон, ҳамчунин, иброз дошт, ки иқтисоди Аврупо рӯ ба таназзул ниҳодааст.
Тавре Сарвазири Маҷористон Виктор Орбан қаблан гуфта буд, дар сурати лаҳви таҳримҳо алайҳи Россия, иқтисоди Аврупо метавонад аз таназзул раҳо ёфта, барқарор шавад.
 
 
Эрдоган ният дорад бо Путин ва Зеленский суҳбати телефонӣ анҷом диҳад
Известия. Тавре Роҳбари Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган 22 сентябр гуфт, ӯ мехоҳад пас аз бозгашт аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ҳоло дар Маҷмаи умумии СММ ширкат дорад, бо Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Украина Владимир Зеленский суҳбати телефонӣ анҷом диҳад. 
Ба гуфтаи ӯ, роҳбарони ҷаҳон бояд бо Сарвари Россия барои “боз кардани дарҳои сулҳу субот” суҳбат намоянд ва илова кард, ки СММ, мутаассифона, натавонист ба низоъ дар Украина хотима бахшад, хунрезиро қатъ ва роҳи ҳалли буҳрони энергетикӣ ва ғизоро пайдо намояд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4056
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед