Хабарҳо
ИДОМАИ АМАЛҲОИ ИҒВОАНГЕЗИ ҚИРҒИЗИСТОН
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад, ки амалҳои сершумори вайрон кардани ҳарими ҳавоии мамлакат аз ҷониби ҳавопаймоҳои бесарнишин, ки аз қаламрави Қирғизистон парвоз мекунанд, идома доранд.
Тавре дар изҳороти Вазорат гуфта мешавад, 21 сентябр, аз соати 19:14 то соати 22:46 парвози ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон дар болои шаҳрҳои Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Деваштич, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Рашт ва Мурғоб, инчунин, посгоҳҳои сарҳадии «Росровут», «Муряк» ва «Нуробод» мушоҳида гардиданд.
Вазорат чунин амалҳои иғвоангезонаи ҷониби Қирғизистонро дағалона вайрон кардани тамоми созишҳо ва таҷовуз ба қаламрави давлати соҳибистиқлол мешуморад.
«Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон талаб менамояд, ки фавран вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъ кунад. Дар акси ҳол, ҷониби Тоҷикистон вазъро ҳамчун омодагӣ ба таҷовузи навбатии Қирғизистон арзёбӣ менамояд, ки масъулияти он бар дӯши ҷониби Қирғизистон вогузор хоҳад шуд», - таъкид кардааст Вазорат.
Л. ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 3265