logo

Хабарҳо

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАРОГИРИИ МОЛИЯВӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2026

 
20-уми сентябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026 оғоз шуд. Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини раиси Бонк Гулбаҳор Назирӣ, вазирони адлия, молия, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, Файзиддин Қаҳҳорзода, Раҳим Саидзода, Ширин Амонзода, намояндагони Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ,  менеҷери калони минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Кассандра Колберт, директор ва мушовир-консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломе Стайб  ва дигар шарикони ҳамкор  ширкат варзиданд.
 
Стратегияи мазкур дар асоси меъёр ва принсипҳои қонунгузорӣ, стандартҳои байналмилалӣ, таҳлили вазъи фарогирии молиявӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи он аз ҷониби  Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони ҳамкор таҳия ва тасдиқ шудааст.
Чорабиниро Ҳоким Холиқзода  ҳусни оғоз бахшида, изҳор дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории низоми бонкӣ, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ дар самти истифодаи хизматрасониҳои муосири бонкӣ ва ба ин васила саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ чораҳои зарурӣ андешида, Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2022 - 2026 таҳия намуд, ки он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, № 314 тасдиқ гардид.
 “Боиси хушнудист, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон (СМФМ) яке аз  афзалиятҳои  асосиро дар сиёсати пешгирифтаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҷонибдорӣ намуда, рушди иқтисоди миллӣ ва пешрафти дарозмуҳлати устувор, ки ба аҳолии кишвар маҷмуи хизматрасониҳои гуногун ва босифати муосири молиявӣ, донишҳои мукаммал, устуворӣ дар қабули қарорҳои молиявӣ ва ба ин васила беҳтар кардани вазъи молиявии аҳолиро кафолат медиҳад,  равона шудааст,” – иброз дошт Ҳоким Холиқзода.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода зикр кард, ки фарогирӣ ва саводнокии молиявӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати молиявии давлат маҳсуб ёфта, татбиқи самараноки Стратегияи мазкур имкониятҳои иқтисодии соҳибкорону дигар субъектҳои хоҷагидориро васеъ мегардонад ва бо ин восита барои рушди иқтисоди миллӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Неъматулло Ҳикматуллозода ба Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) барои дастгирӣ ҷиҳати таҳия ва қабули ин санади муҳим барои Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи сипос намуд.
 Дар расми ифтитоҳи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 шарикони ҳамкор - менеҷери калони минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Кассандра Колберт, мушовир-консули Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Саломе Стайб паёми шодбошии худро аз қабули чунин ҳуҷҷати муҳим барои Тоҷикистон баён дошта, гуфтанд: “Дастрасии бештар ба хизматрасониҳои молиявӣ маънои сатҳи хубӣ зиндагӣ, имкониятҳои беҳтари тиҷорат ва сармоягузориро дошта, манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро  ҳимоя менамояд”.
Муаррифии расмии Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026-ро муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ манзури ҳозирон гардонда, аз ҷабҳаҳои калидӣ, мақсад, нишондиҳандаҳо, амалҳо, муҳлат ва сохтори идоракунии Стратегияи мазкур маълумот дод. Зимни муаррифӣ самтҳои асосии Стратегия, аз ҷумла шабакаҳои таҳвил ва хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, гуногуншаклии маҳсулоти молиявӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва саводнокии молиявиро ба таври муфассал шарҳ дод. Зикр шуд, ки зимни таҳияи ҳуҷҷати мазкур ҳуқуқу имкониятҳои занону  ҷавонон ва қишри калонсоли ҷомеа низ ба инобат гирифта шудаанд. 
Ҷаласаро баррасиҳои панелӣ ва сессияҳо идома дода, дар он масъалаҳои амалисозӣ ва ҷорисозии механизмҳои идоракунӣ, нақшаи амал, низоми мониторинг ва баҳодиҳӣ, ҳамоҳангсозӣ, иттилоот оид ба рафти татбиқи Стратегия аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳои масъул, роҳбари Дафтари Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, роҳбари Раёсати таҷриба оид ба таъсиси бозор дар Ховари Миёна, Осиёи Марказӣ, Туркия, Афғонистон, Покистон ва КБМ Далия Халифа, намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ва шарикони ҳамкор мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Бояд тазаккур дод, ки дар доираи расми ифтитоҳи Стратегия давоми ду рӯз гурӯҳҳои корӣ бо ҷалби ҷонибҳои манфиатдор нақшаҳои минбаъдаи амалро бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ таҳия менамоянд. 
Як нукта боиси зикр аст, ки Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо ёрии техникии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ/Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), Котиботи давлатии робитаҳои иқтисодии Швейтсария (SECO) дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳвилгарони хизматрасониҳои молиявӣ, намояндагони бахши хусусӣ, олимон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ  таҳия гардидааст. Стратегияи мазкур дар ҳамкорӣ ва бо назардошти пешниҳодҳои вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, андоз, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои алоқа ва гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, аз 6 боб, 21 параграф, 133 банд, ҷадвали индикаторҳо, нишондиҳандаҳои асосӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозӣ (67 чорабинӣ) иборат мебошад.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед