logo

Хабарҳо

РӮЗИ "ДАРҲОИ КУШОДА" ДАР АМИТ

 
Дирӯз дар Академияи миллии илмҳо Рӯзи "Дарҳои кушода"-и  Академияи хурди илмҳо доир шуд, ки дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва атрофи он  ширкат намуданд.  
Тавре Машраби Абдуллоҳ, сардори хадамоти матбуоти АМИТ иттилоъ медиҳад, Фарҳод Раҳимӣ ба хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ АМИТ-ро муаррифӣ намуда гуфт, ки ҳоло дар ин даргоҳ 26 институт, марказ ва пойгоҳи илмии таҳқиқотӣ фаъолият доранд, ки самтҳои гуногуни илмро пеш мебаранд. Ҷирмҳои осмониро 3 расадхона - Расадхонаи Ҳисор, дар баландии 800 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, Расадхонаи Санглох, воқеъ дар ноҳияи Данғара ва дар баландии 2700 метр ва Расадхонаи Мурғоб, ки дар баландии 4500 метр ҷойгир мебошад, таҳқиқ менамоянд. Ғайр аз ин, академия дар ВМКБ пойгоҳи омӯзиши нурҳои осмонӣ – Помир – Чақалтай дорад, ки  дар  он олимони кишвар нурҳои осмонӣ – хурдтарин зарраҳои тарқишро, ки садсолаҳо қабл дар осмон рух додаанд, мавриди омӯзиш  ва таҳқиқ қарор медиҳанд. 
Абдусаттор Саидов, ноиби президенти АМИТ, доктори илми биология, зимни суханронӣ нақши илми билогияро дар рушди ҷомеаи муосир баррасӣ намуда, хонандагонро ба омӯзиши он даъват кард. Ӯ, аз ҷумла гуфт, ки ҳалли бисёр мушкилоти имрӯза, хусусан бартараф намудани бемориҳои гуногун, ба рушди илмҳои биология вобастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки имрӯз дар ҷаҳон рушди шохаҳои гуногуни ин илм мушоҳида мешавад. Дар кишвари мо 4 пажӯҳишгоҳи биологӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо беш аз 400 олим фаъолият мебарад.  
Дар чорабинӣ ширкаткунандагон аз сатҳи таълим ва омӯзиши илмҳои дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сухан гуфтанд. Аз ҷумла, намояндагони МТМУ № 79 - и шаҳри Душанбе гуфтанд, ки бинобар набудани омӯзгори фанни физика мо донишҷӯёнро барои таълими ин фан ба муассиса ҷалб намудаем. Иштирокдорон аз Литсейи № 3, шаҳри Душанбе, аз дастурҳои таълимӣ шикоят карданд. Ба гуфтаи онҳо  бештари дастурҳои улуми табиатшиносӣ ба талаботи меъёри муосир ҷавобгӯй нестанд. 
Дар анҷом, ғолибони Сессияи баҳории Академияи хурди илмҳо бо ифтихорнома сазовор гардиданд. Ҳамчунин, чанде аз хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аъзои пайваста ва вобастаи Академияи хурди илмҳо интихоб шуданд.
Рӯзи "Дарҳои кушода" ҳамасола дар АМИТ ба хотири ҷалби ҷавонон ба илм ва такмил додани дониши тахассусии онҳо баргузор мегардад. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3066
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед