logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

 
Дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ барқарор хоҳад шуд 
Кумитаҳои давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон протоколи қатъи муноқишаи марзиро ба имзо расонданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Ташиев дар нуқтаи гузаргоҳи сарҳадии «Қизил-Бел» гуфтушунид анҷом дода, оид ба қатъи низоъ дар сарҳади ду кишвар протокол ба имзо расонданд.
Ҷонибҳо изҳори умед намуданд, ки бандҳои созишномаи имзошуда иҷро хоҳанд шуд ва дар сарҳади ду давлат суботу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил барқарор мегардад.
 
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо муовини Дабири кулли СММ 
Дар Ню-Йорк мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷеенбек Кулубоев ва муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва бунёди сулҳ Розмари Дикарло баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни мулоқот доир ба вазъ дар марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагии худро барои идомаи музокирот оид ба ҳалли мусолиматомези минбаъда изҳор карданд.
Илова бар ин, ҷонибҳо аҳамияти иҷрои созишҳоро дар чаҳорчӯбаи Протоколи баимзорасида оид ба ҳалли муноқишаи мусаллаҳона дар манотиқи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 19 сентябри соли 2022 зикр намуданд.
 
Тоҷикистон бо Венесуэла, Сербия ва Марокаш созишнома имзо кард
Дар ҳошияи иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла Карлос Фария, Ҷумҳурии Сербия Никола Селакович ва Подшоҳии Марокаш Носир Бурита мулоқот намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар дод.
Дар вохӯрӣ Созишнома оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Боливариании Венесуэла, Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сербия дар бораи мутақобилан бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ, инчунин, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Подшоҳии Марокаш оид ба лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ба имзо расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3328
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед