logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ НАВИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКИСТОН

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурӣ ва таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро ифтитоҳ карданд.
 
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав  се бинои панҷошёна буда, дорои таҳхона мебошад.
Иншооти таълимӣ барои 1430 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ мегардад. Бино 41 синфхона, 4 толори машғулиятҳои назариявӣ барои 140 нафар, маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ, китобхона бо адабиёти таълимӣ ва забономӯзӣ, 47 ҳуҷраи кории устодон ва таҳхона барои бойгонӣ дорад. Толори варзиши Донишкада аз таъмири асосӣ баромад.
Дар Донишкада 2 синфхонаи лингофонӣ, 9 синфхонаи компютерии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир, китобхонаи электронӣ бо 50 ҷойи нишаст, толори фарҳанг бо 235 ҷой мавҷуд буда, раванди таълим бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо сурат мегирад. Ҳоло дар Донишкада 404 компютер ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 – 2040), дар Донишкада имкониятҳои фарох муҳайё гардидаанд.
Биноҳои нав бо тарҳи зебову замонавӣ ва мувофиқ ба стандарти байналмилалӣ бунёд ёфта, бо тамоми ашёи зарурии илмомӯзӣ муҷаҳҳазанд.
Президенти мамлакат бо шароити муосири донишомӯзӣ дар Донишкада шинос гашта, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Бояд гуфт, ки Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода соли 1979 ҳамчун Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон таъсис ёфт. Бори аввал ба Донишкада донишҷӯён соли 1980 қабул гардиданд, ки шумораи онҳо 525 нафарро ташкил дод. Ба шарофати Истиқлоли давлатӣ шумораи донишҷӯён сол ба сол афзуда, айни ҳол ба 5100 нафар расидааст. Дар Донишкада солҳои аввали фаъолият мутахассисон танҳо дар самти ихтисосҳои факултети филологияи рус омода мегардиданд. Баъдтар, солҳои 2000-ум дар доираи се факултет: филологияи рус, забонҳои Шарқ ва забонҳои романию германӣ ва даҳсолаи охир дар доираи 5 факултет: филологияи тоҷик, филологияи рус, забони англисӣ, забонҳои Осиё, забонҳои Аврупо, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва 31 ихтисос мутахассисон аз рӯи 11 забон дар самтҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ дар зинаи бакалавриат омода мешаванд.
Дар шуъбаи рӯзона ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1796 донишҷӯ, аз ҷумла 1560 духтар ва дар маҷмуъ 4999 донишҷӯ, аз ҷумла 3573 духтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии донишҷӯён 202 нафар тибқи Квотаи президентӣ таҳсил менамояд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Донишкадаро 12 217 донишҷӯ бо касбҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ ва забоншиносӣ хатм намуд.
Дар Донишкада 434 нафар фаъолият менамояд, ки аксари онҳоро ҳайати роҳбарикунанда ва профессорону омӯзгорон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии кормандону омӯзгорон 80 нафарашон устодони дорои дараҷаи илмӣ – 10 нафар доктори илм ва 70 нафар номзадҳои илм мебошанд.
Дар панҷ соли охир дар шуроҳои диссертатсионии ватанӣ ва хориҷӣ аз ҳайати омӯзгорони Донишкада 37 нафар рисолаи номзадӣ ва 4 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя карданд.
Донишкада бо беш аз 52 муассисаву ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд, ки ба пешрафти Донишкада мусоидат мекунад. Дар ин муддат 423 донишҷӯ ба кишварҳои хориҷӣ барои идомаи таҳсил сафарбар шудаанд.
Ҳамзамон, дар ин давра шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дуру наздик низ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура, аспирантура ва курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии Донишкада ба ҳайси донишҷӯ, аспирант ва шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки шумораи онҳо ба  2696  нафар мерасад. Илова бар ин, дар ин муддат ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши забондонии донишҷӯён аз 21 кишвар омӯзгорони соҳибзабон барои кор ва фаъолият ба Донишкада ҷалб гардиданд, ки 213 нафарро ташкил медиҳанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2022    №: 185    Мутолиа карданд: 537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед