logo

Хабарҳо

ТАОМҲОИ ТОҶИКӢ ҒОЛИБИ ҶАШНВОРАИ АНЪАНАҲОИ ФАРҲАНГӢ

 
Дар Боғи истироҳати “Central Park”-и шаҳри Тошкент Ҷашнвораи XVIII хайрияи анъанаҳои фарҳангӣ ва таомҳои миллӣ баргузор гардид. Ҷашнвора бо ташаббуси Бюрои хадамоти дастгоҳи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳандозӣ шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон радифи сафоратхонаҳои дигари хориҷӣ бо суфраи худ дар ҷашнвора иштирок намуд.
Дар пештоқи растаи омоданамудаи Сафорати Тоҷикистон навиштаи “Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хуш омадед!” бо чанд забон овезон буд. Суфрае, ки Сафорат барои ин ҷашнвора густард,  аз таомҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, мисли қурутоб, оши кӯфта, оши бурида, оши палав, шӯрбо, инчунин, бастаи шириниҳо, маҳсулоти аз хамир тайёршуда, себу шафтолуву анор, ангуру анҷир ва амсоли он иборат буд.
 - Бори ҳаждаҳум аст, ки Сафорати мо дар чунин Ҷашнвора ширкат мекунад. Маблағи аз ин ҳисоб ҷамъшуда барои анҷоми корҳои хайрия масраф мегардад. Ин бор низ суфраи мо мавриди таваҷҷуҳи махсуси меҳмонони зиёди  чорабинӣ қарор гирифт. Ҳар кӣ аз таомҳои мо нӯши ҷон мекард, мазаву лаззати онро ҳатман ситоиш менамуд, - мегӯяд корманди Сафорат  Садбарг  Ғаниева.
 Дар саҳнаи васеъ ҳар сафорат барномаи консертии худро низ ба самъи иштирокчиёни ҷашнвора ҳавола намуд. Бо баланд шудани таронаҳои ҷолибу ҷаззоб ва мусиқии форами тоҷикӣ зану мард ба рақс даромаданд ва шодиву сурур тантана кард.
 Дастандаркорони Ҷашнвора дар охир ғолибонро аз рӯи номинатсияҳо эълон карданд. Суфраи тоҷикӣ аз рӯи номинатсияи  “Таомҳои миллии таърихӣ» ғолиб дониста шуда, сазовори мукофоти махсус гардид. Барои ширкати фаъол дар чорабинӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон соҳиби диплом ҳам гашт.  
 
Мирасрор АҲРОРОВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3046
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед