logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ ФАРОТАР АЗ ТАЪРИХИ ПОЙТАХТРО ДАР БАР МЕГИРАД

Аз баракати Ҷашни Истиқлоли давлатӣ имсол низ дар саросари кишвар даҳҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар ин миён Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ҷойгоҳи хос дорад. Он дар худ далелҳои таърихро, ки гузаштаву имрӯзро ба ҳам мепайванданд ва ба худшиносиву худогоҳӣ иноят менамоянд, ҳифз ва мунъакис намудааст.
Он дар бурҷи рамзии «Истиқлол»-и Майдони Истиқлол, ки 121 метр баландӣ дораду чанде пеш бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ифтитоҳ ёфт, ҷой гирифтааст. Ҳамон майдоне, ки дар он чанд рӯзи пеш базми идона тантана дошт. 
Осорхона дар ошёнаи дуюми бурҷ, ки рамзи соҳибихтиёрии миллии мо - тоҷикон мебошад, созмон ёфтааст. Меъморон ин ошёнаро мувофиқ ба талаботи замона бунёд кардаву ба таври миллӣ зиннат додаанд, ки таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Агар чи он Осорхонаи таърихии Душанбе ном гифтааст, аммо экспонатҳояш, хосса тасвирҳои дар он ҷойдода аз таърихи пурмуҳтавои давлатдории тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Бо ин далел метавон гуфт, ки ин макони тозабунёд фаротар аз таърихи Душанберо мунъакис менамояд, ки қобил ба сутуданист. 
Тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ – асосгузори давлати Сомониён хеле ҷолиб аст. Тахт, ки пурра бо усули кандакорӣ оро ёфтааст, далели он аст, ки тоҷикон аз азал мардуми тахтнишин буданду соҳибтоҷу давлат. Болои тахтро тоҷ оро додааст. Тоҷ аз тиллои Тоҷикистон сохта шуда, онро сангҳои қиматбаҳо аз қабили алмос, ёқути кабуд ва лаъли Бадахшон зеб медиҳанд. Рӯи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фар, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст бо 68 шуои зардӯзишуда оро ёфта, ба тоҷи заррин пайваст мебошад ва ин ишора ба эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аст. Аз ду тарафи тахт шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгиранд, ки намунаи онҳо аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Гузашта аз ин, тасвири шери болдор ҳамчун нигоҳдорандаи тахт ва қудрат байни мардуми Бохтари қадим хеле маъмул буд. Қисми қафои тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим - Врахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст. Атрофи тахт 7 калиди тиллоии рамзӣ аз 7 шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ – Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун, Ҳулбук ва нусхаи намунаҳои заррини санъати волои Хазинаи Амударё гузошта шудаанд. 
Чизи дигаре, ки дар ин атроф таваҷҷуҳи касро ба худ мекашад, 3 варақаи заррини аз тиллои Тоҷикистон сохташуда мебошад. Дар ин варақаҳо, ки онҳоро занҷира бо ҳам мепайвандад нахуст акси Куруши Кабир, сипас Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва баъдан Эмомалӣ Раҳмон – Пешво ва наҷотбахши миллату асосгузори давлати навини тоҷикон, ҳаккокӣ шудаанд, ки басо рамзист. 
Таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқи тоҷикро дар 14 акс метавон мушоҳида намуд. Дар ин расмҳо мусаввир Олим Рабизода таърихи тулонии миллати моро бо истифода аз рангҳо пора-пора, аммо ҷаззобу диданӣ нишон додааст ва бо дидани он муҳимтарин рӯйдодҳои таърих аз даврони куҳан то ба замони навин чун навори филм аз пеши назар мегузаранд. 
Дар расми нахустин «Каюмарс ва Ҷамшед», ҳамчун шоҳони аввалини ақвоми ориёӣ, рӯ ҷониби китоби «Авасто» тасвир шудаанд ва ин рамзи он аст, ки тоҷикон аз азал ба китобу китобхонӣ диққати махсус медодаанд. Баъдан, расмҳои сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ, муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ, корнамоии Деваштич, давлатдории Тоҳириён ва Сафориён, Сомониён. Исмоили Сомонӣ дар ҳалқаи вазирон ва аҳли илму адаб, тоҷикон дар асрҳо XI – XVI, Темурмалик - қаҳрамони халқи тоҷик, китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон – Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти Қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Хирот, Ғазна, дастовардҳои фарҳангии як марҳилаи тулонии таърихи ниёгонамонро мунъакис менамоянд. Мусаввир дар таърихи навини тоҷикон сохтмонҳои бузурги давраи истиқлол, Қасри «Арбоб», Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Майдони дӯстӣ», сохтмони аср – НБО «Роғун»-ро тасвир намуда. 
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2022    №: 186    Мутолиа карданд: 587
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед