logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар даврони ташаккули худ забони тоҷикӣ бисёр марҳалаҳои тулонӣ ва мураккабу пурпечутобро тай карда, санҷишҳои сахту сангини таърихро паси сар намуда, дар даврони истиқлол ва бунёди давлати миллӣ рисолати худро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ идома дода истодааст. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳангоми ироаи паёмҳои маъмулии хеш ба масъалаи забон рӯ оварда, ба таҳлили бисёр омилҳое мепардозанд, ки дар сурати дар амал татбиқ гардидани онҳо мавқеъю нуфузи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва забони илм дар ҳамқадамӣ бо замон боз ҳам тақвият меёбад.
Яке аз сарчашмаҳои инкишофи забони модарии ҳар халқу миллат бо забони шеваю лаҳҷа рабт дошта, он ҳамчун ганҷинаи бебаҳои халқ барои ғанӣ гардидани таркиби луғавии забон хизмат мекунад. Дар забони лаҳҷаю шева бисёр дурдонаҳои номакшуф нуҳуфтаанд, ки шинохт ва ба хидмати забони адабӣ истифода бурдани онҳо барои инкишоф, такмилу вусъати имконоти забони адабӣ ёрӣ мерасонанд. Дар робита ба ин, Пешвои миллат таъкид намуданд: «Дар таркиби шеваҳои мардуми мо ҳазорон калимаҳои асилу ноби тоҷикӣ мавҷуданд, ки бо сабабҳои гуногун аз доираи истеъмол берун мондаанд. Вазифаи аввалиндараҷаи забоншиносону фолклоршиносон ин аст, ки зимни таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ чунин калимаҳоро аз дохили шеваҳо дарёфт карда, онҳоро ба доираи муомилоти забони адабии тоҷикӣ ворид намоянд».
Дар замони мо равандҳои ҷаҳонишавӣ ва дастовардҳои босуръати илму техника ва технологияи навин, дар байни аҳли ҷомеа бештар нуфуз пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо ба забони давлатӣ низ таъсир гузошта, барои рушду инкишофи табиии он монеаҳо низ эҷод мекунад. Дар ин замина, мақоми воситаҳои ахбори омма дар ташаккул ва инкишофи забони адабӣ ниҳоят калон буда, арзишҳои фарҳангии мо тавассути онҳо тарғибу ташвиқ мегарданд. 
Шоистаи таъкид аст, ки имрӯз дар забони тоҷикӣ ҳангоми истифодаи истилоҳу иқтибосот қолабҳои муайяни калимаю ибора ва истилоҳсозӣ, ки ба табиати забон мувофиқ бошанд, на ҳама вақт ба инобат гирифта мешаванд. Аз ин рӯ, таъкиди ин нукта ки бояд аз «иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосӣ ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонда шавад», дастури саривақтӣ буда, дар роҳи аз ҳисоби забонҳои дигар ва калимаю ибороти соҳавии улуми гуногун ғанӣ гардондани забон муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, Пешвои муаззами миллат чанд пешниҳодҳои судмандро баён намуданд, ки воқеан ҳам, татбиқи амалии он барои ғанӣ гардондани шабакаҳои иттилоърасонии тоҷикӣ ва гузашта аз он ҳамчун забони илм мавқеи мустаҳкам пайдо кардани забони тоҷикӣ нақши равшан хоҳад бозид. Аз ҷумла: зарурати таҳияи барномаи компютерии «санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ»; феҳристбандии электронии тамоми калимаҳо бар мабнои муҳимтарин сарчашма ва маъхазҳо; ба барномаи компютерӣ ворид намудани тамоми калимаҳои забон, бо алифбои имрӯза ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид намудани шакли электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ….
Дар воситаҳои электронии хабаррасон ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой дода шудани маълумоти муҳими соҳаҳои гуногун, аз ҷумла мероси гаронбаҳои ниёгон, осори адабию бадеӣ, девонҳо, осори адабиётшиносӣ, донишномаҳои соҳавӣ ва ғайра, имкон фароҳам меоваранд, ки хонандагон битавонанд аз шабакаҳои иттилоотӣ ҳамчун сарчашмаи маърифатомӯзӣ баҳраманд гарданд.
Дар  замони  соҳибистиқлолии кишварамон дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба яке аз масъалаҳои  мубрами сиёсати забонии давлату Ҳукумат – эҳё ва ба танзим даровардани номҳои миллӣ ва қадимаи тоҷикӣ, истифодаи саҳеҳ аз қолабҳои калимасозии миллӣ, номгузории мавзеъҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, маҳалу деҳот ва шаҳру ноҳияҳо низ, ки бояд бо такя ба суннатҳои гузаштаи ниёгон амалӣ карда шавад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Аз нав эҳё гардидани номҳои асили миллӣ, таърихӣ ва қадимаи Суғд, Хатлон, Бохтар, Истаравшан, Рашт, Лахш, Сайҳуну Ҷайҳун… на танҳо ба гузаштаи пурифтихори мо ишора доранд, балки ҷиҳати эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули худогоҳиву худшиносии миллии мардуми мо нақши муассир гузоштанд.
Дар баробари ин, чунонки Пешвои миллат таъкид мекунанд, ҳар як шаҳрванди кишвар барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ кӯшиш карда, падару модарон бояд ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд, зеро беэътиноӣ ба забони модарӣ беэҳтиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст. 
Воқеан, дар забони модарӣ ҳамчун дар оинаи пурҷило симои миллат ва тамоми дастовардҳои маънавии он инъикос мегардад ва, аз ин рӯ, дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он зарур мебошад.
Забони мо, сарвати мо ва бойигарии маънавии миллат ба ҳисоб меравад, гиромӣ доштан ва ҳимояи он ба сифати забони давлатӣ вазифаи ҳар кадоми мо соҳибони ин забон мебошад.
 
Тоҷибой СУЛТОНӢ,
доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2022    №: 186    Мутолиа карданд: 647
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед