logo

иқтисод

НОҲИЯИ ПАНҶ. МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД ОЯНДАСОЗ ХОҲАД БУД!

- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Панҷ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо, шаҳраку деҳот ва мардуми сарбаланди он баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, дар ҳашт моҳи сипаригардида ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, - иброз дошт зимни суҳбат Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси ноҳия.
 
КОМЁБИҲО ДАР АРСАИ САНОАТ
 
-– Саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодӣ ба шумор рафта, вобаста ба ин ва, ҳамзамон, бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати мамлакат, яъне саноатикунонии босуръат нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таҳия гардидааст, ки дар он сохта ва ба истифода додани 25 коргоҳу корхонаи хурду миёнаи саноатӣ бо таъсиси 234 ҷойи кор дар назар аст. 
Феълан, 12 корхонаи саноатӣ ва 82 соҳибкори инфиродӣ ба истеҳсоли зиёда аз 20 намуди маҳсулот, аз ҷумла регу сангмайда, гӯшти чорво ва мурғ, панир, маҳсулоти ширӣ, қаймоқ, дуғоб, орд, нон ва маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, пахтаву нахи он, чигит, либоси мактабӣ, консерви меваю сабзавот, дару тирезаҳои пластикӣ, дарвозаҳои филизӣ, сафолак, хишти сементӣ, хишти роҳрав ва ғайра машғул мебошанд.    
Хушбахтона, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 64 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 миллиону 276 ҳазор сомонӣ зиёд аст. 
 
СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ ҳаҷми сармоя 14 миллиону 56 ҳазор сомониро ташкил дод.
Таъмини иҷрои сифатнок ва саривақтии Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025 ба ҳолати 1-уми июли соли 2022-юм дар ҳаҷми 47 лоиҳа ба маблағи 48,4 миллион сомонӣ ё 37 фоиз аз ҳисоби лоиҳаҳо ва  16,5 фоиз аз ҳисоби азхудкунии маблағҳо ба сомон расидааст. 
Ҳамзамон, имрӯз дар ноҳия 44 барномаи соҳавӣ мавриди амал қарор дорад. Аз ҷумла, дар самти соҳаҳои иҷтимоӣ 28, кишоварзӣ 15 ва  саноат 1 адад.
Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ гардидааст, ки он 232 иншооти таъиноти гуногунро бо маблағи 1,3 миллиард сомонӣ дар бар мегирад. Инҳо биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфхонаҳои иловагӣ, беморхона, бунгоҳҳои тиббӣ, дорухона, қасри фарҳанг, толору майдончаи варзиш, коргоҳҳои дӯзандагӣ, коркарди пашму пӯст, пахта, чигит, пилла, истеҳсоли равған, тибит, торак ва пат, қуму шағал, дару тирезаҳои пластикӣ, орд, шолӣ, меваю сабзавот, меваи хушк, гӯшт, шир, гиёҳҳо, чӯб, маҳсулоти заргарӣ, сохтмонӣ, хишт, қаннодӣ ва бунёди сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра мебошанд. Ба замми ин, таъмир, сангфаршкунии роҳҳо, сохтмон ва тармими пулҳо, кашидани хатти оби ошомиданӣ барои аҳолӣ ва дигар тадбирҳои барои рушди ноҳия ва рӯзгори осудаи халқ муҳим амалӣ мешаванд. Агар иқдомҳои асосиро бо рақамҳо гӯем, дар соҳаҳои маориф 16, тандурустӣ 13, кишоварзӣ 6 ва дар соҳаи саноат бояд 18 иншоот бунёд шаванд. То давраи ҳисоботӣ 11 иншоот бо маблағи 2 миллиону 750 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. 
 
ДАРОМАДҲО АЗ АНДОЗ АФЗУДААСТ
Нақшаи қисми даромади буҷети ноҳияи Панҷ дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 22 миллиону 128 ҳазор сомонӣ пешбинӣ  шуда буд. Иҷрои он дар ин давра 22 миллиону 162 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақша 34 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 834 ҳазор сомонӣ зиёд аст.  
 
ДЕҲҚОНӢ ВА САБЗКОРӢ
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 533,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи  соли 2021-ум  26,8 миллион сомонӣ зиёд  гашта, суръати афзоиш ба андозаи 5,5 фоиз таъмин шудааст. 
Дар ноҳия ба ҳолати 1 августи соли ҷорӣ дар майдони 5210 гектар ғалладона, 621 гектар сабзавот, 380 гектар пиёз, 518 гектар картошка, 6 ҳазору 410 гектар пахта, 350 гектар зироатҳои полизӣ, 617 гектар алафҳои бисёрсола кишт шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1 то 45 гектар зиёд мебошад. Кишоварзон то ин давра 32472 тонна сабзавот, 13528 тонна полизӣ, 10789 тонна мева ҷамъ овардаанд, ки аз ҳамин давраи соли 2021 мутаносибан аз 243 то 4342 тонна зиёд аст. 
Чорводорон 2797 тонна гӯшт (дар вазни зинда), 12101 тонна шир ва парандапарварон 3612 ҳазор дона тухм гирифтаанд,  ки нишондиҳандаҳо дар қиёс ба соли гузашта аз 3 то 8 фоиз афзудаанд.
Тибқи дурнамо соли ҷорӣ ба хориҷи кишвар содироти 2260 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ шудааст. То моҳи август 2999 тонна, аз ҷумла 2222 тонна пиёз ва 77 тонна мева тавассути мошинҳои боркаш ва роҳи оҳан содирот шудааст, ки 101,7 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар мавсими корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ зиёда аз 20,2 ҳазор бех ниҳоли сояафкану ҳамешасабз ва ороишӣ шинонда шуд, ки 112 фоизи нақша аст. Барои хурраму зебо гардондани кӯчаю маҳаллаҳои ноҳия 315,8 ҳазор бех гулу гулбуттаҳо шинондаанд.
Ҳамзамон, дар ин давра Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия барои бунёди ҷангал 60 гектар замин омода намуда, бо шинондани 2710 бех ниҳоли писта 13,4 гектар ҷангали нав бунёд карданд.       
Дар қитъаи ниҳолпарварӣ кормандони Муассиса 16000 бех ниҳоли писта ва 1000 қаламчаи хуч мепарваранд.
Барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ 7000 ниҳоли тути навъи “Марҳамат”,  ки аз вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид ва шинонда шуд, ки ҳоло майдони умумии тутзор 34 гектарро дар бар мегирад.
 
ТАДБИРҲОИ ИРРИГАТСИОНӢ
Барои  беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои корам таъмиру барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ, тоза намудани шабакаҳои обдиҳӣ, заҳбуру заҳкашҳо, барқарорсозии иншооти   обтақсимкунӣ ба  роҳ монда шуд, 56,2 километр шабакаҳои обтақсимкунӣ, 36,4 километр заҳбуру заҳкашҳо ба маблағи 318,4 ҳазор сомонӣ тоза карда шуданд, ки дар натиҷа ҳолати мелиориативии  100 гектар замин беҳтар гардид. 
Ҷиҳати таъмини саривақтии хоҷагиҳо бо оби полизӣ аз ҷониби Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия 17 иншооти гидротехникӣ, 21 иншооти обченкунак ва 48 агрегати истгоҳҳои обкашӣ фаъол шуда, киштзорҳо бо оби полизӣ таъмин гаштанд. 
 
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН
Дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ то имрӯз 150 тонна ангишт, 285 метри мукааб ҳезум, печҳои барқӣ ва бухорӣ, генератор ва сӯзишвории дизелӣ захира шудаанд. Беморхона ва бунгоҳҳои тиббӣ низ бо 10 тонна ангишт, ба миқдори зарурӣ бо ҳезум, печҳои барқӣ, бухорӣ, генератор ва сӯзишвории дизелӣ таъмин гаштаанд.  Соҳаҳои нигоҳдории роҳҳо, хоҷагии коммуналӣ, кишоварзӣ ва соҳибкорӣ низ ба мавсими сардӣ омодаанд.
 
ҲАРФИ БОВАРӢ
Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер, раиси ноҳияи Панҷ, пас аз зикри музаффариятҳои меҳнатии сокинони ноҳия гуфт:
- Бовар дорам, ки сокинони меҳнатдӯсти ноҳияи Панҷ дар пайравӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия, бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани Ҷашни муқаддасу воқеан бузурги миллиамон, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ саҳми босазои худро бештар аз ҳарвақта хоҳанд гузошт.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.09.2022    №: 186    Мутолиа карданд: 1147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед