logo

Хабарҳо

ТУЛУИ АДИБИ УМЕДБАХШ

 
Дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ рӯзноманигорони бешуморе заҳмат кашида, ҳамарӯза хабару мақолаҳоро оид ба рӯйдоду воқеаҳо ва ҳодисаю навгониҳо ба мардуми кишвар мерасонанд. Афроде низ ҳастанд, ки фаъолияту эҷоди худро ба адабиёт бахшида, асарҳои пурмазмун меофаранд. Алӣ Ҷӯра, муҳаррири масъули ҳафтаномаи «Минбари халқ», яке аз онҳост. Номбурда ба наздикӣ тавассути нашриёти «Шарқи озод» асари дуюминашро бо номи «Тулуи беғуруб» пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонд.
 
Бояд гуфт, ки пешгуфтори ин асарро Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзо навиштааст.
Асар аз се қисм иборат аст. Қисми якумаш «Эссе» ном гирифтааст, ки дар он 8 хотираи адиб гирд оварда шудааст. Мавзуи эссеҳояш аз ҳаёти шахсони алоҳидаи номдор, паҳлавонони овозадор иборатанд, ки хонанда зимни мутолиаи онҳо бо далерию мардонагии қаҳрамонҳо шинос мешавад. Қобили зикр аст, ки муаллиф бо усули ба худ хос ба майдони адабиёт қадам мондааст. Масалан, дар эссеи «Рустоӣ» бо услуби саволу ҷавоби бибӣ бо набера як мавзуи муҳими иҷтимоӣ, тарҷумаиҳолӣ ҳаллу фасл шудааст. 
Қисми дуюми китоб «Раҳовард» ном гирифта, 6 сафару саёҳатҳои муаллифро ба гӯшаю канори Ватани азиз ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дар бар мегирад.
Адиб ба кадом гӯшаву канори ободу шукуфони кишварҳои тараққикарда рафта, аз комёбиву дастовардҳои онҳо ба ваҷд омада бошад ҳам, вале сарзамини роҳатфазои Ватани худро аз ҳама боло медонад. Мана ба ин пораи қироаткардаи Алӣ Ҷӯра таваҷҷуҳ намоед: «Аммо пораи нони гандумии дар танӯр пухташудаву косаи оби мусаффои рӯди зодгоҳ лаззати дигар доранд»
Дар қисми сеюм ва асосии асар ҳикояҳо гирд оварда шудаанд ва онҳо паҳлуҳои алоҳидаи зиндагии деҳотиёнро фаро гирифтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки Алӣ Ҷӯра ҳамчун журналисти собиқадору варзида кӯшидааст то забони эҷодиёташ сода, хонданбоб, равон ва барои ҳама фаҳмо бошаду дар баробари  ин, хонанда аз он як ҷаҳон ҳаловат мебарад.
Мазмуни асосии асар тасвири хислатҳои неки инсонӣ, талош барои ҳақиқату адолат, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқату ваҳдат, ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободу зебо гардондани кишвари азиз мебошад.
Аз мутолиаи китоби «Тулуи беғуруб»-и Алӣ Ҷӯра бармеояд, ки ҳамаи нигоштаҳои ӯ – эссе, хотира ва ҳикояҳо моли адабиёт мебошанд. Дар ин роҳи мушкил ба адиб барор мехоҳем.
 
Зариф ҒУЛОМ, адиб
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4624
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед