ҳуқуқ
Ҷиноят ва ҷазо
МАРДУМФИРЕБӢ
раиси Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Хатлонро ба толори суд бурд
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти Рано Назирова, раиси Ассотсиатсияи занҳои соҳибкори Хатлон, хабар дода, навиштааст, ки ӯ барои тасарруфи 748 435 сомонӣ аз занони соҳибкори вилоят гумонбар мешавад.
Номбурда ба боварии занҳои соҳибкор даромада, барои қабул намудан ба аъзогии Ассотсиатсия, аз онҳо дар 200 ҳолат маблағи 748435 сомониро гирифта, ваъда додааст, ки пулҳоро дар суратҳисоби соҳибкорон нигоҳ дошта, дар баробари ин, аз ҳисоби Фонди хориҷии “МАR/IIICOPITAL” ба соҳибкорбонувон маблағи грантии бебозгашт ҷудо мекунад.
Бо ҳамин усул Рано Назирова маблағи бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ бадастовардаашро тасарруф намуда, ба занони соҳибкор зарари махсусан калони моддӣ расондааст.
Гуфта мешавад, ки нисбат ба Р. Назирова бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз гардида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст.
Ин банди қонун ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (93 ҳазору 440 то 140 ҳазору 160 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 12 солро пешбинӣ мекунад.
МУШТЗӮРӢ
Ҷанг миёни ҳамсояҳо бо фалокат анҷом ёфт
Кормандони мақомоти милитсия дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 63-солаи сокини ноҳияи Восеъро бо гумони қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карданд.
Ба навиштаи маркази матбуоти ВКД, 24 сентябри соли 2022, тахминан соати 18:30 дақиқа, вай бо ҳамсояаш, ки аз ӯ марди 60-сола ном бурда мешавад, ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт дар сараш задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
ҚАЛЛОБӢ
Гумонбар барои ин амалаш ҷавоб медиҳад
Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятии Ҷамшеди Сайҷалол, мутахассиси шуъбаи № 1 раёсати барӯйхатгирии техникии Корхонаи давлатии фаръии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Душанбе, ки бо гумони қаллобӣ гунаҳгор дониста мешавад, ба суд ирсол гашт.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ ба боварии шаҳрванд “А” даромада, аз вай бо баҳонаи омода намудани шиносномаи техникии ҳавлидории хонаи истиқоматӣ дар ду ҳолат маблағи 1000 доллари ИМА ва 3900 сомонӣ гирифта, ягон амали муайянро иҷро накардааст.
Вобаста ба ин ҳолат, нисбат ба Ҷ. Сайҷалол бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а, в, г” Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.09.2022 №: 186 Мутолиа карданд: 1879