logo

Хабарҳо

ҲАМКОРИҲОИ БМТ БО МАРКАЗИ МИНТАҚАВИИ РУШДИ ИҚТИДОРИ ХБА

 
Дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА барои давлатҳои Кавказ, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон Норберт Функе баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Фирдавс Толибзода саҳми Хазинаи байналмилалии асъорро дар ташаккули институтҳо ва рушди иқтидори омилҳои инсонӣ дар бахши молиявӣ муҳим дониста,  барои ҳамкориҳои доимӣ ва дастгирии ХБА ба низоми бонкӣ ва дар маҷмуъ иқтисодиёти миллии мамлакат изҳори сипос карда, аз нақши марказ ва фаъолгардии он дар давраи ҳассос ва мушкили пандемияи COVID – 19 сухан ронда, зикр намуд, ки он  барои бонкҳои марказӣ ба ҳайси майдони муколама дар муҳокимаи масъалаҳои муҳим  ҷиҳати қабули қарорҳо ва чораҳои ҷавобӣ дар самти танзим ва назорати бонкӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои буҳронӣ ва идоракунӣ дар шароити буҳронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ дар фаъолияти фосилавӣ ва амсоли инҳо хизмат менамояд. Маҳз фаъолияти ҳамин марказ дар даврони мураккаби пандемия имкон фароҳам овард, ки беш аз 260 нафар мутахассиси Бонки миллии Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ, аз ҷумла  семинар, вебинар, мизи гирд ва муҳокимарониҳо ба таври фосилавӣ ширкат варзида, донишу малакаи худро такмил диҳанд.
Ҳамзамон, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамкории оянда бо Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА дар самти танзим ва назорати низоми бонкӣ бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ, бахши сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми пардохт, заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, аудити дохилӣ, омор ва тавозуни пардохт, танзиму назорати суғуртавӣ, таҳияи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ ва комплаенс бо ҷалби ёрии техникӣ изҳори назар кард. 
Норберт Функе изҳор намуд, ки Маркази минтақавии рушди иқтидори ХБА бо 9 кишвар, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории мутақобиларо ба роҳ мондааст. Ӯ барои густариши ҳамкориҳо бо Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати суботи молиявӣ, пешбурди сиёсати самараноки макропруденсиалӣ, идоракунии хавфҳо, танзиму назорати бонкӣ, ки барои суботи молиявӣ ва рушди иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меоварад, омодагии хешро иброз дошт. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед