logo

Хабарҳо

МАВЛОНО – МУРШИДИ ВАҲДАТ ВА ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО. КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

 
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии «Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» ба кори худ оғоз кард. Он, тибқи нақшаи кории Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО, бахшида ба 815-солагии Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид.
Директори Китобхона Ҷумъахон Файзализода меҳмонони дохиливу хориҷиро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла изҳор дошт: «Мавлоно фарзанди як миллат, як минтақаи ҷуғрофӣ ё як давраи мушаххас набуда, андешаҳои безаволаш марбут ба кулли бани башар аст. Аз гӯшаву канори дунё ҷамъ омадани ворисону мухлисон ва пажӯҳандагони осори шоир дар чорабинии имрӯза делели толиби ваҳдати саросарӣ будани ин мутафаккир мебошад».
Дар Конфронс агар як гурӯҳ олимон аз Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Индонезия бо маърузаҳои худ иштирок карда бошанд, гурӯҳи дигари мавлонопажӯҳон тавассути барномаи «Zoom» ва видеороликҳои махсус ширкат варзиданд. Аз ҷумла, Лайло Тоҷир аз Австрия, доктори илми фалсафа Саид Нурулҳақ Ковиш аз Олмон, Ҷавод Ҷалолӣ аз Эрон бо маърузаҳои маҷозӣ ширкат доштанд.
– Ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза руҷуи дигарбораи таърихӣ ба фарҳанги девондорӣ, китобнависӣ, тамаддунофариниву давлатдории халқи тоҷик аст. Яке аз поягузорони адабу фарҳанги ҷаҳонӣ Мавлоност. Бо вуҷуди рушди бемайлони техникаву технология ва тағйири пайдарпайи афкору андешаи башар Мавлоно ҳамоно чеҳраи барҷастаи тамаддун, як инсони ормонӣ ва ишқсаро боқӣ мемонад. Марказҳои бузурги маданӣ ва театру синамои олам ба ин нобиғаи тоҷик рӯ овардаанд ва пайи омӯзиши фалсафаву ҳикмати ӯянд, – баён кард Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати ЮНЕСКО ҳанӯз соли 2007 ҳаштсадсолагии Мавлоноро дар сатҳи ҷаҳон таҷлил кард ва 30 сентябрро ҳамчун Рӯзи бузургдошти Мавлоно дар тақвими хеш сабт намуд.
Бино ба гуфтаи намояндаи Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Кароматулло  Олимов, эҳтирому арҷгузорӣ ба   Мавлоно   бо  ҷашни  соли  2007  ба   итмом нарасид. Ҳамаамон огоҳем, ки 21 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони машриқзамин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро мавриди истифода қарор доданд. Корҳои созандагӣ дар ин ҷо соли 2018 оғоз гардида буданд. 
Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно воқеъ дар шаҳри Кунияи Туркия як каф хок ба марқади Мавлоно дар ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ оварданд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорон метавонанд онро зиёрат намоянд. 
Намояндагони вазоратҳои фарҳанг, корҳои хориҷӣ, маориф ва илм тавассути тарҷумонҳо ба меҳмонони хориҷӣ дар бораи "Хона-музейи Ҷалолуддини Балхӣ" иттилоъ доданд. 
Ифтитоҳи "Хона­-музейи Ҷалолуддини Балхӣ" боз як падидаи ҷадид дар гиромидошти ин фарди беназири ҷаҳон буд. Масоҳати осорхона 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр мебошад. Сутун ва дари хонаҳо бо санъати баланд кандакорӣ шуда, диққати ҳар бинандаро ҷалб месозанд. Хонаи рамзии Мавлоно аз ҳавлии дарун ва берун иборат мебошад. Дар пешайвони даромадгоҳ аз дохил шоҳбайтҳои Мавлоно ҳаккокӣ гардидаанд. Бахши аввали хонаро “Ҳавлии берун” ташкил медиҳад. Дар байни ҳавлии берун сутуни кандакорӣ гузошта шудааст, ки он рамзи анҷоми рақси “Самоъ” аст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хона-музейро дар замони ҷаҳонишваии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Индонезия Муҳаммад Фаҷрул Раҳмон дар мавриди афкори ваҳдатовари Мавлоно сухан ронда, бавижа гуфт: «Шукӯҳ ва азамати ин нобиға дар он зоҳир мегардад, ки забони осори ӯ барои ҳамаи ақвом ва милал якест. Тамоми талоши ӯ ба ҳам созиш додани дину мазҳабҳои мардуми дунё, ба ранги ягона дидани ҳастӣ, маърифати тавҳидии Худованд аст. Бо чунин вусъати андеша зода ва парварда шудани Мавлоно дар Шарқ боиси масаррат ва ифтихори на танҳо шумо, балки мардуми мо ҳам ҳаст».
Иштирокдорон дар нимаи дуюми рӯз ба бахшҳо ҷудо шуда, суханронӣ, мубоҳиса ва таҳлилҳои илмиро идома доданд. Дар рафти Конфронс маҷмуи мақолаҳо бо ҳамномии чорабинӣ «Мавлоно – муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддунҳо» рӯнамоӣ ва ба иштирокдорон тақдим гардид. Китоби мазкур мақолаҳои пажӯҳишгарони дохиливу хориҷиро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва хатти порсӣ фаро мегирад.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6147
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед