Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Известия. Канслери Олмон Олаф Шолс таъйид кард, ки Олмон барои ҷилавгирӣ аз муноқишаи мустақим миёни Россия ва НАТО аз ҳамаи имкониятҳо истифода хоҳад бурд.
ТАСС. Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Россия дар минтақаи пойтахт як таблиғгари созмони террористиро боздошт. Ҷавони 24-солаи зодаи Осиёи Марказӣ ба ҷалби ҳамватанон ба сафи гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”(мамнуъ дар Россия) муттаҳам мешавад.
Gazeta.ru. Вазири корҳои хориҷии Индонезия Ретно Марсуди аз минбари Маҷмаи умумии СММ гуфт, ки агар ҷаҳон ба роҳи айни ҳол пешгирифтааш ҳаракат карданро идома диҳад, инсоният ба ҷанги нави калон дучор хоҳад шуд.
CentralAsia (UZ). Ӯзбекистон ва Қазоқистон дар бораи таъсиси Маркази байналмилалии кооператсияи саноатӣ дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 6003