logo

Хабарҳо

ВАО: “Валиаҳди Арабистони Саудӣ Сарвазир таъин шуд”

 
Мир 24. Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Al Arabiya”, валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон оли Сауд роҳбарии девони вазиронро ба зимма гирифт. Қарори дахлдорро Шоҳ Салмон бин Абдулазиз оли Сауд имзо кардааст.
Ҳамзамон, дар ин санад мушаххас шудааст, ки "маҷлисҳои Ҳукумат, ки дар онҳо Шоҳ шахсан ҳузур дорад, таҳти раёсати ӯ баргузор мешавад". Қабл аз ин, Раиси Ҳукумати Арабистони Саудӣ худи Шоҳ ва валиаҳд муовини аввали Сарвазир ва вазири  мудофиа  буд. Бар асоси фармони Подшоҳи Арабистони Саудӣ, Холид бин Салмон бин Абдулазиз роҳбари Вазорати мудофиа таъин гардид.
 
 
Токаев: “Қазоқистон барои рушди муносибатҳои иттифоқӣ бо Россия ва шарикӣ бо Чин тамоми кӯшишро ба харҷ хоҳад дод”
ТАСС. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки сиёсати хориҷии мо минбаъд низ мутавозин, бисёрҷониба ва созанда хоҳад буд. Қазоқистон барои тавсеаи минбаъдаи равобити иттифоқӣ бо Россия, шарикии абадии стратегӣ бо Чин, ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо давлатҳои бародарии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, тамоми кӯшишҳояшро ба кор мебарад.   
Токаев афзуд, Остона равобити мутақобилан судмандро бо тамоми давлатҳои манфиатдори Осиё, Шарқи Наздик ва Аврупо тавсеа медиҳад. 
 
 
Ҷаласаи XVIII роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
CentralAsia (UZ). 30 сентябри соли равон дар Маскав ҷаласаи XVIII  роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамоти иктишофии кишварҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои иктишофӣ баргузор мешавад. Дар чорабинӣ ҳайатҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Россия иштирок менамоянд.
Ба иттилои котиби матбуоти Президенти Россия, дар доираи кори ин ниҳоди машваратӣ дар назар аст, ки мулоқоти Президенти Россия Владимир Путин бо роҳбарони хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ тавассути конфронси видеоӣ 29 сентябр баргузор шавад.
 
 
Путин аз имкони ҷамъоварии 150 миллион тонна ғалла хабар дод
Комсомолская правда. Президенти Россия Владимир Путин дар ҷаласаи марбут ба рафти корҳои мавсимии саҳро аз имкони ҷамъоварии ҳосили рекордии ғалла дар соли 2022 хабар дод.
Роҳбари Россия зикр кард, ки ҳосили умумии ғалладона дар кишвар имсол метавонад 150 миллион тонна, аз ҷумла гандум 100 миллион тоннаро ташкил диҳад. Ба гуфтаи Путин, ин арзиши рекордӣ дар тамоми таърихи Россия хоҳад буд.
Қаблан Дмитрий Патрушев, вазири кишоварзии Россия, таъкид карда буд, ки ҳосили ғалла соли ҷорӣ метавонад аз сатҳи соли гузашта ба таври қобили таваҷҷуҳ болотар ва ба ҳадди аксар наздик шавад.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5961
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед