logo

иҷтимоиёт

САФАРИ САДОҚАТ. ХОТИРАҲО АЗ НАХУСТСАФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ЛАХШ, БАҲОРИ СОЛИ 1994

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи майи соли 1994 айёми даргириҳо ва ноамнӣ, бахусус дар минтақаи барояш сахт хавфнок, ба ноҳияи дурдасти Лахш (он замон Ҷиргатол) сафар доштанд. Ба гуфтаи шоҳидони воқеа, Сарвари давлат зимни ташриф аз чанд деҳаи ноҳия дидан карда, бо суҳбату дидори гарм дилбардори мардуми ғамзада шуданд. 
- Ба мо аз маркази ҷумҳурӣ ҳар гуна овозаҳо зиёд меомаданд. На мавҷи дурусти радио буду на аз телевизион. Дар атрофи ояндаи давлат гапу овозаҳои бисёр шум мешунидем. Чӣ кор карданамонро намедонистем. Роҳбарият ва масъулони мақомоти маҳаллӣ эътиборе надоштанд. Гурӯҳҳои силоҳбадаст касеро мехостанд азият медоданд ва ғорат мекарданд. 
Дар ҳамин гуна вазъи муташанниҷ Роҳбари навинтихоби кишвар ба ноҳияи дурдасти Лахш ташриф оварданд. Ғайриинтизор субҳи солеҳон маро оҷилан ба маркази ноҳия даъват намуданд, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷо меоянд. Ин хабарро мисле дар хоб мешунидам. Ба худ суол медодам, ки чӣ гуна дар ҳамин вазъияти ноамн ба гӯшаи дури дар қабзаи силоҳбадастон қарордоштаи диёр сафар мекунанд. Ба марказ расидан замон як манзараи хушеро мушоҳида намудам. Ҳоло Роҳбари давлат нарасида, аллакай, дар чеҳраи мардуми интизор хурсандӣ эҳсос мешуд. Зеро  халқ муштоқи як дидори гарму ҳарфи нек буд. Мехостанд бифаҳманд, ки акнун онҳоро кӣ бояд соҳибӣ кунаду ҷомеаро ба роҳи дуруст барад. Ниҳоят, чархбол дар фурудгоҳ нишаст ва Пешвои миллат  бо табассуми малеҳ, чеҳраи кушод даст болои сина бурун омаданд. Бо дӯстдорӣ, суханони дилнавоз ва ғамхорона аз ҳоли мардуми Лахш пурсиданд, бо самимият, бародарвор. Ин дидори хуши Президенти мамлакат боис шуд, ки мардуми Лахш ба ояндаи нек эътимод пайдо намуд. Ба маънои дигар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои яъсу ноумедӣ чун офтобе  дар самои тира  дурахшиданд, - ба ёд меорад Нусратулло Ғафуров, собиқ муовини якуми раиси ноҳияи Лахш. 
Дар ин  сафари ғайримуқаррарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, маҷрои андешаҳои ба нокуҷо равонаро ба самти дуруст баргардонанд. Аз ташрифи нахустини Роҳбари давлат Иззатулло Сайдаминов, собиқадори ҷамъияти “Тоҷикматлубот”, ки ҳайати ҳукуматиро роҳнамоӣ мекард, хотираҳои некро ёдовар мешавад: 
- Бештар ин гуфтаи Сарвари давлат  моро таскин мебахшид: “Ками дигар тоқат кунем, ин ҳама мегузарад. Сулҳу салоҳ наздик аст”. Баъдан,  аз вазъи кишоварзӣ пурсон шуданд. Азбаски моҳи май буд, кишти саривақтии зироатҳоро махсус таъкид доштанд. Аз ҳама даъват намуданд, ки нисбат ба ҳамдигар мушфиқу меҳрубон бошанд. Дар назди Сарвари давлат яке раиси вақти ноҳияро зиёд тавсиф кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ гуфтанд: "Мо наомадаем, ки одамонро ба неку бад ҷудо кунем. Ҳадафи мо маҳви нобаробарӣ ва пойдории адолату амонист”. Вақте ин суханон аз забони Пешвои миллат шунида мешуданд, ҳозирон якдилона онро тасдиқ менамуданд. Бо ҳамин хел ҳарфҳои нек Роҳбари давлат дар як дидор мардуми парешонро дар атрофи сиёсати сулҳпарваронаву созандаи худ ҷамъ оварданд. 
Аслонбек Абдурраҳмон,   раиси вақти ноҳия, бар ин аст, ки сафари нахустини Пешвои миллат дар вазъияти ноором гувоҳи садоқати бемисл ва устуворӣ дар роҳи сулҳу салоҳ буд. 
- Вақте бори дуюм моҳи сентябри соли 2000-ум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Лахш ташриф оварданд, аз тамоми гӯшаю канори ноҳия хурду бузург бо ихлосмандӣ дар майдони вохӯрӣ ҷамъ омаданд, ки як маъракаи бузурги дидор бо Президент ташкил ёфт. Ин аз хотираи ширине, ки дар зеҳни сокинон зимни сафари нахустин нақш баста буд,  бармеомад. Дар сафари дуюм, аллакай, Пешвои миллат баробари сулҳу дӯстӣ кулли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро якҷо бо аҳли ноҳия дар миён гузошта, ҷиҳати рафъи мушкилоти мавҷуда ва рушди соҳаҳо ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд. Ба ҳамин минвол, аз сафар то сафари дигари Пешвои миллат ноҳияи Лахш ба дастовардҳои бузург дар ҳамаи соҳаҳо ноил гардида, босуръат пеш меравад, - гуфт Аслонбек Абдурраҳмон.  
 
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.09.2022    №: 187    Мутолиа карданд: 964
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед