илм
ИЛМҲОИ ДАҚИҚ ВА РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ
- Эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён ва магистрантони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ таъсири мусбат расонд. Натиҷаҳои ширкати донишҷӯёни Донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявӣ собит намуд, ки ҷавонони шавқу завқи зиёддошта ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва фаъолияти ихтироъкорӣ зиёд мебошанд. Озмун яке аз муҳимтарин рукнҳои татбиқи 20-солаи омӯзиши илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ буда, ин тадбири Ҳукумати мамлакат замина фароҳам меорад, ки тафаккури техникии кадрҳои ҷавон тақвият ёфта, истифодаи техникаву технологияҳои муосир дар ҳамаи самтҳо рушд намояд.
Ин матлабро Рамазон Абдуллозода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома иброз дошт.
Воқеан, рушди кишвар, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, техникаю технологияи муосир, фарҳанги техникии шаҳрвандон ба инкишофи фанҳои дақиқ алоқамандии зич дорад. Яъне, илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури техникист.
Дар омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаи энергетика, технология, роҳсозӣ, саноат, меъморӣ ва барномасозӣ нақши Донишгоҳи техникӣ назаррас аст. Аксари мутахассисони ватании соҳаҳои болозикр хатмкардагони ин боргоҳанд.
- Имсол миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи касбӣ-техникии идораи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум оид ба бунёди устохонаи ба номи Лу Бан дар Тоҷикистон имзо гардид. Тибқи он, устохона бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои факултети сохтмон ва меъморӣ бунёд мегардад, ки якумин устохона дар Осиёи Марказист. Ҳоло сохтмони он ҷараён дорад. Устохонаи ба номи Лу Бан мутахассисони баландкасби соҳаҳои сохтмон ва геодезияро омода месозад, - гуфт муовини ректор.
Озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии ба номи ал-Ҷазарӣ дар Осиёи Миёна аз маҷмуи дастгоҳ ва таҷҳизоти рақамӣ иборат буда, барои тарҳрезӣ ва тайёр намудани робот, инчунин, дигар асбоби худидорашаванда (мехатроника) пешбинӣ гардидааст. Ин озмоишгоҳ имкон фароҳам меорад, ки раванди пурраи технологии истеҳсолот, яъне аз тарҳрезӣ то маҳсулоти тайёр дар фазои сеченака анҷом дода шавад.
Бо истифода аз шароити доштаи Донишгоҳ парки технологии муассиса барои баланд бардоштани корҳои ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни донишҷӯён озмуни «Ихтироъкорони ҷавон»-ро роҳандозӣ кардааст.
- Имкониятҳои фароҳамовардашуда замина гузоштанд, ки дастпарварони мо дар даври ҷумҳуриявии Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” натиҷаҳҳои хуб ба даст оранд. Соли 2021 донишҷӯи мо ғолиби Озмуни ҷумҳуриявӣ гашта, се нафари дигар ҷойи сеюмро гирифтанд. Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника” аз Донишгоҳ ду нафар (ҷойи якум ва сеюм) мақоми ифтихориро касб намуд. Давоми солҳои 2021 – 2022 бошад, олимони Донишгоҳ ихтироотҳояшонро дар Маркази миллии патенту иттилоот сабт карда, соҳиби 60 патент гаштанд.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2022 №: 187 Мутолиа карданд: 2099