иқтисод
МАМАДШО ИЛОЛОВ: “МУТАХАССИСОНИ БАЛАНДИХТИСОС НАМЕРАСАНД”
Бо ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шудани саноатикунонии босуръат, талабот ба мутахассисони баландихтисоси соҳа афзуд. Зеро, бе кадри кордон истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ғайриимкон мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар суханрониҳояшон пайваста ба масъалаи беҳбуд бахшидани раванди омодасозии мутахассисони соҳа таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Вобаста ба ин, суҳбате оростем бо дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино академик Мамадшо Илолов.
СИФАТИ ТАЪЛИМРО БАЛАНД БАРДОРЕМ
- Устоди муҳтарам, ҳоло ки саноатикунонии босуръатро пеш гирифтаем, омода намудани мутахассисони соҳа аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбанд. Чун ҳанӯз ҳам камчинии муҳандисону технологҳо ва барномасозон ба назар мерасад. Мехостам суҳбатро аз ин нукта оғоз бахшем.
- Дар ҳақиқат, ин масъала хеле муҳим аст ва андешидани тадбирҳоро тақозо дорад. Ҳоло аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо як силсила чорабиниҳо амалӣ шуда истодаанд. Барои мисол, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ҳамасола аз сатҳи маҳаллӣ сар карда, то ҷумҳурӣ гузаронда мешавад, ки саривақтист. Вале пӯшида нест, ки солҳои охир хатмкардаҳо дар муқоиса ба ихтисосҳои ҳуқуқшиносиву иқтисодӣ, ба факултетҳои технологиву риёзӣ, муҳандисиву барномасозӣ майли камтар доранд. Ин ҷо сабабҳо зиёданд. Аз ҷумла, дар мактаб илмҳои риёзиву кимиё, физикаву биология дар сатҳи зарурӣ омӯзонда намешаванд, ки проблемаи асосист. Омӯзгорони ҷавон, мутаассифона, таҷрибаи кофии дарсгузарӣ надоранд. Истеъдоди хонанда ё донишҷӯро бошад, танҳо муаллими таҷрибадор кашф карда метавонад. Аз ин рӯ, нахуст зарур аст, ки сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорем. Махсусан, дар мактабҳо дарс тарзе ба роҳ монда шавад, ки кӯдакону наврасон аз рӯи шавқу завқ ва маҳораташон касби ояндаашонро интихоб намоянд. Албатта, мактабҳои хуб дорем, хонандагони муваффақ низ. Вале бо ин наметавон қонеъ шуд. Барои рафъи ин мушкил, ба андешаи ман, аввалин коре, ки бояд сомон ёбад, баррасии имтиёзҳо барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аст, то мо беҳтаринҳоро барои тадриси насли наврас ҷалб созем.
ИСТЕҲСОЛИ ТЕХНИКА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИР ДАР МАДДИ АВВАЛ
- Сарвари давлат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки чаро мо наметавонем техника ва технологияро дар мамлакат эҷод ва истеҳсол намоем, то дастнигари дигарон набошем? Вазъи воқеӣ бошад, нишон медиҳад, ки дар кишвар ихтироъкорону навоварон кам нестанд. Аммо натиҷаи заҳматашон аксар маврид рӯи коғаз мемонаду дастовардҳои илму техника дар истеҳсолот ҷорӣ намегарданд. Сабаб чист?
- Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурусту бамаврид аст. Дунёро бинед, ки бо чӣ суръат пеш меравад. Дар як моҳ дар ин ё он самти саноат ё технология тағйироти ҷиддӣ ба амал меояд. Аз ин хотир, зарур аст дар кишвар коркарди технологияҳои наву муосирро ҷорӣ намоем. Дар акси ҳол, аз ҷаҳони мутамаддин қафо мемонем.
Технологияро то худамон истеҳсол накунем, он аз мо намешавад ва дуруст баҳраманд ҳам нахоҳем шуд. Пеш аз ҳама, дар барномасозӣ SOFT WAY-ро, ки асоси компютер аст, таҳия намудан лозим. Донишҷӯе, ки факултети математика ё информатикаро ба итмом мерасонад, бояд барнома сохта тавонад. Чун сухан дар бораи компютер рафт, фикр мекунам бунёди як корхонаи он дар Тоҷикистон кори мураккабе нест. Лекин, як нозукиро ба инобат бояд гирифт. Агар мо компютер барорем, мумкин нархаш гарон афтад, зеро дар ин ҷода Чину Ҳиндустон ва ИМА пешсафанд ва мо имкони рақобат бо онҳоро надорем. Аммо метавонем ягон қисми онро истеҳсол намоем. Яъне, бо назардошти имкониятҳо бояд самти худамонро муайян созем, то дар бозор рақобатпазир бошем.
Мамлакатҳои хурде чун Сингапур, Корея, Таиланд имрӯз корҳои бузургро анҷом медиҳанд. Аз ҷумла, Сингапур шаҳр – давлат аст. Аз сабаби он ки маҳсулоти мебаровардааш гаронарзишу серталабот аст, ҳаҷми ММД-аш низ ниҳоят бузург мебошад.
Дар масъалаи татбиқёбии кашфиётҳо ҳаминро гуфтаниам, ки, воқеан ҳам, натиҷаҳо хеле каманд. Маркази миллии патенту иттилоот корашро ба тарзи муосир ба роҳ намондааст. Бояд онҳо қабл аз додани патент пурсанд, ки ин навоварӣ кай ва дар кадом соҳа амалӣ мегардад. Пештар буд ё не? Чӣ натиҷа медиҳад? Дар асл он инноватсия ҳаст ё не... Дар сурати посух ёфтан ба ин саволҳо, ба гирифтани патент иҷозат диҳад. Аммо ин меъёрҳо аксар маврид аз мадди назар дур мемонанд. Барои ҳамин, патент зиёду амалаш кам. Марказро мебояд аз кишварҳои мутараққӣ таҷрибаи пешқадами додани патент ва муайянсозии арзиши ихтирою навовариҳоро омӯхта, дар мамлакат ҷорӣ намояд ва патентро бо назардошти ниёзи соҳаҳои истеҳсолот диҳад.
ТАҶДИДИ СОХТОРИ САНОАТ, ЯЪНЕ ЧӢ?
- Ихтироот аслан вақте сурат мегирад, ки ягон соҳаи истеҳсолот ба он ниёз дорад. Олим бо фармоиши корхона ихтироотро анҷом медиҳаду ширкат онро мехарад. Ин ҳам ба суди ихтироъкор асту ҳам корхона. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт мушкилиҳо ҳанӯз зиёданд...
- Мутаассифона, ин ҷо сабабҳои объективӣ мавҷуданд. Аз ин рӯ, илму истеҳсолот ба таври кофӣ ҳамоҳанг нестанд. Аввал бояд сохтори саноати кишварро таҷдиди назар кард. Он чи аз замони шуравӣ боқӣ монда, дигар корношоям аст ва ё бозор надорад. Таҳқиқот технологияҳои навро тақозо дорад. Мо бояд кластерҳои махсус ташкил диҳем ва аз рӯи дархости вазорату идораҳо ба ихтироъкорӣ машғул шавем. Барои ин донистан лозим, ки корхонаҳо чӣ мехоҳанд? Вазоратҳо баробари ҳайатҳои кориашон, инчунин, шуроҳои илмӣ – техникӣ доранд. Ин шуроҳо соле ҳадди ақал як бор бо олимони соҳа вохӯрӣ гузаронанд, то мо аз мушкилиҳояшон воқиф гардем ва дар ҳалли он ёрӣ расонем.
Дигар проблема ҷавобгӯ набудани таҷҳизоти лабораторияҳо ба талаботи рӯз аст. Ҳоло барои мо озмоишгоҳҳои махсус, марказҳои технологии нав лозиманд, ки пештар ба онҳо ниёз надоштем. Микроскопу системаҳои нави технологии таҳқиқотӣ гаронанд. Лекин, барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ, онҳоро харидан мебояд.
- Ба таҷдиди сохтори саноат ишора кардед. Чиро дар назар доред?
- Саноат бояд ба замон мувофиқ бошад ва аз рӯи имкониятҳо донем, ки чӣ корро анҷом дода метавонем. Барои мисол, ангиштро мегирем. Захирааш дар ҷумҳурӣ хеле зиёду сифаташ ҳам хуб. Танҳо муайян кардан даркор, ки аз ангишт чӣ истеҳсол карда мешавад. Дигар ин ки Тоҷикистон дар камари офтобӣ ҷой гирифтааст. Аз рӯи миқдори рӯзҳои офтобӣ, кишвари мо дар дунё яке аз аввалинҳост. Садҳо самти истифодаи энергияи Офтоб ҳаст. Масалан, маъдане дорем бо номи квартс. Аз он метавон элементҳои офтобиро истеҳсол кард. Чин дар он ҷода хеле пешсаф асту ҳамкорӣ бо он манфиатовар. Дар умум, намудҳои саноатро ҳам нав ва ҳам ба замон мувофиқ кардан лозим, то маҳсулот бозоргир бошад.
Албатта, барои даст ёфтан ба дигаргунсозии сохтори саноату ноил гардидан ба натиҷаҳои боз ҳам баландтари илмӣ вақт лозим. Иқдомҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, махсусан Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон, дар самти ташкили озмуну ба ин васила кашфи истеъдодҳо рӯи кор омада истодаанд, ба ояндаи беҳтари илму истеҳсолот моро умедвор месозанд.
-Ташаккур барои суҳбат.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2022 №: 187 Мутолиа карданд: 1404