иҷтимоиёт
МЕҲРГОН ИДИ ФАРОВОНИСТ
Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.
Эмомалӣ РАҲМОН
Маълумотномаи пешниҳодшудаи «Ҷашнҳои хуҷастаи ниёгон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи тайи ҳазорҳо сол паймудаи халқи мо дар арсаи таърих, тамаддун бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум аст. Бисёр маълумот ва номҳое, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешавем, ҳанӯз дар забони падару бобоёнамон зинда мебошанд.
Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки онро ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накукорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон таҷлил мекарданд. Ҷашни Меҳргон рӯзи 16-уми меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шуда, таърихи чаҳор ҳазорсола дорад. Ин Ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо гаштааст. Меҳргон, асосан, иди ҳосилот аст ва дар саршавии фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки он бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла оғоз менамуданд. Мувофиқи достонҳои қадим гӯё Фаридун дар ин рӯз бар Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, туҳфаҳо тақдим менамуданд ва ҳамдигарро табрик мекарданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мегирифтанд, ки Меҳргони бузург ном дошт.
Дар давраи Сосониён Ҷашни Меҳргон бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба Иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Одамон хонаю дарашонро тоза карда, беҳтарин либосашонро мепӯшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рӯз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд.
Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба Ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили Иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бошукӯҳу манзалат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш, асосан, бо шуғли кишоварзӣ ва рӯзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Иди бостонӣ ҳар сол моҳи октябр бошукӯҳ таҷлил мегардад. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рӯзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рӯзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб, номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи оини гузаштагонамон, дар рӯзҳои Ҷашни Меҳргон маросими зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӯ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст. Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавриди Ҷашни Меҳргон гуфтааст:
Малико Ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Манучеҳри Домғонӣ бошад, мефармояд:
Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,
Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон…
Аз нигоришу тавсифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеоянд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рӯзгори мардум иртибот дорад.
Ҷамил ВАЛИЕВ, корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 29.09.2022 №: 187 Мутолиа карданд: 712