logo

Хабарҳо

“ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 сентябри соли равон дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд  шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” ифтитоҳ гардид.
Зимни кушодашавии намоиш директори Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” Иброҳимзода Зафаршо Сафо зикр кард, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии “Гиме”–и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ гардида, муддати 3 моҳ идома ёфт.
Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ба тамошо гузошта шуд, ки онҳо инъикосгари таърихи беш аз 6 ҳазорсолаи халқи куҳанбунёди тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи IV то мелод ва давра ба давра то асри Х мелодӣ мебошанд.
Зимнан, дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” баъд аз бозгашт аз Ҷумҳурии Фаронса рӯзи 25 феврали соли 2022 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” ифтитоҳ гардид. 
Ҳадаф аз ташкил ва ифтитоҳи шакли хурди намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар шакли сайёр дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардани дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ошно намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа бо таъриху фарҳанги пурғановати миллати тоҷик мебошад. 
Намоиши “Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ” то 30 сентябр идома меёбад. 
 
Нодира ОЛИМОВА, 
корманди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 4694
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед