logo

Хабарҳо

ҶАЛАСА ОИД БА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГИИ АҲОЛӢ

Таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ баргузор гардид, - хабар дод Кумитаи ҳифзи муҳити зист.
Дар ҷаласа ҳисоботи аъзои комиссия, аз ҷумла раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷуразода ва раисони комиссияҳои минтақавии байниидоравӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба иҷрои Барномаи давлатии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, шунида шуд.
Масълаҳои дахлдор дар самти ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, истифодаи оқилонаи замин, сарватҳои табиӣ, беҳдошти ғизои аз ҷиҳати экологӣ солим, таъмини амнияти экологӣ, тозагӣ ва сабзу хуррамгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мавриди таваҷҷуҳи масъулон қарор гирифтанд.
 
 
ВОХӮРИИ СИРОҶИДДИН МУҲРИДДИН БО ЭРИК ГРИН
Дар шаҳри Вашингтон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари вижаи Президенти ИМА – мудири аршад оид ба Россия ва Осиёи Марказии Шурои амнияти миллӣ Эрик Грин баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ дод, ки ҷонибҳо роҷеъ ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ, рушди муносибатҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн табодули афкор намуданд.
 
 
ТОҶИКДУХТАР ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ СОҲИБИ ҶОИЗАВУ ДИПЛОМ ГАРДИД
Зодаи Тоҷикистон Аслигул Тиллохонова дар Озмуни байналмилалии забонҳои англисӣ ва арабӣ дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср комёб гардида, соҳиби ҷоиза ва диплом шуд, - хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Чанде қабл тариқи онлайн  Озмуни байналмилалии забонҳои англисӣ ва арабӣ баргузор шуд, ки Аслигул Тиллохонова дар он иштирок намуда, сипас ба шаҳри Қоҳираи  Ҷумҳурии Арабии Миср даъват  шуд. Ӯ  дар Донишгоҳи Ал-Азҳар миёни довталабони 43 давлати дунё баромад намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардид.
Аслигул соли 2017 дар шаҳри Вашингтон низ дар барномаи «Flex» иштирок карда, миёни намояндагони 35 давлат ҷойи 3-юмро соҳиб шуда буд.
Мавсуф хатмкардаи факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад.
 
 
ОЗМУНИ «БЕҲТАРИН АКСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»
КОРМАНДИ «ҶУМҲУРИЯТ» САЗОВОРИ ҶОЙИ АВВАЛ ШУД
Комрон Сафаров, сармутахассиси шуъбаи иттилооти рӯзномаи «Ҷумҳурият», дар озмуни «Беҳтарин акси шаҳри Душанбе», ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт бахшида ба таҷлили 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гашта буд, сазовори ҷойи аввал гардид. 
Озмун дар доираи Конфронси илмӣ - амалӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар мавзуи «Душанбе – шаҳри имкониятҳои рушди сайёҳии устувор» бо иштироки доираи васеи меҳмонону иштирокчиён ҷамъбаст шуд. 
Тибқи натиҷагирии ҳайати ҳакамон, ҷойи аввал насиби Комрон Сафаров гашт. Ӯ бо Диплом ва туҳфаи арзанда сарфароз шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2946
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед