ҳукумат
ИТТИЛОИЯ
29 сентябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт.
Дар маҷлис нахуст “Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот” ҳисоботи раиси ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон Ғаффор Ҷабборӣ шунида шуд.
Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳритус субвенсионӣ буда, ҳар сол зиёда аз 20 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети маҳаллӣ ворид мегардад. Дар 6 моҳи аввали соли 2022 нақшаи буҷет бо назардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 миллиону 669 ҳазору 500 сомонӣ ба иҷро расид, ки 103, 6 фоизи нақшаи андозро ташкил менамояд.
Давоми 6 моҳи соли 2022 мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳритус барои солҳои 2021-2025 аз 94 лоиҳа 38 - тоаш ба маблағи 54 миллиону 419 ҳазор сомонӣ иҷро шуд, ки 36 фоизи нақша мебошад. Дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар амал аст, ки маблағи умумии азхудшуда 2, 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳолати 6 моҳи аввали соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 миллиону 657 ҳазор сомониро ташкил дод. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақша 6350 тонна буда, 6398 тонна ё ин ки 102,8 фоиз иҷро гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 90 миллиону 885 ҳазор сомонӣ расид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус супориш доданд, ки фаъолиятро оид ба таъмини рушди устувори соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ноҳия пурзӯр намоянд, оид ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет, кам кардани бақияпулиҳои андоз, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, нафақа ва дигар кумакпулиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд, ба истифодаи самараноки заминҳо, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, сохтмони иншооти маишию варзишӣ, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ, ба масъалаи беҳдошти сатҳи зиндагии сокинони ноҳия, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.
Сарвари давлат ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта 4 моҳ муҳлат доданд.
Сипас, масъала «Дар бораи таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки лоиҳаи Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо мақсади сифатнок ва сари вақт таҳия намудани дурнамои нишондиҳандаҳои асосии мақроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то 1 июни соли 2023 лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии онро барои солҳои 2025-2026 ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ” ва 8 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, оид ба пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан”, дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ”, дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ” ва дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи Стратегияи рушди иқтисоди “сабз” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», «Дар бораи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022 – 2027» ва «Дар бораи Низомномаи тартиби гузарондани ҷамъомадҳои ҳарбӣ бо шаҳрвандоне, ки дар ҳайати эҳтиёт қарор доранд», мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷамъбасти маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, захираи кофии маводи озуқа, сӯзишворӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар, роҳбарияти вазорату идораҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас доданд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.09.2022 №: 188 Мутолиа карданд: 1639