logo

сафарҳо

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ  “МАКТАБИ БА НОМИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА” 
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Мактаби ба номи Мирзо Турсунзода”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити таълимии он шинос шуданд.
Муассисаро дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳибкор Аҳрор Солиев бунёд кард.
Бино аз се ошёна, таҳхона, 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои корӣ иборат мебошад. 
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави соҳаи маориф, 48 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд, ки аз ин 25 нафарашон омӯзгорони ботаҷрибаанд.
Дар ошёнаи якуми бино синфхонаи компютерӣ, маҳфили эҷодӣ ва ду синфхонаи таълимӣ, дар ошёнаи дуюм шаш синфхона ва дар ошёнаи сеюм китобхона ва синфхонаи шоҳмот, дар таҳхона ошхона, толори варзиш, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон ҷойгиранд.
Таҳсил дар муассисаи навбунёд бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешаванд. Илова бар ин, дар доираи эълон шудани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040) тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.
Дар ҳудуди мактаб майдончаи бозии футбол бунёд гардида, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ шароити мусоид фароҳам мебошад.
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ИСЛОМ” 
3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии «Ислом» ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣ оғоз бахшиданд.
Хоҷагӣ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ҷой гирифта, соли 2000 аз ҷониби оилаи Бобохоновҳо таъсис ёфтааст ва дар ихтиёри худ 1,2 гектар замин дорад.  
Иттилоъ доданд, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Ислом” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар 0,6 гектар ин навъи зироат кишт шуд.
Зимни боздид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо деҳқонон суҳбат ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ шолӣ кишти такрорӣ буда, қабл аз ин аҳли заҳмат дар 0,6 гектар ғалла кошта, 2,5 тонна ҳосил гирифтанд. 
Хоҷагидорон соли сипаришуда аз 0,6 гектар шолӣ беш аз чор тонна биринҷи аълосифати навъи «Лазер» рӯёнданд. Имсол бошад, аз хӯшаҳои серҳосилу пурбори шолӣ умед доранд, ки ҳосили баланди биринҷ бигиранд.
Дар баробари шолипарварӣ, саҳмдорон ҳамасола дар қитъаҳои алоҳидаи хоҷагӣ шалғам, помидору бодиринг, сирпиёз, лаблабу, қаланфур ва кабудиҳо кишту парвариш ва истеҳсол намуда, ба фурӯш мебароранд. Ҳоло дар кишти такрорӣ дар 0,6 гектар карам ва 0,3 гектар бойимҷон кошта шудааст.
Ба гуфтаи роҳбари хоҷагӣ, саҳмдорон то имрӯз беш аз 8 тонна ҳосили бойимҷон ҷамъ оварда, ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуданд ва аз ин ҳисоб 80 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварданд.
Бо ҳамин тариқ, аҳли заҳмати хоҷагӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам дар кишти такрорӣ ҳар як қитъа замини обиро босамар истифода бурда, ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона ва сабзавоту полизӣ, машғул мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ғалладона шинос шуданд. Аҳли заҳмат маҳсули худ, аз ҷумла навъҳои гуногуни шолӣ, ҷав, гандум, зағир, маккаи дон, мошу нахӯд ва лӯбиёро ба намоиш гузоштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам истифодаи босамари замин ва ба ин восита, истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хоҷагидорон ва масъулони соҳа маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
 
ТАШРИФ БА ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «БОҒИ СОМОН» 
3 октябр дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи ангури навъи «Шоҳона»-и Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд.
Дар хоҷагӣ парвариши ангури навъи «Шоҳона» дар масоҳати беш аз 50 гектар ба роҳ монда шуда, ин навъи ангур ба обу ҳавои минтақа мутобиқ аст. Аз ин рӯ, хоҷагидорон ҳамасола ҳосили хуб ба даст оварда, маҳсулотро ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар ба фурӯш мебароранд. Ин навъи ангур бо таъму лаззат ва рангу шакли худ аз дигар намуди ангур тафовут дошта, ба иттилои масъулон, аз ҳар гектар токзор хоҷагидорон аз 30 то 35 тонна ангури аълосифат ба даст меоранд. 
Боғи ангури навъи «Шоҳона»-и Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» соли 2009 бунёд ёфта, ҳамасола ҳосили хуб ба бор меорад ва он талабгорони зиёд дорад. Дар маҷмуъ, самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, масоҳати боғҳои ангур ба 500 гектар мерасад.
Зимни боздид иттилоъ доданд, ки ҳоло аҳли хоҷагӣ беш аз даҳ навъи ангур парвариш намуда, дар самти таъмини аҳолии кишвар бо ин навъи маҳсулот ҳиссаи назаррас дорад. Ҳамчунин, хоҷагидорон панҷ навъи ангури дигарро аз кишварҳои мухталиф ворид намудаанд ва айни замон дар марҳилаи таҷрибавӣ нигоҳубин мешаванд. Аз ҷумла, аз иёлати Калифорнияи ИМА навъи «Аватар» ворид гардидааст, ки бедона буда, ба иқлими кишвар мутобиқ аст.
Тавре ки кишоварзон ба Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани марҳилаи таҷрибавӣ, аз ҳисоби навъҳои нав метавон майдони токзорро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки нигоҳубин ва рафти омӯзиши ин навъи ангур бо назардошти тамоми меъёрҳои аграрӣ ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба амалӣ шавад.
Қобили зикр аст, ки Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1100 нафар саҳмдор дорад ва Сарвари давлат, зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Турсунзода, аз вазъи нашъунамои токзорҳои хоҷагиву рафти ҷамъоварии ҳосил бохабар мегарданд.
«Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини токзор доранд.
Саҳми хоҷагӣ дар таъмини аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи кор назаррас буда, хусусан, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил то 3 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб мешаванд. 
Айни замон дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш», «Президент», ки, асосан, навъҳои маҳаллӣ ба шумор мераванд, парвариш мешаванд. Тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ токзор ҳосили бештар дорад.
Бо дарназардошти талабот, хоҷагӣ имсол барои содирот аз ҳисоби ҳосили токзор мавизи сиёҳ омода карда, аллакай, ба дигар давлатҳо беш аз 1000 тонна ба фурӯш баровард.
Ангури истеҳсолгардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ба Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Қазоқистону Покистон содирот мешавад. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки ҳосили пурбори токзорро бо назардошти тамоми меъёрҳо сари вақт ҷамъ оварда, дар баробари фурӯш, ҳамчунин, захирасозии онро дар сардхонаҳо хуб ба роҳ монанд, то аҳолӣ дар фасли зимистон ҳам бо ин навъи маҳсулот таъмин бошад.   
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 1745
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед