logo

сиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз он ифтихорманд ҳастанд, ки бо заҳмату талош ва хираду тадбирҳои ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу осоиш ва ваҳдату ҳамдилӣ пирӯз шуд, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар тамоми олам ҳамчун макони сулҳ ва созгории миллӣ шинохта шуд, партави нуру сафо, ҳамдигарфаҳмӣ  ва осудагӣ хонадони ҳар як тоҷикро бо анвори худ равшану музайян гардонд.
 
Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвар, роҳбару раҳнамои дурбину дурандеш, созанда ва ғамхору ватандӯст аз нахустин рӯзҳои фаъолияти хеш барои анҷом додани рисолати таърихие, ки давру замон ба уҳдаашон гузошта буд, камари ҳиммат баста, дар кӯтоҳтарин муддат мардумро аз зулмоти яъсу ноумедӣ ба соҳили наҷот раҳнамоӣ намуданд ва дар дилҳои онҳо чароғи эътимод ва бовариро барои расидан ба ояндаи дурахшон ва фаро расидани замони сулҳи деринтизор неру бахшиданд. Нахустин башорати ин андешаи хирадварзона хотима ёфтани ҷанги бародаркуш ва дар саросари кишвар тантана намудани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки ҳамчун падидаи нодири тасҳили ихтилофу носозгориҳо ва дар саросари кишвари тоҷикон пойдор намудани сулҳ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуд. 
 Яке аз пурарзиштарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфтани давлатдории миллӣ ва эҳёи дубораи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик маҳсуб меёбад, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди қавӣ дорад.
Дар ин давра дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишварамон дигаргуниҳои куллӣ ба вуҷуд омада, масоили ташаккули худшиносии миллии ҳамватанон, шинохти чеҳраҳои адабию ҳунарӣ ва сиёсии тоҷикон, бузургдошти забони миллӣ ва дар маҷмуъ, чопу интишори китобҳои руҳияи баланди миллидошта боло гирифт.
Аввалин иқдомоти Роҳбари мамлакат баъди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Тоҷикистон аз ҷудо намудани 75 ҳазор гектар замин барои беҳбудии зиндагии мардум, бузургдошти ҳазораи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, 1100-солагии Давлати Сомониён оғоз ёфта, сипас, бо таҷлили 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори Шодмон, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1310–солагии бузургдошти саромади мазҳаби ҳанафиёни олам Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит, 5500-солагии Саразми бостонӣ, 700-солагии шоири ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ ва дигар чорабиниҳо вусъати ҷаҳонӣ пазируфт. Дар натиҷа, имрӯз ҷаҳониён Тоҷикистони азизи моро чун кишвари соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳан, миллати тоҷикро тавассути ташаббусҳо ва хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат чун миллати эҷодкору созанда шинохта, ба мақому нуфузи Тоҷикистон дар раванди созандагӣ ва пешрафти ҷаҳони муосир арҷ гузоштанд.
Пешвои миллат бо ишора ба арзишу аҳамияти суннатҳои неки гузаштагон дар тарбияи маънавию ахлоқии мардум барҳақ таъкид намудаанд: «Миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд».
Дар ин замина, аз ҷониби созмони бонуфузи СММ ҳамчун Ҷашни байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз, шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангофару бунёдкори мо ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт. Ба ибораи дигар, ҷаҳонӣ гардидани ин Ҷашни аҷдодӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар шароити кунунӣ, воқеан ташаббусҳои Cарвари давлати мо ҳамчун ибтикори инсонгароёна ва ифодагари ниёзҳои башарият аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи самимӣ пайдо намуда, мавқеъ ва мақоми кишвари соҳибтамаддуни моро дар арсаи олам боло мебардорад, зеро маҳз бо ташаббусҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлоли давлатӣ оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар тули асрҳо ваҳдати маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз нав эҳё гардиданд.   
Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимаи дунё ва дорои таърихи беш аз 6000-сола буда, ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ соҳиби саводу қалам, девону дафтар, илмдӯсту адабпарвар, давлатсозу давлатдор, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне фарҳангиву тамаддунсоз ва ободкору созанда ба шумор мераванд.
Вобаста ба ин,  дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ба омӯзиш ва таҳқиқи таърихи забон ҳамчун воситаи муҳимтарини шинохт ва муаррифии миллат таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар даврони истиқлол он ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста пайдо кард. Интишори китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар робита ба сайри таърихии забони тоҷикӣ ва рушди он аз замони қадим то имрӯз баҳс мекунад, бори дигар собит сохт, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба тақдири забони давлатӣ ва рушди он бетаваҷҷуҳ набуда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои саривақтӣ ва зарурӣ меандешанд. Бояд гуфт, ки ҳадафи Сарвари давлат аз чунин ташаббусҳо тақвият бахшидани ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ  ва  омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон дар байни аҳли ҷомеа ва, бахусус ҷавонони ояндасози миллат мебошад. 
Боиси ифтихор аст, ки соли равон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар соли 2023 баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” ба тасвиб расид, ки мақсади асосии он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик дар тули таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва, ба ин васила, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният ба ҳисоб меравад. 
Ба ин маънӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарваре дар таърихи навини тоҷикон маҳсуб мешаванд, ки дар худшиносиву худогоҳии миллат марҳилаи комилан тозаеро эҷод намуданд ва мақоми тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ воқеан, боло бурданд.  Таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ноил шудан ба Истиқлоли давлатӣ равобити халқи тоҷик бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои он бо мамолики гуногуни олам маҷрои куллан тоза пайдо карда, андешаи миллии тоҷикон дар заминаи асолати таърихӣ, арзишҳои маънавӣ ва мероси фарҳангӣ рушди фарогир пайдо намуд.
Натиҷаи ҳамин ташаббусҳо ва талошҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки 6-уми августи соли 2021 дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ  ва бо қарори муштараки роҳбарони ин давлатҳо барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ нахустин мукофоти олӣ – “Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ” дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда шуд. 
Имрӯзҳо сокинони хушбахти Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагӣ зиндагии хуррамона ба сар бурда, дар партави дастуру супоришҳои созанда, дурандешона ва ободкоронаву созандаи Сарвари давлат барои бо дастовардҳои сазовори меҳнатӣ истиқбол намудани Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи мамлакат сарбаландона ва дилпурона  меҳнат карда истодаанд. 
Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро вазифадор менамояд, ки барои амалӣ гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумат тамоми неру, қудрат, тавоноӣ ва донишу таҷрибаамонро ба кор барем. 
 
Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 716
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед