logo

иҷтимоиёт

БЕМОРИИ ҲОРӢ. МУШКИЛОТ ВА РОҲҲОИ ҲАЛЛИ ОН

Бемории ҳорӣ (девонагӣ), ки, асосан, аз газидани саг пайдо мешавад, яке аз масъалаҳои доғест, ки боиси нигаронии мардуми ҷаҳон гаштааст. Афзудани теъдоди сагҳои кӯчагарду бесоҳиб, ки сабаби асосии сироятёбии бемории ҳорӣ мегардад, имрӯз мушкили ҷиддиву хатарзо ба саломатии ҷомеа ва ҳайвонот маҳсуб меёбад.           
 
ВАЗЪИ НОГУВОРИ ИН БЕМОРӢ ДАР ҶАҲОН
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола беш аз 55 ҳазор одам дар ҷаҳон, асосан мамлакатҳои рӯ ба тараққии Осиё ва Африқо, аз бемории ҳорӣ мефавтанд. Вазъияти ногувори ин беморӣ дар қитъаи Африқо ва баъзе мамлакатҳои Осиё мушкилоти ҷиддиро пеш овардааст. Масалан, дар Ҳиндустон беш аз 97 дарсади  ҳолатҳои гирифторшавӣ ба бемории ҳорӣ дар байни одамон аз газидани сагҳо ба амал меояд. Айни ҳол дар ҷаҳон зиёда аз 500 миллион саг мавҷуд мебошад. 
Ҳорӣ дар ҷаҳон васеъ паҳн шуда, объекти таваҷҷуҳи доимии созмонҳои байналмилалии тиббӣ ва байторӣ гаштааст. Бо мақсади табодули таҷрибаи байналмилалӣ оид ба ин беморӣ, ҳамасола дар кишварҳои Аврупову Осиё ва Амрико конфронсҳо доир мегарданд. Илова бар ин, 28  сентябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ҳорӣ эълон шудааст.
 
ҲОРӢ ЧӢ ГУНА БЕМОРИСТ?
Исмоил Андамов, сардори раёсати назорати байторӣ ва зотпарварии Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба ин масъала гуфт, ки ҳорӣ бемории шадиди хатарноки вирусии зоонозӣ буда, яке аз панҷ бемории сироятии барои одамон ва ҳайвонот маъмул аст. Манбаи асосии сироят, осеб дидан аз ҳайвоноти мубталои ҳорӣ мебошад. Беморӣ, яъне сироят, тавассути газидан ё осебрасонии ҳайвонот ба инсон ва ҳайвонот, вақти барангезанда ба сатҳи осебдидаи пӯст ё луобпардаҳо ворид шудан, сар мезанад. 
Ду намуди ҳорӣ вуҷуд дорад. Кӯчагӣ, яъне вақте ки беморӣ дар шаҳру деҳот мушоҳида шуда, сагу гурбаҳои бемор манбаи сироят мешаванд ва ҷангалӣ, вақте ки сироят дар муҳити табиӣ паҳн шуда, ҳайвоноти ваҳшӣ манбаи сироят мебошанд. 
Манбаъҳои аслии ин беморӣ дар кишвари мо ҳайвоноти ваҳшии даранда, аз қабили гург, шағол, дар баъзе маврид кӯршапаракҳо, хояндаҳо ва, ҳамчунин, ҳайвоноти хонагӣ, аз қабили гов, саг, гурба, хар, асп, бузу гӯсфанд мебошанд. 
 
АЛОМАТҲОЕ, КИ ДАР БЕМОР ПАДИД МЕОЯНД   
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, вақте ки ташхис дар ҳайвоноти бемор тасдиқ мешавад, беморро дар як ҳуҷраи алоҳида ҷойгир намуда, кӯшиш кардан зарур аст, ки ба бемор камтар фишор оварда шавад.  Сарчашмаи беморӣ ҳайвоноти бемор буда, баъди газидани онҳо вирус ба бадан дохил мешавад ва микдори он зуд инкишоф ёфта, тавассути торҳои асаб ба майна ҳаракат мекунад. Марҳилаи ибтидоии беморӣ то 3 рӯз давом мекунад, шумораи вирусҳо зиёд мешавад, ҳарорати бадан то 37,2 - 37,3 дараҷа баланд, аломатҳои нотавонӣ ва бемадорӣ мушоҳида мешаванд. Марҳилаи инкишофи интенсивии беморӣ аз 2 то 4 рӯз давом мекунад.                         
 
ВАЗЪИ КУНУНИИ ЭПИЗООТӢ ДАР ҶУМҲУРӢ
Тибқи маълумоти мақомоти назорати байторӣ ва санитарию эпидемиологии кишвар, аз солҳои 1996 то соли 2020 аз маводи патологӣ гирифташуда 2 720 ҳолати ошкор намудани ангезандаи бемории ҳории ҳайвонот ба қайд гирифта шуда, дар ин давра 319 нафар аз бемории ҳорӣ (гидрофобия) фавтидааст.
Бино ба маълумоти оморӣ, вазъи эпизоотӣ дар Тоҷикистон нисбати бемории  ҳорӣ дар байни ҳайвонот нисбат ба соли гузашта ва даҳ соли охир мусоид арзёбӣ гашта, коҳиш ёфтааст. 
 
БЕЗАРАРГАРДОНИИ ҚАРИБ 6 ҲАЗОР ҲАЙВОНОТИ БЕСОҲИБ ВА ДАЙДУ ДАР ЯК СОЛ 
Аҳлиддин Хоҷаев, сардори шуъбаи истифодабарии хоҷагии  манзилию коммуналӣ, гармидиҳӣ ва механикии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” барои ҳалли масъалаи безараргардонии ҳайвоноти бемор ва дайду тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Корхонаҳои хоҷагии манзилию коммуналии зертобеи корхона  дар маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бригадаҳои махсус ташкил карда, дар якҷоягӣ бо шуъбаҳои корҳои дохилӣ, ташкилотҳои санитарию эпидемиологӣ ва гурӯҳҳои дезинфексионии минтақавӣ оид ба нест кардани сагҳои дайду ва дигар намуди хазандаҳои зараровари сирояткунанда фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Ин аст, ки ҳамасола бо дастгирии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо аз 5 то 6 ҳазор сар сагу гурбаҳои бесоҳибро дар ҷойҳои махсус безарар мегардонанд.
- Мутаассифона, омилҳои аз дигар деҳоти дурдаст ба маркази шаҳру ноҳияҳо оварда партофтани сагу гурбаҳо ба назар мерасанд, ки ин боиси зиёдшавии шумораи онҳо дар маркази шаҳру ноҳияҳо ва халалдор гаштани кори корхонаҳои коммуналӣ гашта, хавфи барангехтани вазъи эпизоотӣ нисбати бемории ҳориро дар ҳудуди кишвар зиёд намуда истодааст, - мегӯяд А. Хоҷаев.
 
ТАДБИРҲО ОИД БА НИГОҲ ДОШТАНИ ВАЗЪИ МУЪТАДИЛИ ЭПИЗООТИИ ҶУМҲУРӢ
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷумҳурӣ маърифати санитарии парвариш ва нигоҳубини ҳайвонот, махсусан сагу гурбаҳо, риоя намешавад. Айни замон ин беморӣ дар тамоми манотиқи кишвар ба қайд гирифта шуда, паҳншавии васеътари он аз эҳтимол дур нест.  
Баҳисобгирӣ ва бақайдгирии сагу гурба (паспортизатсия) яке аз усулҳои асосии мубориза ва кам кардани мубталошавӣ ба бемории ҳорӣ буда, ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст. Эмгузаронӣ байни сагу гурбаҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Гулистон ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Афсӯс, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳо ин чорабинӣ дар сатҳи зарурӣ  гузаронда намешавад.
Хулоса,   сабабҳои асосии паҳншавии ин беморӣ байни ҳайвонот ва сироятёбии одамон, пеш аз ҳама, паст будани маърифати санитарии аҳолӣ, риоя накардани қоидаҳои муносибат бо ҳайвонот, зиёд шудани шумораи сагу гурбаҳои бесоҳиб, сари вақт нагирифтани ёрии аввалияи тиббӣ мебошад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 1185
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед