logo

ҳуқуқ

ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ. ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА ПЕШОҲАНГ БОҚӢ МЕМОНАД

Терроризм ва ифротгароӣ солҳои охир ба яке аз мушкилоти сиёсиву амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба назари сиёсатшиносон ва аҳли фарҳанги сиёсӣ, зуҳуроте, ки чун вабои аср эътироф шудааст, ба ҳастиву саломатии банӣ-башар таъсири манфӣ мерасонад ва ҷой доштанаш дар миқёси ин ё он минтақа ва ё кишвар гувоҳ аз оқибатҳои фалокатбори он медиҳад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдид эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо зуҳуроти мазкур ва манбаъҳои маблағгузории онҳо тадбирҳои муассирро роҳандозӣ карда истодааст. Дар кишвар ҳама гуна маблағгузории терроризм ҷиноят эътироф гардидааст, ки ин далелҳо аз фаъолияти судманди Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор шаҳодат медиҳанд.
Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин  натиҷа  расид,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як кишвари пешоҳанг дар ҳалли муҳимтарин масоили байналмилалист. Ҳамин  аст, ки 18–19 октябри соли 2022 шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо»-ро мизбонӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин Конфронси байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот дар саросари олам мужда хоҳад дод, зеро дар нишастҳои қаблӣ намояндагони воломақоми хориҷӣ ин амрро эътироф намуда буданд. 
Мо – ҷавонон, тариқи расонаҳои хабарӣ огоҳем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар доранд. Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.
Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонон аз ин зуҳуроти нангини асрӣ худро дур гирифта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.
 
Х. АЛИШОЕВ, 
мудири кафедраи молия 
ва андозбандии ДБССТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 1623
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед