logo

иҷтимоиёт

АЗ ИХЛОС ТО АРЗИ СИПОС ВА Ё ЧАНД СУХАН АЗ ҶАРАЁНИ КОРИ КОРМАНДОНИ САҲШ-И ВИЛОЯТИ СУҒД

Як ташрифи камина бо зарурати кори шахсие ба САҲШ-и вилояти Суғд таассуротамро аз ин ниҳод комилан ба хубӣ тағйир дод. Ба мушоҳида расид, ки давоми рӯз теъдоди муроҷиаткунандагон вобаста ба масоили гуногун: тағйири ному иваз кардани ҳуҷҷат, оид ба ақди никоҳу гирифтани зоднома, оид ба  ҷудошавӣ, аризадиҳӣ ҷиҳати никоҳ ба даҳҳову садҳо мерасад, вале масъулони ин ҷо, шуруъ аз сардори САҲШ-и вилоят Лола Файззода то дигар кормандони шуъбаҳо,  бо ниёзмандон, бешубҳа, дар сатҳи баланди фарҳангӣ муошират мекунанд. 
Аз он ки дар қабулгоҳ одамони зиёди касбу кори гуногун дар навбатанду аз ҳамаи  шаҳру навоҳии вилоят, дурдасттарин деҳот бо муроҷиат омадаанд,  касеро асабӣ намесозад. Сардор  Лола Файззода бо сабуриву таҳаммулу меҳрубонӣ ҳар нафари онҳоро пазироӣ кардаву бо таваҷҷуҳи зиёд арзашонро гӯш мекунаду ҷиҳати баррасӣ  аз  пайи он мешавад. Бо меҳру самимият, бо муҳаббат номи ҳар кормандро ба забон оварда, дидану ҳаллу фасли ҳар муроҷиатро мусоидат мекунаду роҳҳои ҳаллу баррасияшро нишон медиҳад. Давоми чанд бори дигари  ба ин ниҳод омаданам, боре ҳам ба мушоҳида нарасид, ки нафаре аз дуруштии сардору дигар кормандони САҲШ-и вилоят шикоят кунаду аз қабул норизо  рафта бошад. 
Ҳамин  муҳити кориро дар аксари бахшҳои  шаҳру навоҳии вилоят мушоҳида кардан мумкин аст. Албатта,  ин самари кори хуби ташкилӣ, масъулияти баланду  мутобиқ ва ё ҷавобгӯйи  талаботи рӯз асту саҳми муассири  сардори  вилоятии САҲШ  Лола Файззода маҳсуб меёбад. Мехоҳам  барои муҳайё кардани чунин муҳиту фазои солим  дар иртибот ба қабули шаҳрвандону шунидани арзи онҳо сипос гӯяму дар фаъолияти минбаъдаи корашон  муваффақият таманно намоям.   
 
У. ЭРКАЕВ, шаҳри Хуҷанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 799
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед