logo

иҷтимоиёт

АСЛИГУЛ ТИЛЛОХОНОВА – МУБАЛЛИҒИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАҲОН

Аслигул Тиллохонова, тоҷикдухтари 26-сола, дар Озмуни байналмилалии забони англисӣ ва арабӣ, ки дар Донишгоҳи Ал-Азҳари пойтахти Миср – шаҳри Қоҳира баргузор гардид, байни 43 давлат бо панҷ забон ойину фарҳанг ва расму русуми Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, соҳиби ҷоиза ва диплом гардид. 
Аслигул Тиллохонова зодаи яке аз минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон, водии Вахон аст. Ӯ ба забономӯзӣ аз хурдӣ шавқи беандоза дошт, аз ин рӯ, баъди хатми мактаби миёна барои касби илм соли 2014 ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, ин даргоҳро бомуваффақият хатм кард. Мудом ҷӯёи илму дониш буд ва дар пеши худ ҳадаф гузошт, ки то чанд забони хориҷиро аз худ кунад. Ин буд, ки барои гирифтани маълумоти дуюм ба факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шуда, онро низ ба итмом расонд. 
Соли 2017 тариқи барномаи Flex дар Конфронси забондонони дунё (Вашингтон, ИМА) байни 35 давлат мақоми сеюмро гирифт. Аслигул боифтихор аз рафти Конфронс нақл мекунад: «Вақте бори аввал дар Конфронс иштирок кардам, ҳаяҷон вуҷудамро фаро гирифта буд ва аз он метарсидам, ки ба иштибоҳе роҳ надиҳам. Иштирокдорони дигар миллатҳо дар бораи Ватану миллату фарҳангашон бо маҳорати хос сухан мегуфтанд. Ин ҳамаро шунида дар худ ҷуръат пайдо кардам ва тасмим гирифтам, ки бе ҳарос ва як ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ Тоҷикистонро муаррифӣ мекунам. Хушбахтона, ҳамон тавре шуд, ки худ мехостам». 
Бояд зикр намуд, ки Аслигул бо 5 забон – англисӣ, русӣ, олмонӣ, арабӣ ва фаронсавӣ расму русуми минтақаҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.
Ӯ сафар ба Миср ва иштирок дар Озмуни мазкурро таҳаввулоти бузурге дар зиндагии хеш мешуморад ва аз ин ба баъд мехоҳад ҳарчи бештар дар озмуну конфронсҳои байналмилалӣ ширкат намуда, хештанро дар саҳнаҳои гуногуни рақобат санҷад ва дар ҷодаи касб кардани донишҳои нав обутоб ёбад. 
- Забономӯзиам ҳеҷ гоҳ бо гирифтани ҷоизаву диплом қатъ намегардад, ин ҳоло оғози кор аст. Мақсаду талошам ғолиб омадан набуд, танҳо мехостам дар қатори дигар давлатҳо Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоям, бар ин ҳадафи хеш ҳам расидам, - гуфт бо ифтихор Аслигул Тиллохонова.
Дар партави таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯхтани забонҳо ва ҳарчи бештар рӯ овардан ба илму дониш воситаи беҳтарини муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Президенти кишвар дар ҳар баромаду суханрониҳояшон, аз ҷумла дар мулоқот бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (27 сентябри соли 2022), ба зарурати такмили таълими забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, русӣ ва англисӣ дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ изҳори назар намуданд, ки он барои рушду оммавигардонии омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мамлакат заминаи боэътимоде хоҳад гузошт ва ба Аслигул монанд ҷавонони зиёде дар оянда Ватанро дар озмунҳои гуногун намояндагӣ хоҳанд кард.
 
Оламбегими НЕКҚАДАМ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 821
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед