logo

иҷтимоиёт

ЗАБОНИ МО ҶАҲОНИ МОСТ!

 
Забони мо ҷаҳони мост ёрон,
Чароғи дудмони мост ёрон.
Варо чун дида бояд парваридан,
Ки нури дидагони мост ёрон.
Ҳамаи мо хеле хуб медонем, ки забон ҳастии миллат буда, касе забони модарии худро бо тамоми паҳлуяш аз худ намояд, омӯзишу фаҳмидани забони дигар низ барояш осон мегардад. Чуноне мегӯянд: 
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Дар назари аввал ҳамагон чунин андеша доранд, ки забони модариро медонанд, вале як чизро дарк намекунанд, ки гуфтугӯи одӣ ин забондонӣ нест. Забондонӣ омӯзиши амиқро аз кас талаб мекунад. Бинобар ҳамин, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки забонро аз гуфтугӯи одӣ фарқ намоем.
Забони тоҷикӣ забони хеле бою ғанӣ ва зебою шевост. Мо вазифадорем, ки онро дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои рушду нумӯяш саҳмгузор бошем. Зеро:
Баҳри ман танҳо забони модарист, 
Ҳамчун шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест – нест, 
Чунки меҳри модар аст.
Бале, ҳар миллат бояд забони модариашро дӯст дорад ва онро муқаддас дорад. Гарчанде дар тули асрҳо аҷнабиён ва душманони хориҷиву дохилӣ чандин маротиба ба ин забон фишор  оварда бошанд ҳам, на юнониву на араб, на турку муғул ин забонро аз байн бурда натавонистанд. Бузургии забон аст, ки оламиён Абуабдуллоҳи Рӯдакиро бо мутолиаи осораш шинохтаву одамушшуаро унвонаш карданд. Дар тули асрҳо баъди пароканда шудани Давлати Сомониён, ба сари мардуми тоҷик қавму қабилаҳои гуногун ҳоқимият карданд, вале маҳз ба шарофати забони шевою гӯёямон халқи тоҷик аз байн нарафт. Имрӯзҳо, ки падидае бо унвони ҷаҳонишавӣ тамоми мамлакатҳои мустақил ва номустақилро ба гирдоби худ кашидан дорад, ягона василаи нигоҳ доштани ҳувияту худшиносии миллӣ ин, пеш аз ҳама, забони модарист. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзу гиромидошти забони модарӣ таваҷҷуҳи хосса доранд. Ба таъкиди  Сарвари давлат халқ, давлат дар он вақт зинда мемонад, ки забонаш зинда бошад.
Дарвоқеъ, забон қиматтарин ганҷи миллат асту дар пайкари ҳастӣ шарораи муҳаббати ҷовидона. Забон пояи мустаҳкам ва як рукни давлатдорист. Он дирӯзро бо имрӯз ва фардои наслҳо мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони модарии худро дӯст медорем. Забоне, ки бо шири модар, бо аллаҳои ширину навозишҳои гарми ӯ дунёи ҳастиро баҳрамон рангин намудааст.
Бинобар ин, моро лозим меояд, ки бо ҳар васила дар рушду такомули забони адабии тоҷик саъю талош намоем ва қарзи фарзандии хешро дар назди Ватану миллат адо намуда, барои наслҳои оянда намунаи ибрат бошем ва бо ин амали некамон руҳи ниёгонамонро пос дорем.
 
Забони модарии мо дарӣ аст,
Ба шир омехта бас шакарӣ аст.
Дар он оҳангҳои чашмасорон,
Равон монанди дарёҳо сарӣ аст.
Ба ҳиммат кӯҳро монад каломаш,
Ба қимат мисли кори заргарӣ аст.
Ҳама меҳри Ватан хезад зи ҳарфаш,
Ба вазни «Шоҳнома» лашкарӣ аст.
 
Матлуба РАҲМОНОВА, 
омӯзгори кафедраи забонҳои Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2022    №: 189    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед