logo

Хабарҳо

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР КИШВАР ТАНТАНА ДОШТ

1 октябр маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо тантанаи хос ва руҳияи ватанпарастӣ оғоз шуд. Дар рӯзи аввали даъват теъдоди зиёди ихтиёриён – ҷавонони синну соли даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, довталабона ба Артиши миллӣ пайвастанд. Дар рӯзи нахуст, аллакай, ВМКБ, навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Данғара аз иҷрои нақша паём доданд. 
 
Дар ҳамаи манотиқи кишвар бахшида ба оғози мавсими  даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ – Рӯзи даъватшаванда баргузор гашт. Дар амфитеатри «Аҳорун»-и шаҳри Душанбе бо ширкати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, даъватшавандагон, волидони онҳо чорабинии бошукӯҳ доир шуд. 
- Имрӯз эҳсос шуд, ки ҷомеа мо, хусусан - ҷавонон аз худ ташаббуси волои ватандӯстиву меҳанпарастӣ нишон дода, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит намуданд, - гуфт муовини раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода. 
Хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раҳмони Гулзор иттилоъ дод, ки дар ин минтақаи дурдаст (шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Роштқалъа, Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Мурғоб) маъракаи даъвати ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзи аввал ба анҷом расид. Қабл аз оғози маросими гусели наваскарон, дар маркази вилоят – шаҳри Хоруғ роҳпаймоии оммавӣ бо иштироки қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.
– Мо ифтихор аз он дорем, ки ҳамасола шаҳру ноҳияҳои вилоят нақшаи даъватро дар рӯзи аввал иҷро менамоянд. Ин анъанаи нек дар маъракаи имсола низ риоя гардид ва итминони комил дорем, ки он минбаъд низ идома хоҳад ёфт. Чунин масъулиятшиносӣ ва ҳувияти баланди ҷавонони вилоят борҳо аз ҷониби Пешвои миллат баҳои сазовор гирифтааст, - гуфтааст тибқи иттилои манбаъ раиси вилоят. - Вазъи печидаи имрӯза моро водор месозад, ки баҳри ҳифзи Ватан, таъмини сулҳу субот, амнияти давлату ҷомеа ва меҳнати созандаву зиндагии шоистаи худамон ҳамеша омода бошем.
Дар навоҳии минтақаи Рашт низ маросими гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо баргузории ҳамоишҳои тантанавӣ сурат гирифт, ки дар хотири наваскарон ва наздикони онҳо боқӣ хоҳад монд. Дар чорабиние, ки дар  қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ноҳияи Рашт баргузор гашт, ноҳияҳои Сангвор,  Лахш, Тоҷикобод,  Нуробод ва Рашт аз иҷрои нақша паём доданд. 
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд навишт, ки диловарони деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз аввалинҳо шуда, даъвати ҳарбиро иҷро намуданд. 
Ба муносибати гусели даъватшавандагон дар Ворух ва Чоркӯҳ, инчунин, маркази шаҳри Исфара ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Зикр шуд, ки ҷавонони далеру шуҷои Воруху Чоркӯҳ дар ҳимояи марзу буми Меҳан ҳамеша дар сафи пеш қарор доранд. 
Ба иттилои раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон, нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳия дар рӯзи аввал иҷро шуд. Бахшида ба ин дар ноҳияи Данғара ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид. 
 
М. МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2720
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед