logo

Хабарҳо

РӮДАКИШИНОСӢ РЕША БА УМҚИ ТАЪРИХ ДОРАД. ГИРОМИДОШТИ ШОИРИ ОЛАМШУМУЛ ДАР КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

 
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба хотири гиромидошти устод Рӯдакӣ мизи гирд доир гардид. Дар он асари арзишманди донишманди маъруфи Эрон Сайид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ» рӯнамоӣ шуд. Ин асари калонҳаҷм пажӯҳиши бунёдӣ буда, аз 746 саҳифа иборат аст.
Рӯдакишиносӣ реша ба умқи таърих дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон он бештар рушд кард. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид. Муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода таваҷҷуҳи ҳозиронро ба муҳимтарин тадқиқоти Сайид Нафисӣ ҷалб намуда, зикр сохт, ки рӯдакишиносӣ як бахши муҳими таҳқиқу таҳлил гардидааст. 
– Заминаи  тарҳ ва омода намудани ин асари нафиси устод Саид Нафисӣ дар ҷашни бошукӯҳи тамаддуни орёиҳо ва шашумин Анҷумани тоҷикон  ва  форсизабонони  ҷаҳон – «Пайванд» бо илҳом аз суханони Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар боби мақому ҷойгоҳи Рӯдакӣ ироа фармуданд, гирифта шуд. Ҷаноби Президент, ҳамчунон, аз донишмандони дохилию хориҷӣ даъват ба амал оварданд, то ҷиҳати ҳар  чи  бошукӯҳтар баргузор шудани ин ҷашн дар соли 2008 ва таҳқиқу нашри ашъори Рӯдакӣ саҳми хешро бигузоранд, – гуфт Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, мураттиб ва муҳаррири нашри тоҷикии китоб.
Доктори илми филология, профессор Абдунабӣ Сатторзода ёдовар шуд: «Таърихи ҳазору садсолаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосирон ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихории қофиласолори назми форсӣ, соҳибқирони шоирон, султони шоирон, муқаддумушшуаро, одамушшуаро ёд мекунанд. Имрӯз, бегумон, Рӯдакӣ симо ва муаррифгари миллати мост ва пажӯҳиши аҳволу осори ӯ баҳри равшантар кардани таърихи забону адаби мо судманд аст.  Аксари донишмандони дохилу хориҷи кишвар рӯдакишиносиро баробари тоҷикшиносӣ медонанд, ки ҳақ асту рост».
Ҳамчунин, Ортиқи Қодир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, атрофи симои Рӯдакӣ дар саҳнаи театри тоҷик ҳарф зада, аз эҷодиёти чакомасарои аҳди Сомониён шеърҳо қироат намуд.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3356
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед