logo

сафарҳо

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

САРДХОНАИ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ҲОҶӢ КАМОЛ”
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сардхонаи Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Сардхонаро дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” Ориф Камолов дар масоҳати 0,3 гектар бунёд кард.
Иншооти мазкур бо технологияи муосир, аз ҷумла яхдонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз буда, барои нигоҳдории 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ гардидааст. Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки дар сардхона насб шудаанд, имконият медиҳад, ки меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ беталаф нигоҳ дошта шавад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии мазкур 500 гектар боғи ангур дорад ва меваи ҷамъоваригардида дар ин сардхонаи замонавӣ ҷой карда мешавад.
Хоҷагии деҳқонии "Ҳоҷӣ Камол" дар як сол 15 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъ меоварад. Боғдорони хоҷагӣ ангурро, асосан, ба Федератсияи Россия, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот менамоянд. Ҳоҷагӣ имконияти дар сардхона нигоҳ доштани то 4 ҳазор тонна ангурро дорад. Таҷрибаи бою ғании парвариши ангур аз афзалиятҳои токпарварони Хоҷагӣ ба шумор рафта, онҳо барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли мева ва захираи он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳида буда, дар ҳар яки он имкони ғунҷондани то 100 тонна молу маҳсулот мавҷуд аст. Айни замон дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” шаш навъи ангури аълосифати серталабот парвариш меёбад.
Президенти мамлакат бо шароит ва технологияи сардхона шинос шуда, бунёди онро ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот, бахусус ангур ва дар тамоми фасли сол таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли ватанӣ муҳим ва зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 62 сардхона мавҷуд аст, ки дар онҳо бештар аз 20 ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ захира мегардад. Мавриди зикр аст, ки оянда дар шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории 100 ҳазор тонна ангур боз сардхонаҳои муосир бунёд мешаванд. 
 
МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 92 
3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 ба номи Камолиддин Мадумаровро ба истифода доданд.
Бинои нави таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир барои 1300 нафар хонанда дар ду баст бунёд ёфт. Лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ “Арк Лоиҳа” таҳия гардида, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд анҷом доданд. Масоҳати умумии иншоот 37 садяк буда, бинои таълимӣ дар майдони 765 метри мураббаъ қомат меафрозад.
Муассисаи нави таълимӣ аз ду ошёна, 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фанни химия, физикаю биология бо озмоишгоҳҳо, математика, технологияи иттилоотӣ ва таълими меҳнат иборат мебошад. Ҳамчунин, дар он барои роҳбарият ва омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуд. Барои таълиму тарбияи хонандагон 38 омӯзгори ботаҷриба  ба  кор  ҷалб  гардид. Боргоҳи маърифат, инчунин, дорои майдончаи варзиши тобистона, толори барҳавои варзиш бо 250 ҷойи нишаст ва ошхона барои хонандагону омӯзгорон мебошад.
Бинои муассисаи таълимӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” Муҳаммадамин Камолов эъмор гашт. Китобхонаи муассисаи таълимӣ бо адабиёти зиёди дарсӣ ва бадеӣ таъмин аст. Иншоот дорои маркази гармидиҳист. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо имконияту шароити донишомӯзии муассисаи тозабунёд, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва масъулонро ҷиҳати равона намудани талоши бештар дар самти беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва таҳкими ғояҳои ватандӯстиву худшиносии насли наврас ҳидоят намуданд.
Ифтитоҳи бинои нави таълимӣ барои аҳолии 2500 нафараи деҳаи Янгибоғи деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода, ки то имрӯз фарзандонашон дар мактаби деҳаи Заркамар таҳсил мекарданд, туҳфаи арзишманд маҳсуб меёбад.
 
БОЗДИД АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “ВАТАН” 
3 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.
Ҳадафи сафари Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Турсунзода ва ташриф ба Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шиносоӣ аз рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ, татбиқи супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, бунёди боғҳои наву барқарорсозии боғҳои куҳна, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти меваҷот ба хориҷи мамлакат мебошад.
Дар Хоҷагии “Ватан”, ки  соли 2008-ум таъсис ёфта, дорои 45 гектар замин мебошад, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур ва сабзавот,  шинос шуданд. Хоҷагӣ 165 нафар саҳмдоронро сарҷамъ намуда, дар токзори он  асосан, ангурҳои навъи “Президент”, “Истиқлол”, “Ҳусайнӣ”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиш” парвариш мешаванд. 
Роҳбарии Хоҷагии “Ватан”-ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба уҳда дорад. Хоҷагӣ 105 гектар замин дорад ва 95,6 гектари онро токзор ташкил медиҳад. Коргарони Хоҷагӣ аз ангурҳои навъи “Президент”, “Ғалаба”, “Шоҳона”, “Пешпазак” ва “Кишмиш” ҳосили хуб ба даст меоранд.
Тибқи маълумоти боғдорон, 70 дарсади заминҳои токзорро ангури навъи “Ҳусайнӣ” ташкил мекард, вале бинобар талабот ба навъҳои боз ҳам беҳтари ангур боғдорон токзорро иваз карда, ба ҷойи “Ҳусайнӣ”  “Ламбарҷини” ва “Аватар”-ро, ки бештар барои содирот нигаронда шудаанд, шинонданд.
Дар токзор, ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ навъҳои “Чиликӣ” ва “Кардинал”, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд. 
Соли ҷорӣ, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, Хоҷагӣ беш аз 1750 тонна ангури хушсифатро ба хориҷи кишвар содирот намуд. Тибқи шартномаи ҳамкорӣ, боғдорон ангурро, асосан, ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон мефиристанд.
Таҷрибаи наве, ки дар Хоҷагӣ ҷорӣ шудааст, хушк кардани ангур мебошад, ки бо риояи технологияи махсус амалӣ мегардад. Асосан, боғдорон 50 дарсади ҳосили ангури навъи “Ғалаба”-ро хушк карда, ба хориҷи кишвар ва бозорҳои дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш мебароранд.
Дар Хоҷагӣ барои беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳамаи фаслҳои сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тоза сардхона бунёд гардида, ғунҷоиши он беш аз 600 тоннаро ташкил медиҳад. Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосил, бунёди боз як сардхонаи дигар бо ғунҷоиши 150 тонна идома дорад. Аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии “Ватан” дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмони деҳаи Янгибоғ бунгоҳи муосири тиббӣ бо тамоми таҷҳизот бунёд шудааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои кори боғдорон шинос шуда, барои парвариши ҳосили хуб, таъсиси ҷойҳои кор, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти Хоҷагӣ изҳори сипос карданд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2022    №: 190    Мутолиа карданд: 1552
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед