logo

фарҳанг

“ЗАБОН ДАР ПАНОҲИ ДАВЛАТ, ДАВЛАТ ДАР ПАНОҲИ ЗАБОН”

Бе ҳузури забони тоҷикии форсӣ, таърих, ташаккул, таҳаввул ва роҳи пуртазоди тайкардаи тоҷикон норавшан боқӣ мемонад. Барои миллати мо забон нахустунсури ҳастӣ ё худ ҳуҷҷати бунёди он арзёбӣ мешавад. Бо ин далел, аксари ҳуҷумҳои маънавиву идеологӣ сари забони мо сурат гирифтаанд, зеро мо ҳазору дусад сол боз қариб, ки бе истифодаи луғат онро мефаҳмему истифода мебарем ва ифтихор меварзем, ки ин забони доротарину бостонии дунёро дар решаву бунёди худ зинда доштаем. Воқеан ҳам, барои пажӯҳишгарону равшанфикрони хориҷӣ шигифтовар аст, ки чӣ гуна забони мо пас аз ҳамлаи юнониён, арабҳо, муғулҳову салтанати пурҷабри манғитиён, идеологияи коммунистӣ ҷон ба саломат бурда, ҳамеша забони расмии давлатҳои гуногун аз Варорӯд то кишвари Ҳинд будааст.
Ҷои зикри хос аст, ки бахусус чанд даҳсолаи охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо равшанфикрони бедори миллат корҳои натиҷабахши зиёд ба субут расонданд. Меҳру садоқати онҳоро нисбат ба Президенти мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста мушоҳида мекунем. Аз замоне, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон таъсис ёфт ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси ин анҷуман таъин шуданд, садҳо форсизабонони дунё аз кишвари мо дидан карданд, дар тарғиби дастовардҳои мо, адабиёту фарҳанг ва оину ҷашнҳои бостониамон саҳм гирифтанд. 
Дар ин росто, аҳамияти гуфтаи пурҳикмати Сарвари давлат: “Забон дар паноҳи давлат, давлат дар паноҳи забон” бештар мешавад ва ба як формулаи санҷидашудаи дифои забон табдил меёбад. То замоне ки давлат забони миллаташро аз ҳар ҷиҳат парасторӣ накунад, бо талоши танҳо қишри равшанфикр зинда мондани он дар гумон аст, зинда шояд монад, аммо мисли ятиме. Иқдому ибтикори Пешвои миллат дар ин самт ҷолиби таваҷҷуҳ аст. Аз таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кунем, шабакаҳои нави телевизиониву радиоӣ, то нашри осори бузургон, фарҳангу луғатномаҳо ва иншои китоби пурарзиши “Забони миллат – ҳастии миллат” (дар ду қисм). 
Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 октябри соли 2020 ҳангоми таҷлили Рӯзи забони давлатӣ бо аҳли зиё вохӯрда, бо як назокати хоси сиёсӣ таъкид варзиданд, ки ба ҷойи саргарм шудан дар сари баҳсҳои каммоя пояҳои забонро пурқувват кунем, ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни забоншиносӣ машғул шавем. Аз ин ҳама бармеояд, ки то давлату Ҳукумат забонро ба ҳимоят нагирад, кӯшишу талошҳои равшанфикрон мисли об дар ҳован кӯфтан аст. Маҳз ҳимояти Сомониён аз забону фарҳанг буд, ки Рӯдакиву Синову Носири Хусрав ба арсаи адабиёт омаданд. Барои ҳамин, мутафаккирони мо шамшеру қаламро якҷо васф кардаанд. Рӯдакӣ гуфта:
 
Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,
То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.
Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез,
Хуни аъдову ба тавқеи қалам деҳ рӯзӣ.
Мо ҷонпайвандии забон ва адабиётро хуб дарк мекунем, аммо бештари касон, ҳатто як зумра аҳли мактабу маориф нақши санъатҳои нафисаро дар рушди забон нодида мегиранд. Дар ҳоле ки рассомӣ, меъморӣ, кулолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ низ ба забону хатти мо хидмат кардаанд, беҳтарину пурарзиштарин катибаҳо тавассути деворанигораҳо ва дар рӯйи сангҳои гуногун то ба мо расидаанд. Аз санъатҳои зебо бештар аз ҳама, созу суруд барои равнақи забони тоҷикӣ нақш доштааст. Аз ҷумла, "Шашмақом" ва "Фалак" беҳтарин намунаҳои эҷодиёти шифоҳии мардум ва ғазалҳои намакинро то мо овардааст. Бо худ овардани матнҳои маънисаро, ташаккули завқи бадеӣ, роҳату осоиши равонӣ ва дигар паҳлуҳои санъати мусиқӣ як тарафи масъала, ба мағз-мағзи дилу ҷони халқ расондани вожаву ибораҳо бо тамоми кайфият ҷиҳати беҳтарину сутудании мусиқист. Ҳамон айём забон бо руҳи халқ ҳамоҳанг мешавад, ки миллат маҳз бо забони худ ишқ варзаду рақс кунад. Яъне, назокати мусиқӣ ва ғановати забон якҷо шаванд, ифодае ба вуҷуд меояд бо номи мусиқии забон. Мусиқии забон ҳатман шунавандаашро ба олами маънавии халқи худ мепайвандад.
Бубинед, устод Садриддин Айнӣ ба "Шашмақом", бавижа ба сурудҳои шашмақомсарои маъруфи миллат Ҳоҷӣ Абдулазиз ончунон дилбастагӣ дошт, ки таҳти танини оҳангу ашъори дилпазир беҳтарин асарҳояшро офаридааст.
Дар ин раванд театру синамо низ нақши калидӣ доранд. Дар сад соли охир ба санъати дерини мо театр, опера, синамо, радиову телевизион ва матбуот пайваст. Ин унсурҳои дар аввал ёрирасон ҳоло ба пурқудраттарин неруи тарғиби забон ва ба ниҳонхонаи дили халқ расондани забону адабиёт гардидаанд. Танҳо моро консепсияи фарогиру дақиқ лозим аст, то онҳоро ба пуштибонҳои ҳақиқии забони тоҷикӣ табдил диҳем. Бигзор, миллионҳо тоҷики дунё тавассути радиову телевизион ва матбуот забони моро омӯзанд. Дар ин маврид, ҳатто боз кардани шабакаҳои омӯзишии забони тоҷикӣ имкон дорад. Дар аксари маврид эҳсос мекунем, ки чунин занҷира ҳанӯз ҳам бофта нашудааст, ба ҳамдигар то чи андоза зарур буданашонро ин унсурҳо пай набурдаанд. 
Дар баробари талошҳои хастанопазири Сарвари кишвар барои таҳкими пояҳои забон равшанфикрон низ бояд дар талошу такопӯ бошанд, забони нобро ба насли оянда бо ҳама шукӯҳи ғановат бирасонанд. Барои ин, забон ороишу пероиш, сайқалу суфтагарӣ ва нигоҳубини вежа мехоҳад. Устод Бозор Собир гуфта: «Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард!». Ҳоло дар рӯзу рӯзгорони ободу осоишта обод накардани забон ва аз икмоноти истиқлол истифода набурдан гуноҳи нобахшиданист. Дар бораи забони миллӣ, ки решапайванди таъриху тамаддун, расму оини тоҷикон бо дунёст, чунон таҳқиқу омӯзиш гузарондаанд, рисолаву мақолаҳои алоҳида таълиф кардаанд, ки ҷамъугири он ҳама вазифаи аслии мост. Мо бояд он ҳамаро аз китобхонаҳои ҷаҳон, сомонаҳои интернетӣ ва аз дасти худи муаллифон ҷамъ оварда, тарҷумаву тасҳеҳ карда, пас аз интишор мухтасари онро ба забонҳои англисиву русӣ ва чинӣ чоп кунем. Дар субути ин кор фаъолияти пажӯҳишгоҳҳои алоҳида ва боз ҳам сарпарастии Ҳукумати ҷумҳуриро хоҳонем.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.10.2022    №: 190    Мутолиа карданд: 1121
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед