logo

Хабарҳо

ЛИГАИ ОЛӢ

 
Натиҷаҳои даври 16-ум
Бозиҳои даври 16-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид. Вохӯрии марказии давр байни тимҳои «Истаравшан» ва «Истиқлол» мусовӣ (1:1) хотима ёфт. 
Тибқи иттилои ЛФТ, «Хуҷанд» дар майдонаш ба дарвозаи «Файзканд» се голи беҷавоб зад.
Натиҷаи қувваозмоиҳои дигар: «Равшан-К» – «Регар-ТадАЗ» – 2:0, «Эсхата» – «Хатлон» – 0:0 ва КМВА –  «Равшан-З» – 1:2.
Ҳамин тавр, пас аз 16 давр «Истиқлол» (14 бозӣ) бо 31 хол дар садри ҷадвал қарор дорад. Дастаи «Равшан» бо 27 хол ва «Хуҷанд» бо 25 хол дар зинаҳои дуюм ва сеюманд.
 
 
 
ҶОМИ ОСИЁ – 2022
Дар даври 1/4 ниҳоӣ Тоҷикистон бо Таиланд бозӣ мекунад 
Дар бозии чорякниҳоии Ҷоми Осиё – 2022 оид ба футзал (Кувайт) тими миллии кишвар бо Таиланд (4 октябр) неру месанҷад. 
Футзалбозони мо дар бозиҳои гурӯҳӣ бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) ғолиб омада, аз Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда, ба даври плей-офф роҳ ёфт. 
Ёдовар мешавем, ки тими миллии кишвар пас аз 15 сол дубора ба марҳилаи 1/4 финал роҳхат гирифт. 
 
 
 
БАСКЕТБОЛ
Бонувони амрикоӣ – қаҳрамони ҷаҳон 
Баскетболбозбонувони ИМА дар зӯрозмоии ниҳоии Чемпионати ҷаҳон (22 сентябр – 1 октябр, Сидней, Австралия) мунтахаби Чинро бо ҳисоби 83:61 ноком сохтанд. 
Бар пояи маълумоти сомонаи championat.com, мунтахаби бонувони ИМА маротибаи чорум пайи ҳам чемпиони ҷаҳон шуданд. Қаблан, онҳо солҳои 2010, 2014 ва 2018 ғолиб омада буданд. 
Зинаи сеюмро мизбонон – Австралия ишғол кард. 
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5760
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед