logo

Хабарҳо

Машқҳои дастаҷамъии СААД дар Қазоқистон

 
МИР24. Дар ҷануби Қазоқистон машқҳои дастаҷамъии СААД оғоз ёфтанд. Амалиёти асосӣ дар машқгоҳи «Матибулоқ» дар минтақаи биёбони кӯҳсор сурат гирифт.  Шашу ним ҳазор низомӣ машқҳои махсуси гуногунро тамрин мекунанд. 
«Бори нахуст сохтори нави Неруҳои дастаҷамъии СААД, воҳиди муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвиву биологӣ ва таъмини тиббӣ ба амалиёти амалӣ ҷалб карда мешавад», – гуфт сардори ситоди муттаҳидаи СААД, генерал-полковник Анатолий Сидоров.
Марҳилаи фаъоли машқҳои СААД то 7 октябр идома хоҳад кард.  
 
 
Россия ва Беларус созишнома дар бораи уҳдадориҳои андозии мутақобила ба имзо расонданд
Мир24. Россия ва Беларус созишнома дар бораи уҳдадориҳои андозии мутақобила ба имзо расонданд. Ин санадро сарвазирони ҳукуматҳои ду кишвар Михаил Мишустин ва Роман Головченко дар пайи музокирот дар Москва имзо карданд.
«Бо вуҷуди вазъи душвори иқтисодии беруна ва буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ, гардиши мол миёни Россия ва Беларус афзоиши устуворро нишон медиҳад. Соли гузашта он ба натиҷаи рекордии 38,5 миллиард доллари ИМА баробар шуд. Дар моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ он боз 5 дарсад афзуда, ба 22 миллиард доллар расид. Содироти Беларус ба Россия бо суръати тезтар меафзояд – дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чоряк баробар, беш аз 10 миллиард долларро ташкил медиҳад», – гуфт Сарвазири Россия Михаил Мишустин.
“Борҳо гуфта будем, ки танҳо тавассути талошҳои муштарак метавонем ба таҳримҳо муқовимат кунем. Мо на танҳо муқобилат мекунем, балки дар ин шароити ба назар ниҳоят душвор, тиҷорати мутақобиларо бомуваффақият инкишоф дода, робитаҳои истеҳсолиро таҳким мебахшем ва занҷирҳои нави нақлиётию логистикиро ба вуҷуд меорем», – таъкид кард Сарвазири Беларус Роман Головченко.
 
 
Болсонару ва Лула да Силва ба даври дуюми интихоботи президентии Бразилия роҳ ёфтанд
Мир24. Даври аввали интихоботи президентии Бразилия 2 октябр барпо гардид, ки дар он Президенти собиқи кишвар Луис Инасиу Лула да Силва ва Президенти феълӣ Жаир Болсонару бо дарёфти қисми зиёди овозҳо ба даври дуюм роҳ ёфтанд. 
Барои ғолиб шудан дар даври аввал зиёда аз 50 дарсади овозҳоро гирифтан лозим буд, ки ба ҳеҷ яки онҳо муяссар нашуд. Бинобар ин, мардуми Бразилия дар даври дуюм президенти кишварро интихоб мекунанд.  
 
 
Арманистон ва Озарбойҷон созишномаи сулҳро баррасӣ намуданд
Lenta.ru. Вазири корҳои хориҷии Арманистон Арарат Мирзоян ва вазири корҳои хориҷии Озарбойҷон Ҷейҳун Байрамов дар Женева вохӯрданд.
“Тарафҳо дар бораи созишномаи сулҳи Арманистон ва Озарбойҷон, таъмини ҳуқуқ ва кафолатҳои амнияти арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ, аз ҷумла тавассути эҷоди механизми гуфтугӯҳо миёни Степанакерт ва Боку, табодули афкор карданд”,  –  омадааст дар гузориш. 
Илова бар ин, тавре ки дар Ереван мегӯянд, ҷонибҳо дар мавриди зарурати боз намудани масирҳои нақлиётӣ дар минтақа, ҳамчунин, ҷорӣ кардани “механизмҳои байналмилалии назорати вазъи марзӣ” ба мувофиқа расиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 5737
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед