logo

Хабарҳо

Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ

 
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон оли Сауд, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрд,- иттилоъ дод Вазорат.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.
 
 
Имзои созишномаҳои нав
Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва Созишномаи грантӣ (лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушдро ба имзо расонданд.
Ҳадафи ин лоиҳаҳо баланд бардоштани устувории роҳҳои муҳими автомобилгард ва пурзӯр намудани иқтидорҳо вобаста ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ мебошад. Арзиши лоиҳа 47,34 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, Созишнома оид ба маблағгузорӣ (лоиҳаи сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд имзо шуд. Арзиши он 45 миллион доллар мебошад.
 
 
Бо амри дил ба хизмати Ватан
Дар саҳни комиcсарияти ҳарбии вилояти Хатлон маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид. Нахуст, даъватшавандагон аз саҳни комиcсарият то майдони варзиши Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар даст шиору овезаҳои тараннумгари сулҳу ободӣ, ҳифзи Ватан бо руҳияи болида роҳпаймоӣ намуданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, баъди роҳпаймоӣ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронӣ ба ҷавонони далеру матинирода ва шуҷоатманди Хатлон, ки аввалин шуда барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариятҳои ҳарбӣ ҳозир гаштаанд, аҳсанту офарин хонд.
Ба иттилои комиссари ҳарбии вилоят Умед Солизода, рӯзи аввали даъват 1400 наваскар ба Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар шуд. Шаҳру ноҳияҳои Данғара, Вахш, Фархор ва Норак нақшаи даъвати наваскаронро аввалин шуда иҷро карданд.
 
 
Ба маълумоти беасос дода нашавед!
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷи-кистон дар Федератсияи Россия аз ҳамватанон даъват ба амал меорад, ки ба маълумоти бардурӯғ ва беасос вобаста ба даъвати шаҳрвандони хориҷӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Федератсияи Россия, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иғвоангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мегарданд, дода нашаванд.
Ба иттилои сомонаи Сафорат, шаҳрвандон бояд танҳо ба маълумоти расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.
 
 
Донишҷӯён ба ёрии сокинони зарардида рафтанд
Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 100 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати ёрӣ ба оилаҳои зарардида, ба деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара сафарбар гардиданд.
Сардори муассиса Аюб Усмонзода зимни гусели ҷавонон таъкид дошт, ки ташаббуси мазкур дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, раёсати Донишгоҳ ҷиҳати ёрӣ ба сокинони наздимарзӣ мунтазам тадбирҳои заруриро меандешад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 6115
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед